Унсурмаолии Кайковус

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Унсурмаолии Кайковус
Унсурмаолии Кайковус
Noimage.svg
Зодрӯз ибтидои асри XI
Зодгоҳ нохияи Кухистони Эрон
Даргузашт охири асри XI
Вазифа Шоир, адиби форсизабон

Унсурмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Кобус ибни Вушмагир дар ибтидои асри XI таваллуд шуда, то охирхои хамин аср умр ба сар бурдааст. У яке аз охирин намояндагони сулолаи Зиёриён аст, ки дар асрхои X-XI дар нохияи Кухистон, ки Табаристон, Гургон, Гелон, Рай, Дайламистон барин мавзеъхои кисмати шимолии Эронро дар бар мегирифт хукмрони доштанд.

Тарҷумаи ҳол[вироиш]

Бобои Кайковус Шамсулмаоли Кобус хам аз ахли илму фазл буда, донишмандону суханварони сохибистеъдодро пуштибони мекардааст. Тасодуфи нест, ки донишманди бузург Абурайхони Беруни яке аз маъруфтарин асархои худ Осорулбокия-ро бо эхтироми зиёд ба у бахшидааст. Худи Кобус ба ду забон-форсии дари (точики) ва араби эчод мекардааст, ки ашъори парокандаи дар сарчашмахо бокимонда ва рисолаи Камолулбалогат барин асархои у аз кобилияти хуби суханвариаш гувохи медиханд. Вай хамчунин дар хушнависи саликаву махорати баланд доштааст. Кайковус дар чунин мухит тарбият ёфта, хануз дар навраси илму хунархои гуногунро аз худ намуда буд. Чунон ки дар фасли «Андар парвардани фарзанд» бармеояд, падари Кайковус ба тарбияи у диккату гамхории зиёд зохир намуда, барои таълиму омухтани хар гуна касбу хунархо ба у мурабиёну устодони гуногунро сафарбар мекардааст. Маълум мегардад, ки Кайковус Гелоншох ном писаре доштааст. У бо максади тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба рохи неки зиндаги хидоят намудани вай дар сини 63-солаги ба навиштани насихатномае шуруъ мекунад, ки бо номи Кобуснома машхур аст. Кайковус насихатномаи худро барои адои «шарти падари» бо максади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлокиву тарбияви ва китоби бадеиву хондании хазорхо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии халкхои точику форс човидони сабт намуд. Инчунин Кайковус ба мохияти акл дар хастии инсон диккати чидди дода, онро сарчашмаи хамаи хислатхои хамида медонад ва роли бузурги тарбияву мехнатро дар такомули акли инсони таъкид месозад. Чунон, ки шаркшиноси маъруфи совети Е. Э. Бертельс хаккони кайд карда буд, “Кобуснома” на ба забони адабии эрони, балки бо забони адабии сокинони каламрави Сомониён, яъне точикон навишта шудааст. Кобуснома бо забонхои дигар низ тарчума шудааст, аз чумла турки, немиси, англиси, руси ва араби. Бо хуруфи имрузаи точики мунтахаби "Кобуснома" бори аввал соли 1968 аз тарафи адабиетшинос Девонакулов дар шакли китобчаи алоҳида тахти унвони “Насиҳатнома” нашр гардид. Нихоят бояд гуфт, ки ин асар бо номҳои гуногун аз кабили "Насиҳатнома", "Панднома", "Андарзнома" ёд мешавад.

Насри гузаштаи точику форс хам ба мисли назми оламшумули он таърихи анъанахои шоистаеро дорост. КобусномаУнсурмаолии Кайковус дар силки он дурдонахоест, ки зиеда аз 900 сол пеш аз ин эчод шуда, то имруз арзиши худро аз даст надодааст ва чилову дурахши пешинаашро гум накардааст. Аз ин китоб, ки пур аз панду андарзхои хакимонаву хикояту саргузаштхои ибратбахш иборат аст, чандин насл сабаки зиндаги омухта, дарси ахлоку одоби хамида гирифтаанд ва ба тарзи рузгордории гузаштагон шиносои пайдо карда, анъанахои неки онро давом додаанд.

Кобуснома аз 44 боб иборат буда, хар боби он ба яке аз масъалахои гуногуни ахлоку одоб, расму оин, маишату рузгордори, оилаву хонадори тахсилу таълим, омузиши касбу хунар, санъату варзиш, сиёсату идораи мамлакат ва дигар пахлухои зиндагии инсон бахшида шудааст. Унсурмаолии Кайковус пас аз бобхои анъанави, ки бо такозои мафкураи хукмрони замони у чанбаи дини доранд, аз боби панчум сар карда, таваччухи хонандаро ба шинохтани хакки падару модар чалб менамояд, аз фазилатхои асосии инсон – нутки саханвари ва некиву накукори мулохизахо баён мекунад. Кайковус баёнро аз мохияти инсон шуруъ намуда, дар бобхои гуногун дар бораи ташаккули фарзанд аз кудакиву чавони то пири ва аз омузиши илму пешахои гуногун, тадричан то ба дарачаи хукмрони мамлакат расидани у сухан меронад. Дар Кобуснома Кайковус пеш аз хама ба некиву накукори диккат медихад ва инро аз фазилатхои асосии инсон дониста, дар хар маврид талкин мекунад: «Аммо неки аз сазовори неки дарег мадор ва некиомуз бош… Ва бар неки кардан пушаймон мабош…» Дар бобхои гуногуни "Кобуснома" муаллиф чохили, фиреб, худписанди, бадгуи, кинаву бахилӣ, риёю ситам барин хислатхои зиштро махкам намуда, дустию некукори, ростиву чавонмарди, саховатманди, фурутани, беозори ва дигар фазилатхои хамидаи инсониро ситоиш ва талкин мекунад.

Гар бар сари мох барнихи пояи тахт,
В-ар хамчу Сулаймон шави аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт,
К-он мева, ки пухта шуд биафтад зи дарахт.

Бобҳои КОБУСНОМА[вироиш]

Дар манфиати сафар
Андар шинохтани хакки падару модар
Андар фурухтани ва афзунии хунар
Андар пеши чустан дар сухандони
Андар ёд кардани пандхои Нушервони одил
Андар тартиби пириву чавони
Андар хештандори ва тартиби хурдан ва оини он
Андар тартиби шароб хурдан ва шароити он
Андар мехмони кардан ва мехмон шудан ва шароити он
Андар махоз ва нарду шатранч ва шароити он
Андар ишк варзидан ва шароити он
Андар оини гармоба рафтан
Андар хуфтану осудан
Андар шикор кардан
Андар чавгон задан
Андар корзор кардан
Андар оини чамъ кардани мол
Андар амонат нигох доштан
Андар харидан ва шароити он
Андар оини укубат кардан ва авф кардан
Андар харидани асп
Андар зан хостан
Андар фарзанд парвардан ва оини он
Андар оини дуст гирифтан
Андар андеша кардан аз душман
Андар оини укубат кардан ва авф кардан
Андар толибилми ва факехи
Андар тичорат кардан
Андар тартиби илми тиб
Андар илми нучум ва хандаса
Дар оину расми шоири
Андар одоби хунёгари
Андар хидмат кардани подшох
Андар одоби надими кардан
Андар оини котиб ва шароити котиби
Андар шароити варзиши подшох
Андар расми сипахсолори
Андар оин ва шарти подшохи
Андар оину расми дехкони ва хар пеша ки дони
Дар оини чавонмарди

Дар манфиати сафар[вироиш]

Ҳикоят[вироиш]

Вакте раиси Бухоро касди хач кард. Ва у марде сахт мунъим буд ва дар он кофила касе аз у мунъимтар набуд ва афзун аз сад шутур бори у мекашиданд. Ва у дар амори нишаста буд ва хиромону нозон хамешуд дар бодия бо созу олати тамом. Ва кавме аз дарвешу тавонгар бо вай хамрох буданд. Чун наздикии Арафот бирасиданд, дарвеше хамеомад побарахна ва ташнаву гурусна ва пойхо обила карда. Раиси Бухороро дид бад- он сон созу таносои. Руй ба вай карду гуфт: -Вакти мукофот чазои ману ту-хар ду яке хохад буд. Ту дар он нозу неъмат хамеравиву ман дар ин шиддат. Раиси Бухоро гуфт: -Хошо, ки чазои ману ту харду яке бошад.ва агар манн бидонистаме, ки турову маро як пойгах хохад будан, харгиз дар бодия наёмадаме. Дарвеш гуфт: -Чаро? Гуфт: -Ман ба фармони Худо омадам ва ту ба хилофи фармон омади. Маро хондаанд, ман мехмонам ва ту туфайлии. Хашмати туфайли чун хашмати мехмон кай бошад. Худои таъоло хач тавонгаронро фармуд… ва ту бефармон… ба бечорагиву гуруснаги дар бодия омадаи ва Худоро дар тахлука андохти, бо фармонбардорон чун баробари куни?...

Андар шинохтани ҳаққи падару модар[вироиш]

Бидон эй писар, ки … аз мучиби хирад бар фарзанд вочиб аст худро хурмат доштан ва тааххуд кардан. Гуфт: -Панч хазор динори накд бидихам. Махол гуфт:-Ёфтам Фатхро зинда. Завраке биёваранд ва Фатхро бибуранд. Мутаваккил он чи малохро гуфта буд, бифармуд то дар вакт бидонанд. Вазирро бифармуд ва гуфт, ки дар хазинаи ман рав, харчи хаст, як нима ба дарвешон дех.

Он гох гуфт:-Таом оред, ки вай гуруснаи хафтруза аст.
Фатх гуфт:-Ё амирулмуъминин, ман серам.
Мутаваккил гуфт:-Магар аз оби Дачла сер шуди?

Фатх гуфт:-На, ки ман ин хафт руз гурусна набудам, ки хар руз бисто нон бар табаке нихода ба руи об фуру омади ва ман чахд кардаме то ду-сето аз он нон бигрифтаме ва зиндагонии ман аз он нон буди ва ба хар нон навишта буд: «Мухаммад ибни Ал-Хусайн Ал-Аксоф». Мутаваккил фармуд, ки дар шахр муноди кунед, ки он мард, ки нон дар Дачла афканд кист ва бигуед, то биёяд, ки амирулмуъминин ба у некуи хохад кард, то натарсад. Чунин муноди карданд. Рузи дигар марде биёмад ва гуфт:-Ман он кас. Мутаваккил гуфт:-Ба чӣ нишон? Мард гуфт:-Ба он нишон ки номи ман бар руи хар ноне навишта буд, ки Мухаммад ибни Ал-Хусайн Ал-Аксоф. Мутаваккил гуфт:-Нишон дуруст аст. Аммо чанд гох аст, ки ту дар ин Дачла нон меандози? Мард гуфт:-Як со аст. Мутаваккил гуфт:-Гарази ту аз ин чӣ буд? Мард гуфт:-Шунида Будам, ки неки куну ба об пато, ки рузе бар дихад. Ва ба дасти ман некии дигар набуд. Он чи тавонистам кардам, хаме кардам, то худ чи бар дихад. Мутаваккил гуфт:-Он чи шуниди, карди, бад-он чи карди, самара ёфти. Мутаваккил вайро дар Багдод панч дех мулк дод. Мард ба сари мулк рафт ва мухташам гашт ва хануз фарзандони у дар Багдод мондаанд. Ва ба рузгори Ал-Коим биамрилох ман ба хач рафтам. Эзиди таоло маро тавфик дод, то зиёрати худой бикардам ва фарзандони вайро бидидам ва ин хикоят аз пирои Багдод шунидам. Пас то битавони аз некуи кардан маёсой ва худро ба некиву накукори ба мардумон намой ва чун намуди ба хилофи намуда мабош. Ва ба зуфон дигар магуй ва ба дил дигар мадор то гандумнамои чавфуруш набоши.

Андар пеши ҷустан дар сухандони[вироиш]

Бидон эй Писар, ки ман ба рузгори Амир Буссавор он сол, ки аз хач бозомадам, ба газо рафтам ба Ганч,а ки газои Хиндустон бисёр карда Будам, хостам, ки газои Рум низ карда шавад. Ва Амир Буссавор подшохе бузург буд ва марде пойбарчой ва хирадманд ва одилу шучоъ ва фасеху мутакаллим ва покдину пешбин, чунон ки маликон сутуда бошанд. Ва хама чидд буди бе хазл. Чун маро бидид бисёр хашмат кард ва бо ман дар сухан омад ва аз хар навъе хамегуфт. Ва ман мешунидам ва чавоб хамедодам. Суханхои ман уро писандида омад. Бо ман бисёр кароматхо кард ва нагузошт ки бозгардам. Азбас эхсонхо, ки мекард бо ман, ман низ дил биниходам ва чанд сол ба Ганча муким шудам. Ва пайваста ба таому шароб дар мачлиси у хозир шудаме ва аз хар гуна суханхо аз ман хамепурсиди аз холи оламу мулуки гузашта. То рузе аз вилояти мо сухан хамерафт, аз холи нохияи Гургон аз ман хамепурсид. Ман гуфтам: -Ба рустои Гургон дехест дур кухи боя ва чашмаест аз дех дур. Ва занон, ки об оранд, чамъ шаванд, хар ка бо сабуй. Ва аз он чашма об баргиранд ва сабуй бар сар ниханд ва бозгарданд. Яке аз эшон бе сабуй хамеояд ва ба рох андар хаменигарад. Ва кирмест сабза дар заминхои он дех. Хар кучо аз он кирм хамеёбад аз рох ба як су хамеафканад то он занон ба он кирм наниханд, ки агар яке аз эшон пой бар он кирм нихад ва кирм бимирад, он об, ки дар сабуй бар сар доранд, дархол ганда шавад, чунон ки бибояд рехтан ва бозгаштан ва сабуй шустан ва дигарбора об бардоштан. Чун ман ин сухан бигуфтам, Амир Абуссавор руй турш кард ва сар бичунбонид ва чанд руз бо ман на бад-он хол буд, ки пеш аз он мебуд. То Пирузони Дайлам гуфт: Амир гилаи ту кард ва гуфт: «Фалон марде пойбарчоест. Чаро бояд ки бо ман сухан чунон гуяд, ки бо кудакон гуянд. Чунон мардеро пеши чу мане чаро дуруг бояд гуфт?» Ман дархол аз Ганча косиде фиристодам ба Гургон ва махзаре фармудам кардам ба шаходати кози ва Раису хатиб ва чумлаи удулу уламо ва ашрофи Гургон, ки ин дех бар чост ва холи ин кирм бар ин чумла аст. Ва ба чахор мох ба ин маъни дуруст кардам ва махзар пеши Амир Буссавор ниходам. Бидиду бихонд ва табассум карду гуфт:-Ман худ донам, ки аз чун туе дуруге гуфтан наояд, хосса пеши ман. Аммо чаро росте бояд гуфт, ки чахор мох рузгор бояд кард ва махзареву гувохии дувист удуд, то аз ту он рост кабул кунад .

Аммо бидон ки сухан аз чахор навъ аст: Яке надониставу нагуфта ва яке хам донистаниву хам гуфтани. Ва яке гуфтанисту надонистани ва яке донистанисту ногуфтани.

Ба инҷо ҳам нигаред[вироиш]

Пайнавиштҳо[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]