Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Факултети тарбияи ҷисмонӣ — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби — соли 2011.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1966 дар назди ДДОЛ ба номи С.М.Киров факултети тарбияи ҷисмонӣ кушода шуд. Дар соли нахустини таъсисёбии факултет 51 донишҷӯ ба ду гурӯҳ - русӣ ва тоҷикӣ қабул шуда буданд. Декани нахустини факултет Дадоҷон Ботурович Ботуров буд, ки дар солҳои роҳбарии ӯ (1966-1972) теъдоди донишҷӯён аз 51 қариб ба 400 нафар расид. Дар он замон факултет як кафедраи назария ва услуби тарбияи ҷисмонӣ дошт ва мудири он Асрор Каримович Каримов буд. Соли 1973 ба сабаби дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе кушода шудани Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин факултет барҳам мехӯрад ва минбаъд донишҷӯён барои идомаи таҳсил ба он донишгоҳ равона мешуданд. Бо шарофати Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 дар асоси кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ дар таркиби факултети педагогӣ шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ташкил шуд, ки дар он вақт дар 2 гуруҳ донишҷӯён таҳсил мегирифтанд. 10 майи соли 2011 бо фармони № 84 шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ба факултети алоҳида ва мустақил табдил ёфт ва дотсент С.З.Бойматов ба вазифаи декани он таъин гардид. Аз августи соли 2015 ба вазифаи декани факултет номзади илмҳои психология, дотсент Мингбоев А.Ю.таъин гаштааст. Аз Аз 21.09. 2020 то ҳол, н.и.п дотсент Чори Хоҷамбердиев декани факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Айни замон дар факултет 4 кафедра - кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ, кафедраи мудофиаи гражданӣ, кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ ва кафедраи омодагии дифои ҳарбӣ амал менамояд.

Дастпарварони факулта[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]