Jump to content

Факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Факултети филологияи рус — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёбӣ - соли 1964.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият

[вироиш | вироиши манбаъ]

Роҳе, ки факултети филологияи рус тай намудааст, қисмате аз таърихи соҳаи маорифи вилоят аст. Аввалин маротиба шуъбаи забон ва адабиёти рус бо мақсади таъмин намудани мактабҳои маълумоти ҳамагонӣ бо мутахассисони фанҳои забон ва адабиёти рус соли таҳсили 1937-1938 дар ҳайати факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод созмон дода шуд. Солҳои 1939-1940 ҳамин гуна шўъба дар институти омўзгорӣ (муаллимтайёркунӣ), ки яке аз ҷузъҳои ИДПЛ ба ҳисоб мерафт, таъсис ёфт. Дар ташкил ва амалӣ шудани ин иқдом саҳми устодони рус М. И. Стаменова, В. С. Верпаховская, К. А. Гаинсев, О. А. Смирнова, Н. С. Иванов ва олимону ташаббускорони дигар назаррас буд. Дар солҳои ҷанг сафи устодони шуъба аз ҳисоби мутахассисони суханшиносе, ки аз майдони муҳориба ба ақибгоҳ баргаштанд, зиёд гардид (А. А. Волков, Е. Ж. Бражников, И. С. Фрейдкина, Е. М. Вал). Солҳои охири ҷанг ва пас аз он аввалин хатмкунандагони шуъба Л. В. Виноградская, А. А. Нелипа, Н. Н. Ростовсева, Б. М. Русакова омўзгорони шуъба гаштанд. Охири солҳои 50-уми асри ХХ дар бахши забон ва адабиёти рус танҳо барои мактабҳои таълимашон русӣ мутахассис тайёр карда мешуд, вале дертар эҳтиёҷ ба тайёр намудани мутахассисони забон ва адабиёти рус барои мактабҳои миллӣ ба миён омад, ки он яке аз асосҳои созмон ёфтани гурӯҳҳои дигар шуд.

Дар соли хониши 1962-1963 нахустин гуруҳи тоҷикӣ таъсис ёфт, ки барои мактабҳои миллӣ муаллимони забон ва адабиёти рус тайёр менамуд. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар Институти педагогии Ленинобод сурат гирифт, ки хатмкунандагони мактабҳои тоҷикӣ ва минбаъд ўзбекӣ мутахассисони забон ва адабиёти рус мешуданд. Моҳи сентябри соли 1964 шуъбаи забон ва адабиёти рус аз ҳайати факултаи таъриху филология баромада, ба бахши мустақил табдил ёфт, ки дар он баробари гуруҳҳои русӣ, гуруҳҳои тоҷикиву ўзбекӣ низ амал менамуданд. Дар ин кор саҳми устодон М. И. Стаменова, Н. Н. Ростовсева, А. А. Нелипа, Б. А. Ҳоҷибоева, Т.А. Милованова, В.И. Калмикова, Б.М. Русакова, А.П. Войченко, М.М. Абдувалиева, З.И. Мелихова, А.З. Дун, С.З.Карасик, М.И. Шарапова, Е.С.Белякина, В.И. Чертиковсева, Г.П.Коновалова ва дигарон бузург аст. Аз соли таҳсили 1990-1991 тибқи барномаи нави таълим донишҷўён соҳиби ду ихтисос гаштанд: муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ ва муаллими забони тоҷикӣ дар мактабҳои русӣ. Аз соли таҳсили 1991-1992 аз сабаби табдили ИДПЛ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба барномаи таълим ихтисосҳои забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои ўзбекӣ дохил шуданд.

Вазифаи сарварии факултаро дар солҳои гуногун дотсент А.А.Нелипа (1964-1968, 1978-1985), дотсент М. М. Абдувалиева (1971-1975), А. П. Войченко (1975-1978), дотсент Долин Ю. Т. (1985-1991), профессор С. Э. Неъматов (1991-1992), профессор Р. О. Самадова (1992-1993), дотсент А. А. Азизов (1994-2007), дотсент Ф.М. Ҳамроқулов (2007-2012), Камолова М.Ф. (2012-2016) дар уҳда доштанд. Сарварии факултетро аз соли 2016 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ш.В. Дусматова ва айни замон аз соли 2021 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Раъно Шарапова ба уҳда дорад. Алҳол дар факултет 33 нафар устодон ба донишҷўён сабақ меомўзанд. Дар 26 гуруҳи академӣ зиёда аз 600 нафар толибилмон, аз ҷумла 81 нафар донишҷўёни бо Квотаи президентӣ дохилшуда, таҳсил мекунанд. Факултет аз рўи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус дар мактабҳои русӣ, забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ муаллимони баландихтисос тайёр менамояд. Кафедраҳои факултет бо кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ таъмин буда, ҳамчун маркази такмили услуби таълими забон ва адабиёти рус дар макотиби таълимоти ҳамагонии ҷумҳурӣ эътироф шудааст. Устодони факулта бо донишмандони ҳамкасби худ аз давлатҳои ИМА, Олмон, Исроил, Русия, Украина, Белорусия робитаҳои илмию эҷодӣ доранд. Чанде аз хатмкунандагон ва собиқ омўзгорони факулта имрўз ходимони намоёни соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг буда, на танҳо дар муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ, балки дар мамолики хориҷии дуру наздик низ фаъолияти пурсамар мебаранд, чунончи, А. Р.Рашидов – собиқ муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Ю.Хоҷаева – доктори илмҳои филологӣ, профессор, директори Институти илмӣ-тадқиқотии ДДХ, С. П. Кириенко – муаллимаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, П. Г.Глебов – шоир, М.Ҷабборова – доктори илмҳои филологӣ, ҷонишини раиси Шўрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти ҷумҳурӣ, М.М. Калонова – номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Ю.Т. Долин – собиқ дотсент, мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Оренбург, В.И.Казарина – профессори Донишкадаи омўзгории шарқшиносии Елетски Федератсияи Русия, Н.В.Солоник – ноибректори корҳои илмии Донишгоҳи омўзгории Соликамск, Т.П.Дудина – дотсенти Донишгоҳи омўзгории Елетск, А.М.Пронин – дотсенти Донишгоҳи омўзгории шарқшиносии Камишинск, А.П. Гейзер – дотсент, корманди ҷамъияти «Олмону Тоҷикистон», Г.В.Матешина – дотсенти Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Брянск, Р.Г.Топилова – дотсенти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тюмен, Югай Л.И. – номзади илмҳои педагогӣ, корманди илмии Академияи ҳарбӣ-баҳрии Новокузнетск, Л.И. Черкашева – дотсенти Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Маскав ва диг.

Робитаи илмии факулта бо ин олимон яке аз омилҳои муҳими густариши алоқаҳо бо марказҳои бонуфузи илмӣ, дўстии байни миллатҳо ва такмили раванди таълими забони русӣ мебошад. Таи солҳои 90-ум дар назди курсҳои тайёрии факулта барои шаҳрвандони мамолики хорҷии дур бахшҳо созмон дода шуда, дар он толибилмон аз Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон ва Покистон таҳсил мекарданд. Барномаҳои таълимии фаннӣ бо барномаҳои умумидонишгоҳӣ ҳамоҳанг карда шудаанд. Кафедраҳои факулта бо мақсади рушду навоварии усули таълим пайваста бо донишгоҳҳои дигари мамолики Русия ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагони ҳамкорӣ доранд. Аҳли факулта, олимон, омӯзгорон ва донишҷӯён пайваста дар рушди илми забон ва адабиёти рус, талқини он, пайванди фарҳангии халқҳои русу тоҷик, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, ки мувофиқи талаботи замону ҷомеаи навин аст, ҷидду ҷаҳд доранд. Дар ин замина ҳимояи рисолаҳои докториву номзадӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, дастуру маводи таълим басо хуб ба роҳ монда шудаанд. Таъсиси аспирантура, ки дар он аз рўи ихтисосҳои услуби таълими забони русӣ ва грамматикаи муқоисавӣ ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби хатмкунандагони факултет шурўъ шуд, боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои илмии кафедраҳои факултет гардид.

Устодони факултет дар Шўроҳои илмии ҷумҳурӣ ва Федератсияи Русия рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд, ки инҳоянд: С. А. Раҳматова (2004), Г.С.Мусурманова (2004), М.У.Негматҷонова (2007), С.Н.Ёрова (2007), Г.Х.Ибрагимова (2007), Р.А.Шаропова (2008), С.О.Файзиева (2009), С.М.Атамова (2010), М.Ф.Камолова (2011), О.Э.Мавлонбердиева (2011), М.Н.Искандарова (2011),Ш.В.Дӯсматова (2013), И.С.Эшматова (2013), М.М.Мирзохонова (2013), М.Ф.Сатторова (2013), Г.С.Юнусова (2017). Дар факултет гузаронидани конфронсҳои илмӣ, методӣ ва семинарҳои назариявию илмӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз рўи маводи гузориши онҳо ҳар сол зиёда аз 40 мақола ва дастурҳои методӣ ба табъ мерасанд.

Дастпарварони факулта

[вироиш | вироиши манбаъ]