Фарзин
Фарзин — пурқувваттарин мӯҳраи шоҳмот мебошад. Арзишаш тақрибан ба 8-9 пиёда баробар аст. Аз рӯи қувва аз тӯра ва як мӯҳраи сабук зиёдтар аст, вале аз ду тӯра камтар буда, тақрибан ба се мӯҳраи сабук баробар аст.
[вироиш] Гаштҳои фарзин
Фарзин ба дилхоҳ катакҳои вертикалӣ, горизонталӣ ва диагоналӣ гашта метавонад ва ба имкониятҳои тӯра ва фил дорост (ба шарте, дар роҳи гашташ ягон мӯҳрае набошад). Агар фарзин дар байни тахта бошад, онгоҳ якбора ба 27 катаки тахта ҳамла оварда метавонад, дар кунҷи тахта бошад то 21 катак.
[вироиш] Фарзин дар рафти бозӣ
Бозингарон дар аввали бозӣ яктогӣ фарзин доранд. Дар аввали бозӣ фарзинҳо дар катакҳои d1 ва d8 (катакҳои ҳамранги худ) ҷой гирифтаанд.
[вироиш] Фарзин дар масъалаҳо
Фарзин дар бисьёр масъалаҳои шоҳмот вомехурад. Масалан, дар "Масъала дар бораи ҳашт фарзин", ки шарташ: дар рӯи тахта 8 фарзинро тавре ҷойгир намудан лозим аст, ки онҳо ба якдигар ҳамла оварда натавонанд. Бо роҳи математикӣ исбот карда шудааст, ки ин масъала 92 тарзи ҳал дорад.
| Мӯҳраҳои шоҳмот |
|---|