Фахруддин Ироқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Фахриддин Ироқӣ)
Фахруддин Ироқӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: шоир, файласуф
Таърихи таваллуд: тақрибан 1213[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1289[4]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: суннӣ ва тасаввуф

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Фахруддин Ироқӣ (ар. فخر الدين العراقي‎; 1213, Ҳамадон1289, Димишқ) — шоир, ориф ва нависанди сӯфии адаби форсӣ дар садаи ҳафтуми ҳиҷрӣ, муаллифи «Ламаъот» мебошад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фахруддин Иброҳим бинни Шаҳриёр Ироқии Ҳамадонӣ дар нимаи аввали асри ХIII зиндагӣ ва эҷод карда, мувофиқи ахбороти сарчашмақо таваллуди ӯ ба соли 604/1207 рост меояд. Зодгоҳи ӯ шаҳри Ҳамадон буда, то синни 18-солагӣ дар онҷо умр ба сар бурдааст. Баъдан Ироқӣ ба мамлакатҳои Миср, Сурия, Ироқ саёҳат намудааст.

Дар бораи зиндагии ӯ дар маъхазхо маълумоти саҳеҳ вуҷуд надорад. Бино ба гуфти муҳаққиқон ӯ дар соли 688 ҳиҷрӣ (1289 милодӣ) дар шаҳри Димишқ вафот кардааст.

Осори боқимондаи Ироқиро девони ғазалиёту рӯбоиёт ва ҳикоёт, маснавии хурде бо номи «Ушшоқнома» ва китоби фалсафию ирфонии «Ламаъот» ташкил медиҳад.

Намунаи ашъор[вироиш | вироиши манбаъ]

Бикашам ба ноз рӯзе сари зулфи мушкрангаш,
Надиҳам зи даст ин бор, агар оварам ба чангаш.
Сари зулфи ӯ бигирам, лаби лаъли ӯ бибӯсам,
Ба мурод агар натарсам зи ду чашми шӯху шангаш.
Чу набот мегудозам ҳама шаб дар оби дида,
Ба умеди он ки ёбам шакар аз даҳони тангаш.
Биравам, зи чашми масташ назаре ба вом гирам,
Ки бад-он назар бубинам рухи хуби лоларангаш.
Чу камони абрӯвонаш фиканад хаданги ғамза,
Чи кунам, ки ҷон набозам сипар аз пайи хадангаш?
Зи лабаш итоб, ё Раб, чи хуш аст сулҳи ӯ худ,
Бинигар чи гуна бошад, ки чунин хуш аст чангаш.
Дилам ойинасту дар вай рухи ӯ наменамояд,
Нафасе бизан Ироқӣ, бигузар зи ному нангаш.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]