Фирдавсӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
Statue of Ferdowsi in Rome.JPG
Зодрӯз 935
Зодгоҳ Тӯс
Даргузашт 1020, Тӯс
Пеша шоир


Фирдавсӣ номпи пурра Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавсӣ Тӯсӣ (порсӣ: حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی; зодаи 935 — даргузашта 1020 ё 1026 дар Тус, Хуросон, Эрон) – сухансарои номии Эронзамин ва сарояндаи «Шоҳнома» – ҳамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони порсигӯй аст.

Зиндагинома[вироиш]

Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.

Зодсоли Фирдавсӣ дар 940 м. аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд:

Навонтар шудам чун ҷавонӣ гузашт,
Бад-он гаҳ ки буд сол панҷоҳу ҳашт.
Замину замон пеши ӯ банда шуд,
Фаридуни бедордил зинда шуд..

Ҳамчунин бо дарнигаристан ба ин ки Фирдавсӣ дар соли 387 ҳ.қ. панҷоҳу ҳаштсола будааст, метавон дурустии ин гумонро пазируфт.

Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нахустин пажӯҳандае ки дар бораи зиндагии Фирдавсӣ ҷусторе навишта аст, зодгоҳи Фирдавсиро деҳи Бож дониста ки имрӯза дар 15 километрии шимоли шаҳри Машҳад ҷой дорад ва маркази деҳистони Табодакон аст.

Номи вай ҳама ҷо Абулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст.

Барои падари Фирдавсӣ дар бунмояҳои камарзиштар номҳои дигаре низ овардаанд, монанд: «Мавлоно Аҳмад ибни мавлоно Фаррух» («муқаддимаи Бойсунқурӣ»), «Фахриддин Аҳмад» («Ҳафт иқлим»), «Фахриддин Аҳмад ибни ҳаким Мавлоно» («Маҷолис улмуъминин» ва «Маҷмаъ алфусаҳо») ва «Ҳасан Исҳоқ Шарафшоҳ» («Тазкират ушшуароъ»). Теодор Нёлдеке дар китоби «Ҳамосаи миллии Эрон» дар бораи нодурустии номи «Фахриддин» навишта аст ки додани лақабҳо бо поёнаи «ад-дин» ҳамзамон бо навҷавонии Фирдавсӣ корбурд пайдо карда ва вижаи «амирони муқтадир» будааст. Аз ин рӯ падари Фирдавсӣ наметавониста чунин лақабе дошта бошад[1]‏.

Замони даргузашти Фирдавсӣ то чаҳор сада пас аз даргузашташ дар бунмояҳои куҳан наомадааст. Нахустин навиштае ки аз замони марги Фирдавсӣ ёд карда, «Муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» аст ки соли 416 ҳиҷрии қамариро овардааст. Ин дебоча Ки имрӯз бепоя будани навиштораш ба исбот расидааст, аз бунмояҳои дигаре ёд накардааст. Тазкиранависони баъдӣ ҳамин торихро бозгӯ кардаанд. Ҷудо аз он «Тазкират ушшуъаро», асари Давлатшоҳи Самарқандӣ (ки он ҳам бисёр бепоя аст), замони даргузашти Фирдавсиро соли 411 ҳиҷрии қамарӣ овардааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ бо дарнигаристан дар гуфтаҳое Ки Фирдавсӣ аз синну нотавонии худ ёд кардааст, ингуна натиҷа гирифтааст ки Фирдавсӣ миёни солҳои 405 – 411 ҳиҷрии қамарӣ аз ҷаҳон рафта аст.

Бино бар гуфтаи Низомии Арузӣ дар «Чаҳор мақола», пас аз даргузашташ яке аз муллоҳо ки душманаш буд, аз рӯи кинатузӣ нагузошт пайкарашро дар гӯристони зодгоҳаш ба хок биспоранд, аз ин рӯ дар боғи худаш ё духтараш дар Тӯс ба хок супурда шуд. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достонро дар «Асрорнома» ингуна овардааст ки «Шайх Акобир Абулқосим» бар ҷанозаи Фирдавсӣ намоз нахонда аст ва Ҳамдуллоҳ Муставфӣ дар пешгуфтори «Зафарнома» ӯро Шайх Абулқосим Курраконӣ дониста аст ки пайравони бисёре дошта аст. Бархе нависандагони дигар номи ӯро «Абулқосими Гургонӣ» ё «Ҷурҷонӣ» низ овардаанд ки гумон меравад арабишудаи номи Гургонӣ бошад. Риёҳӣ пайванд додани онро бо Курраконии суфӣ нораво дониста аст аз онҷо ки ӯ дар ҳангоми даргузашти Фирдавсӣ камобеш 30-сола будааст.


Абулқосим Фирдавсӣ' яке аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай "Шоҳнома" аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст. Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.


Агар хоҳи аз ҳар ду сар обрӯй
Ҳама рости кун,ҳама рост гӯй.
Пай афкандам аз назм кохи баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Намирам аз ин пас ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2

Бунмояҳо[вироиш]

  • محمدامین ریاحی. سرچشمه‌های فردوسی‌شناسی. چاپ اول، تهران: پژوهشگاه علوم انسانی و مطالعات فرهنگی، ۱۳۷۲، ISBN 978-964-426-201-2.
  • ‏جلیل دوستخواه. شناخت‌نامهٔ فردوسی و شاهنامه. چاپ اول، تهران: دفتر پژوهشهای فرهنگی، بهار ۱۳۸۴، ISBN 964-379-060-6. ‏
  • ذبیح‌اللّه صفا، تاریخ ادبیات در ایران، جلد اول.
  • محمدامین ریاحی. فردوسی: زندگی، اندیشه و شعر او. چاپ اول، تهران: طرح نو، ISBN 964-5625-38-6. ‏
  • سید حسن تقی‌زاده، فردوسی و شاهنامه او، انجمن آثار ملی، ۱۳۴۹
  • تئودور نولدکه، حماسه ملی ایران، ترجمه بزرگ علوی، تهران ۱۳۲۷
  • ژول مول، دیباچهٔ شاهنامه. ترجمهٔ جهانگیر افکاری، چاپ چهارم، تهران: انتشارات و آموزش انقلاب اسلامی، ۱۳۶۹.
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Қаҳрамонҳо
Абтин | Ораш | Афросиёб | Исфандиёр | Фаридун | Гударз | Гурдофарид | Ҳушанг | Ҷамшед | Кова | Кай Хусрав | Каюмарс | Манучеҳр | Рахш | Руҳам | Рустам | Рустам Фаррухзод | Рудоба | Саам | Шағад | Симурғ | Сиёвуш | Сӯҳроб | Таҳмина | Таҳмурас | Зол | Заҳҳок
Ҷойҳо
Эрон | Турон


Шоирони Порсигӯй
ДақиқӣРудакиРобиаи БалхӣУнсурӣФирдавсиИбни СиноУмари ХайёмНизомӣ ГанҷавӣСаъдиҲофизи ШерозӣКамоли ХуҷандӣҶалолиддини РумӣАбдураҳмони ҶомӣБедилЗебуннисо