Фитрат Зардӯзи Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фитрат Зардӯзи Самарқандӣ
Таърихи таваллуд: 1657
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: асри XVIII
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):

Фитрат Зардӯзи Самарқандӣ (1657, Самарқандасри XVIII, тахм. Бухоро) — яке аз шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Чунон ки Малеҳо гуфтааст, Фитрат шоири ҳунарманд будааст ва бо пешаи зардузи зиндагиашро пеш мебурдааст. Барои ҳамин хам тахаллусашро мувофики пешааш Зардуз интихоб кардааст. Фитрат соли 1657 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Пас соли 1685 ба Бухоро омада, ба касби зардузи машгул мегардад. У дар нимаи аввали асри XVIII дар Бухоро вафот кардааст.

Аз Фитрат то имрӯз шеърҳои пароканда ва достони «Толибу Матлуб» омада расидаанд. Достони мазкур ишқи буда, дар пайравии достонҳои ишқии шоирони гузашта суруда шудааст. Як фарқи калони «Толибу Матлуб» аз достонҳои ишқии адибони гузашта, пеш аз ҳама, дар он ки кахрамонони асосии он намояндагони табакаи поёнии чамъиятанд. Дар ин достон дар бораи ишқу муҳаббати косиби ҳунарманд Толиб ба шохдухтар Матлуб сухан меравад. Махз Толиб бо хусну чамол, бо кори халол ва умуман бо ҳунари зебои худ ба Матлуб маъкул мешавад. Ишки онҳо поку беолоиш аст.

Достон дар худуди 850 байт суруда шуда, дар он ишқи нокоми Толиб ва Матлуб тасвир шудааст. Дар достон кори пурифтихори ҳунарманди ва шаъну шуҳрати ҳунармандон тараннум ва ишқу муҳаббати поки инсони васф шудааст. Ин кисса аз дилангезтарин киссаҳои ошиконаи адабиёти классикии тоҷик буда, муҳаббати поки инсони бо тамоми самимият ва назокаташ васф шудааст.

Фитрат дар ғазалсароӣ низ маҳорати хоса дорад. Ғазалҳои Фитрат мазмунан дақиқ ва нозук буда, дар онҳо шоир пайваста ба эҷоди образҳои шоирона кушидааст:

Шухи аз чашми ту гоҳе, ки рамидан гирад
Аз сари хар мижаат ноз чакидан гирад.

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Пургул аз рӯйи ту шуд ҷайбу канор оинаро,
Акси хаттат дод сомони баҳор оинаро.
Баст бар каф шӯхии ҳуснат нигор оинаро,
Дида шуд бар Сурма з-он хатти ғубор оинаро.
Сахтии айём аз бас кард дар табъам асар,
Тарсам аз аксам, ки созад сангсор оинаро.
Нохуне аз акси абруят нигоринаш кӣ кард,
Иштиёқат синаи пурхор — хор оинаро.
Умр сарфи ҳасрати рӯят чу сурат кардаам,
Ҷои он дорад кунам оавҳи мазор оинаро.
Домани акси кӣ меорад ба каф, сурат кӣ кард
Изтироби табъ дасти раъшадор оинаро?

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]