Фотеҳ Ниёзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фотеҳ Ниёзӣ
Фотеҳ Ниёзӣ
Тахаллусҳо: Ниёзӣ
Таърихи таваллуд: 18 апрел 1914(1914-04-18)
Зодгоҳ: Самарқанд
Таърихи даргузашт: 1 сентябр 1991(1991-09-01) (77 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ: шаҳрванди ИҶШС
Навъи фаъолият: нависанда, дромнавис, тарҷумон
Солҳои эҷод: 1933—1991
Самт: реализми сотсиалистӣ
Жанр: роман, очерк, драмма.
Забони осор: забони тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1970), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1977)

Фотеҳ Ниёзӣ (18 апрели соли 1914, гуз. Сӯфӣ Розиқи шаҳри Самарқанд1 сентябри соли 1991, шаҳри Душанбе) — нависанда, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ. Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1977). Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1970). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз с.1938).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд (1929) ва шуъбаи шабонаи Институти давлати педагогии Тошкандро хатм намудааст (1950). Ходими адабии рӯзномаи “Ленин йӯли”, “Ҳақиқати Ӯзбекистон” (ин рӯзномаҳо дар Самарқанд нашр мешуданд). Соли 1934 ба Сталинобод (ҳоло – Душанбе) омадааст. Котиби масъули рӯзномаи “Барои маорифи коммунистӣ” (баъд – “Газетаи муаллимон”, ҳоло – “Омӯзгор”), “Тоҷикистони Сурх” (баъд – “Тоҷикистони Советӣ”, ҳоло – Рӯзномаи «Ҷумҳурият», 1934-1941). Моҳи декабри с.1941 ихтиёран ба фронт ҳамчун аскар барои мудофиаи Ватан рафтааст. Иштирокчии ҶБВ-ии с.1941-1945. Агитатор - тарғибгар, муҳаррири масъули рӯзномаи “За Родину!”, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи “Красноармейская правда”. Пас аз анҷоми ҷанг ҷонишини муҳаррири рӯзномаи Округи ҳарбии Туркистон – “Фрунзоветс” ва баъди истеъфо аз хидмати ҳарбӣ (1950) ба Тоҷикистон баргашта котиби масъул (1950-1952), муҳаррири маҷаллаи “Шарқи сурх” (ҳоло – “Садои Шарқ”, 1952-1959), котиби Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1953-1968; 1970-1978), ҷонишини раиси Кумитаи давлатии Телевизион ва радиошунавонии назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1968-1970) кор кардааст. Узви Комиссияи марказии адабиёти ҳарбии бадеии Иттифоқи нависандагони ИҶШС, Раёсати нашриёти “Советский писател” ва Фонди адабии ИҶШС буд.[1]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти эҷодиро аз нимаҳои солҳои сиюми асри гузашта шурӯъ карда, шеърҳои ӯзбекияш дар маҷмӯаҳои «Маяк» (1933), «Таронаҳои рӯз» (1935), «Муҳаббат» (1939) чоп шудаанд. Баъдан асарҳояшро комилан ба тоҷикӣ таълиф кардааст. Соли 1938 Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ драмаи «Ватандӯстон»-и ӯро (ҳамроҳи С. Ғанӣ) саҳнагузорӣ кардааст. Соли 1946 китоби очеркҳои ҷангияш «Интиқоми тоҷик» интишор ёфтааст. Романи аввалини ӯ «Вафо» (аз ду қисм-1949, 1958) соли 1959 ба русӣ, соли 1960 ба форсӣ аз чоп баромадааст, ки воқиъоти солҳои ҷангро дар бар мегирад. Ин роман борҳо ба тоҷикӣ ва русӣ, соли 1954 ба хитоӣ чоп шудааст. Баъдан қиссаҳои «Димаи диловар» (1957), «Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг» (1962), «Одамон ва мулоқотҳо» (1964), «Духтари ҳамсоя» (1965)-и ӯ ба табъ расидаанд.Романҳои ӯ «Ҳар беша гумон мабар, ки холист….» (1974), «Сарбозони бесилоҳ» тасвири манозири ҷангро идома дода, борҳо ба русӣ тарҷума ва нашр шудаанд. Қиссаҳои «Пахта ва гул», «Фоҷиаи Боғистон» дар мавзӯи мубрами рӯз – деҳқонӣ ва маданият офарида шудаанд. Куллиёти осораш дар чаҳор ҷилд чоп шудааст (1974-1978). Драмаи «Кӯпрук» (1969) аз тарафи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ борҳо пешкаши тамошобинон гардидааст. Дар асоси филмномаҳояш филмҳои ҳунарии «Духтари сеюм» (ҳамроҳи И. Филимонова, 1971), «Оилаи Ғаюровҳо» (ҳамроҳи А. Стругатский, 1975) бардошта шудаанд. Асарҳои алоҳидаи М. Садовяну, Ш. Рашидов, Ю. Фучик ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.[2]

Аз. с.1979 пурра ба корҳои эҷодӣ машғул шудааст. Муаллифи маҷмӯаи ҳикояву очеркҳои

  • “Интиқоми тоҷик” (1947), романи “Вафо»” (ҷ.1, 1949; ҷ. 2, 1958),
  • қиссаи “Духтари ҳамсоя” (1954),
  • маҷмӯаи “Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг” (1962),
  • маҷмӯаи “Дирӯз, имрӯз, фардо” (1964),
  • романи ”Ҳар беша гумон мабар, ки холист” (1974),
  • “Сарбозони бесилоҳ” (1985),
  • пиесаҳои “Ватандӯстон” (1938, бо ҳамқаламии Самад Ғанӣ),
  • “Кӯпрук” (1969)
  • филмномаҳои “Духтари сеюм” (1971, бо ҳамқаламии И. Филимонова),
  • “Корубори оилаи Ғаюровҳо” (1975, бо ҳамқаламии А. Стругатский),
  • “Қиссаи Димаи диловар” (1957),
  • “Мактаб дар таҳхона”,
  • “Алифбо”,
  • “Хуррами хаткашон”.

Бисёр асарҳояш ба забонҳои халқҳои собиқ СССР, хитоӣ, полякӣ, олмонӣ, чехӣ, булғорӣ, англисӣ, урду ва ғ. тарҷума шудаанд. Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакиро барои романи "Вафо" гирифтааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Некдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба номи Фотеҳ Ниёзӣ яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузошта шудааст. Яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Ёвон ба номи ӯ мебошад.

Пайванди беруна[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Нависандагон, Фотеҳ Ниёзӣ
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 164 ISBN 978-99947-2-379-9
  3. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013. ISBN 9789994795826 — С.94