Хламидомонада

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хламидомонадаорганизми якҳуҷайрадори обӣ, ки ҳам рустанӣ ва ҳам ҳайвон ба ҳисоб меравад. Ин аз сабаби он аст, ки ин обсабз дорои хусусиятҳои рустанӣгӣ ва ҳайвонӣ мебошад. Дар рӯзӣ дар раванди фотосинтез бо иштироки равшании офтоб дар хромотофори он моддаи органикӣ қанд (ва аз он оҳар) ҳосил шуда, оксиген хориҷ мешавад ва дар торикӣ (шабӣ) бактерияҳоро мехӯрад.

Сохт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи сохти беруниаш хламидомонада шакли гирд, тухмшакл ё нокмонандро дорад. Дар нӯги борики пеши ҳуҷайра ду қамчинаки баробарандоза ҷой гирифтааст, ки тавассути он хламидомонада дар об ҳаракат мекунад. Аз берун хламидомонадаро ҷилди шаффоф, ки дар дохили он ситоплазма, ядро ва хромотофори калони косамонанд ҷойгиранд, пӯшонидааст. Хромотофор аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш рангрез ё рангдиҳанда мебошад. Ранги хромотофор сабз аст, чунки хлорофилл дорад. Дар қисми пеши ҳуҷайра "чашмакча"и сурхи равшаниҳасос ва ду вакуоли хурди кашишхӯранда ҷойгир мебошад. Ба туфайли "чашмакчаи" равшаниҳассос хламидомонада равшаниро қабул карда, бо ёрии қамчинакҳояш ба ҷониби равшанӣ ҳаракат мекунад. Вакуолҳои кашишхӯранда бошанд, барои аз ҳуҷайра берун кардани оби барзиёд хидмат мекунанд.

Афзоиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Хламидомонада бо роҳи ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ афзоиш меёбад.