Хоккей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хоккей

Хоккей - бозии командавии варзишиест, ки бо чавгон ва шайба (ё тӯбча) сурат гирифта, мақсади он ба дарвозаи ҳариф задани шайба мебошад. Он ҷусту чолокӣ ва малакаи ба тезӣ дарк намудани ҳолатҳои мураккаби бозиро инкишоф медиҳад. Хоккейро дар ҳар гуна майдони кушоди яхбаста бозидан мумкин аст.

Намудҳои хоккей[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Хоккей бо шайба. Солҳои 60-и садаи XIX дар Канада ба вуҷуд омадааст
  2. Хоккей бо тӯб. Миёнаҳои садаи XIX дар Британияи Кабир ба вуҷуд омадааст.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Портал:Варзиш