Хоразмшоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хоразмшоҳ — унвони шоҳони Хоразм, ки аз давраҳои тоисломӣ то садаи XIX вуҷуд доштанд. Абӯрайҳони Берунӣ, Кайхусрави афсонавиро асосгузори сулолаи Хоразмшоҳ мешуморад. Гӯё баъди 92 соли сокиншавии одамон дар Хоразм соли 1292 то мелод ӯ ба ҳукмронӣ шурӯъ кардааст. Инчунин Берунӣ хабар медиҳад, ки соли 305 мелодӣ шоҳ Африғ ба сулолаи нав асос гузошта, дар шаҳри Кат (дар назди ҳозира шаҳри Берунӣ) қалъаи худро сохтааст.