Хоруғ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Хоруғ
Намои шаҳри Хоруғ
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Замони таъсис : соли 1897
Шаҳр аз : соли 1932
Номҳои пешин :
Раиси шаҳр:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Координатаҳо : 37,29,12 а.ш.; 71,31,59 т.ҷ.
Паҳноварӣ : км²
Шумораи ноҳияҳо :
Шумораи бахшҳо : 6
Мардум
Аҳолӣ (2003) : 30 000 кас
Зичии аҳолӣ (2003) : - кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, шуғнӣ, рӯшонӣ
Мазҳаб : исмоилӣ, ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа :
ISO-намоя :
Пешшумора : +992 3522
Нишонии почта : 736000
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 04РТ

Хоруғ - шаҳрест дар ҷанубу ғарбии Помир, маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ду соҳили рӯди Ғунд ва резишгоҳи он дар рӯди Панҷ дар баландии 2200 метр аз сатҳи дарё воқеъ гаштааст. Аҳолии шаҳр бино бар саршумори соли 2003 30 ҳазор нафар аст.

Тобистонаш гарм, зимистонаш хунуки мӯътадил, ҳарорати миёнаи июл 22,2 C, янв.- 7,8 С (2006), боришоти солона 263 мм.

Хоруғ 5 маҳалла дорад: Bulleted list item

  • маҳаллаи Моёншо Назаршоев,
  • маҳаллаи С. Абдуллоев,
  • Шош-Хоруғ, Бархоруғ,
  • 75-солагии ВМКБ.

Хоруғ ба воситаи роҳи калони автомобилгард бо ш. Душанбе ба воситаи ағбаи Сағирдашт, (527 км), ба воситаи шоҳроҳи Кулоб 417 км ва Уш (740 км) бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва бо роҳи ш. Хоруғ - Мурғоб- Кулма бо Ҷумҳурии халқии Хитой алоқаманд аст.

Таърих[вироиш]

Хоруғ то пирӯзи инқилоби Октябр (1917) деҳае буд, ки дар он 10-12 хонавода зиндагонӣ доштанд ва шуғли асосии онҳо кишоварзӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ буд. Соли 1897 қароргоҳи посгоҳи марзбонии Русия Помир аз Шоҷон (Мурғоб) ба Помири Ғарбӣ (Хоруғ) кӯчонида мешавад ва аз ҳамин замон ин деҳа маркази маъмурӣ мегардад. Бо таъсис додани гурӯҳи марзбонони Помир дар Хоруғ, симои он низ оҳиста – оҳиста ободу зебо мегардад. Cохтмони биноҳои аврупоӣ, ошхона, ҳаммом, хонаҳои маскунӣ барои афсарон ва ғайра симои деҳаро дигаргун карданд. Бо дастгирӣ ва ёрии сардорони гурӯҳи марзбонон дар оғози асри ХХ дар деҳаи Хоруғ, ҷӯи обёрӣ (1905) сохта шуд ва заминҳои нав барои кишти зироатҳои ғалладона ва полезӣ ва ниҳолшинонӣ кошта шуданд. Талаботи ҳарбӣ ва иқтисодӣ ҳукумати подшоҳиро маҷбур сохт, ки ба сохтмони роҳҳо ба ин кишвар аҳамият диҳанд. Солҳои 1910-1911 сохтмони роҳи аробагард то Хоруғ анҷом дода шуд.

Khorog 1913.jpg

Соли 1909 аввалин пул аз болои рӯди Ғунд сохта шуд, ки ду тарафи Хоруғро бо ҳамдигар пайваст намуд. Бо сарварии сардори отряди Помир Г. А. Шпилко соли 1914 неругоҳи хурди барқӣ ва осиёб сохта шудаанд, ки аҳолии маҳаллӣ низ аз онҳо истифода мебурданд. Бо супориши марзбонон соли 1916 дар Хоруғ корхонаи хурди ҳунармандӣ ба монанди коркарди пӯст, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва пойафзолдӯзӣ ба истифода дода шуданд, ки дар он коргарони бумӣ кор мекарданд. То ибтидои асри ХХ дар Помир мактаб ва бемористон набуд. Танҳо соли 1909 дар назди посгоҳи Хоруғ нахустин мактаби русӣ-маҳаллӣ барои фарзандони мардуми бумӣ сохта шуд, ки он то соли 1917 фаъолият дошт. Танҳо дар соли таҳсилии 1916-1917 шумораи хонандагони он ба 40 нафар расид. Соли 1900 дар назди посгоҳҳои марзбонии Ишкошим, Мурғоб ва Хоруғ аввалин бунгоҳи тиббӣ таъсис дода шуданд.

Густаришу ободонии ҳамаҷонибаи шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази вилоят аз охири солҳои сиюми асри ХХ сар шуд. Бо қарори Кумитаи Иҷроияи Иттиҳоди Шӯравӣ (ВСИК) аз 2-уми январи соли 1925 вилояти маъмурии Помир ҳамчун вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ дар таркиби Тоҷикистон таъсис ёфт ва маркази онро ш. Хоруғ эълон намуданд. Аз ҳамин сол тараққиёти маъмурӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании Хоруғ ҳамчун маркази ВАБК сар мешавад. Хоруғ ҳамчун шаҳр аз 27 окт. с.1932 ба ҳукми қонун даромадааст. Аз с.1922 то ҳоло ба ҳайси раиси ҷомеа ва ш. Хоруғ 26 нафар фаъолият доштанд.

Нахустин роҳбарони шаҳр[вироиш]

Нахустин раиси он (ҷамоа) Бодӣ Абдулхайров (1922-1925) зодаи деҳаи Ғорҷвини н. Шуғнон буд. Моҳи янв. с. 1940 Иҷлосияи якуми Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳр баргузор гардид ва раиси Комиҷроияи шаҳр Умнов Николай Никалоевич интихоб шуд. Сарварии ш. Хоруғро дар солҳои гуногун шахсони зерин ба ӯҳда доштанд: Боди Абдулхайров (1922-1925), Имомназар Мирзоҳаётов (1925-1926), Ҳоҷатбегим Саъдуллобекова (1927-1930), Мулкамон Назармамадов (1931-1932), Лутфали Шукуруллобеков (1932-1933), Зайдулло Абдуллоев (1933-1936), Ниёз Мародов (1936-1938), Шариф Раҳматов (1938-1940), Николай Умнов (1940-1941), Ҷумъа Алифбеков (1941-1946), Ҳайдарбек Қишқоров (1946-1950), Пайшанбе Писареҷов (1953-1955), Ҷифон Мулкамонов (1955-1957), Симик Абдулкаримов (1957-1959), Қурбоншо Гадоалиев (1959-1961), Шодихон Ёрмаҳмадов (1959-1961), Гулғунча Қадамшоева (1961-1969), Ойбегим Алидустова (1969-1975), Гулбибӣ Мулкамонова (1975-1984), Анҷирбегим Мақбулшоева (1985-1989), Ҷавҳари Нуралиев (1990-1992), Иброҳимбек Ғозибеков (1992-1994), Сотволҷон Имомназаров (1995-2000), Давлатёр Бекназарович (2001-2003), Улфатшо Абдолбеков (2003-2006), Н. Муборакшоева (2006). Барқарор шудани Ҳокимияти Советӣ дар Помир ба пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ш. Хоруғ такони пурзӯр дод. Сохтмони роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои бисёрошёна, инкишофи тиб, маорифу фарҳанг маҳсули даврони советӣ мебошад. Хоруғ чун дигар манотиқи Бадахшони Кӯҳӣ аз сабаби надоштани роҳҳои автомобилгард аз олами тамаддун ҷудо буд. Ин вазъ боиси халалдори рушду нумӯъи илму фарҳангу иқтисод мегардид. Аз ин лиҳоз, бунёди роҳҳои автомобилгарди Ош-Хоруғ (1934) 732 км, Хоруғ – Роштқалъа (1937-1938), Хоруғ – Рушон (1938-1939), Хоруғ- Тузкӯл, Вахон- Ишкошим (1940-1942), Хоруғ- Душанбе (1940) 528 км, дар мадҳи аввал гузошта шуданд. Х. бо марказ ва ноҳияҳои дигари вилоят алоқаи автомобилиро барқарор намуд. Бо соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони Хоруғ тавассути роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Нулванд- Қалаи - Хумб бо маркази ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳои дуру наздик дар тамоми фасли сол алоқаи доимии автомобилиро таъмин менамояд. Бо истифода дода шудани роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма (25 май 2004) ва сохта шудани купруки нави ҳозиразамони мошингард байни Хоруғ ва Афғонистон (3 ноябр 2002) имконият медиҳад, ки Хоруғ ба маркази тиҷоратии давлатҳои Хитой ва Афғонистон табдил ёбад. Кушода шудани роҳи ҳавоии Душанбе - Хоруғ (1929) ва парвози тайёра августи с.1932 саҳифаи нави таърихие барои шаҳрвандон ва тамоми қаламрави сокинони вилоят рух дод. Ҳоло ин масофаро тайёраи мусофиркаши ЯК-40 дар 40-45 дақиқа тай мекунад. Аҳамияти махсусро дар инкишофи саноати маҳаллӣ сохтмони ГЭС - и Хоруғ (январи 1941) иқтидори он 100 квт/соат бозид. Аввали соли 70-ум бунёди неругоҳи барқии 2-юм оғоз ёфт ва 22 декабри с.1970 кор сомон ёфт, ки иқтидори он 10000 квт/соатро ташкил дод. Охири с.-ҳои 60-ум ва ибтидои с.-ҳои 70-ум дар ҳудуди ш.Хоруғ ва фабрикаи дӯзандагии заводҳои нону оҳану бетон, комбинатҳои гӯшт, хизмати маишӣ, матбаа ва дигар корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дод шуданд, ки дар онҳо мутахассисони маҳаллӣ кор ва фаъолият намуданд. Аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ сар задани ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон (1992), касодии иқтисодӣ ба фаъолияти ин корхонаҳо таъсири манфӣ расонид ва ҳоло қисме аз онҳо аз фаъолият боз монданд ё бо иқтидори нопурра кор мекунанд. С.1934 алоқачиён хатти телеграфаи Душанбе -Хоруғро пурра ба истифода дода, бо ҳамин Бадахшонро аз тариқи хатти телеграфӣ бо маркази Тоҷикистон пайваст намуданд. Нахустин хатти телефон-телеграфаи дохили вилоятӣ байни Хоруғ- Рӯшон (1940) сохта шуд. С. 1983 алоқа байни ш. Хоруғ ва ҷумҳуриҳои собиқ СССР аз тариқи кайҳон сурат гирифт.

Тарақиёти соҳаи алоқа[вироиш]

С.2005 ширкати 3 ТЕ-и Чин стансияи ҳозиразамони дорои 6000 нуқтаи телефонӣ ба истифода дода шуд. Ҳоло ин соҳа равнақу ривоҷ ёфта истодааст ва дар ш. Хоруғ марказҳои гуфтугӯи телефони мобилии «Индиго», «ВАВilON-М», МlT, «Интерком» фаъолият доранд ва маркази вилоят бо шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст гардид. Аз с.1977 аҳолии шаҳр ба воситаи стансияи алоқаи кайҳонӣ «Орбита» барномаи телевизионии Москваро тамошо карда истодаанд. 31 декабри с.1936 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Ш. Раҳмонов аҳолии он имконият пайдо кард, ки барномаи телевизиони Тоҷикистонро (с.2005) тариқи телевизиони «Сафина» тамошо кунанд. Бунёди як қатор биноҳои 3-4 ошёнаи истиқомати, маъмурӣ, маданию маишӣ, маориф, Институти биологии Помир, Универмаги «Боми ҷаҳон» иморати мактабҳои рақамҳои 2, 7, 9 биноҳои идораи алоқа, суди вилоятӣ, ПМК-148 ва ғ. ба шаҳр ҳусн зам кард. Ҳоло ба мақсади рушди минбаъдаи корҳои сохтмони бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 1 млн 600 ҳ. сомони ҷудо шуда (2005) ин имконият дод, ки як хонаи 12-ҳуҷрадор сохта ба истифода дода, сохтмони бинои «Агроинвестбонк», бинои касалиҳои дил, таъмири толори варзишӣ, сохтмони роҳи пиёдагард ба анҷом расонида шуданд. Бо ёрии ташкилотҳои байналхалқӣ аз он ҷумла бо ёрии МСДСП-и хазинаи Оғохон ва бо кӯмаки маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Қалам» сохтмони хати обгузар, азнавсозӣ таъмири ҳавзаҳои ташнаоб, таъмири обанбори Сиёб ба анҷом расонида шуданд. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иқтисодии аҳолӣ дар нимсолаи аввали с. 2006 ба соҳибкорон ва шаҳрвандони ш. Хоруғ ба воситаи филиалҳои бонкҳои дар шаҳр буда 1 043262 ҳазор сомони қарзҳои кӯтоҳмуддат дода шуданд. Дар шаҳр зиёда аз 1200 нафар соҳибкорон фаъолият доранд. Аз навсозии бозори шаҳр ва сохтмони бозори нав давом дорад.

Аз рӯзҳои аввали барқароршавии ҳокимиятӣ Советӣ ба масъалаи инкишофи маорифи халқи Бадахшони кӯҳи диққатӣ махсус дода мешуд. Дар ташкили аввалин мактаб сарҳадбонони отряди Хоруғ саҳмгузор буданд. С. 1922 дар назди ин отряд нахустин мактаб – интернат ташкил ёфт, ки дар он танҳо 24 нафар таҳсил намуданд. C.1923 дар назди кумитаи револютсионии вилоят шӯъбаи маориф кушода шуд. Худи ҳамин сол КИМ Туркистон барои ташкили мактаби нав дар Хоруғ 339. ҳазор пулро ҷудо намуд. Дар назди ин мактаб–интернат кушода шуд, ки дар он 50 нафар фарзандони меҳнаткашон таҳсил доштанд. С.1926 нахустин мактаби духтарона дар шаҳр кушода шуд, ки Мараматнисо Мамадамирова онро сарварӣ намуд. Ба ғайр аз мактабҳои маълумотҳои умумӣ соли 1928 барои тайёр кардани кадрҳои маълумотнок мактаби ҳизбии шӯравӣ кушода шуда, вале ин муассисаи таълимӣ наметавонист талаботи вилоятро бо кадрҳои ихтисосманд таъмин намоянд. Аз ни рӯ бо қарори бюрои комитети вилоятии ПК Тоҷикистон соли 1931 дар Хоруғ техникуми омӯзгорӣ ва баъдтар он дар соли таҳсили 1937-1938 ба омӯзишгоҳи омӯзгорӣ табдил ёфта, дар тайёр намудани омӯзгорон хизмати босазое намуд. С.1940 дар Хоруғ аввалин мактаби миёна кушода шуд. Дар солҳои минбаъда ин соҳа хеле ривоҷу равнақ ёфт. Имрӯз дар Х. 12 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, якто литсей (литсейи Оғохон), як маркази касби ҳунаромӯзӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 6102 нафар хонанда таҳсил ва 555 омӯзгор кор мекунанд. Ба ғайр аз ин 5 муассисаи то мактабӣ фаъолият доранд. Ҳоло маркази вилоят аз рӯи дараҷаи малумотнокии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Аҳолии шаҳр бо он ифтихор доранд, ки с.1992 дар шаҳрамон Донишгоҳи давлатии ба номи М. Назаршоев кушода шуд ва он мутахассисони маълумоти олидори ихтисосҳои гуногунро барои хоҷагии халқи вилоят тайёр карда истодааст. Дар солҳои наздик боз як донишгоҳи байналмиллии Осиёи Марказии Оғохон, ки барои аҳолии манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Хитой, Эрон, Афғонистон ва Покистон мутахассис тайёр менамояд. С.2004 хишти аввали он аз тарафи Алоҳазрат Оғохони 4 ва Президенти Ҷ Т Э. Ш. Раҳмонов гузошта шуд. То инқилоби Октябр мардуми Помир аз хизматрасонии тиббӣ бархӯрдор набуд. С.1924 нахустин амбулатория ва с.1925 якумин беморхонаи дорои 15 кат ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаи тиббӣ 2 нафар мутахассис фаъолият доштанд. Барои тайёр намудани ҳамшираҳои тиббӣ с.1937 дар Х. курсҳои 2 сола кушода шуд, ки он дар тайёр кардани мутахассисони тиббӣ аз баёни духтурони маҳаллӣ аҳамияти калон дошт. Ҳоло шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ҳудуди шаҳр 12 адад буда, дар онҳо 251 нафар духтур ва 663 нафар коркунони миёнаи тиббӣ кор мекунанд. С.1936 театри мусиқии драмавӣ кушода шуда, болаёқаттарин артистон, созандагон ва навозандагон дар он муттаҳид шуданд. С. 1925 китобхонаи ба н. В.И. Ленин бунёд ёфт ва с.1935 ба он мақоми китобхонаи шаҳриро доданд. Ба истиқболи 15 солгарди таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон дар ш.Хоруғ осорхонаи давлатии кишваршиносӣ ташкил шуд. С.1934 аввалин кинотеатр сохта шуд. С.1939 сохтмони боғи маданият ва истироҳатии ш.Хоруғ ба охир расид. Моҳи сентябри с.1931 аввалин рӯзнома «Бадахшони Сурх» ба забони тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромад. Имрӯз дар шаҳр 5 хонаи фарҳангӣ, 4 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ фаъолият доранд.


Корхонахои калони истехсолӣ[вироиш]

Нахустин коргохи саноатӣ Дар Карори Пленуми 3 (26 январ соли 1932) ва бюрои (16 июли соли 1932) Кумитаи партиявии вилоят кайд карда шуд,ки саноати маҳалли бояд рушд ёбад. Бюро тъсиси 20 кооперативҳои истеҳсолию ҳунармандиро ба нақшаи корӣ дохил кард. Амалӣ гардидани ин нақша дар ибтидо натиҷаҳои хубе дод. Дар вилоят якбора 7 муассисаи кооперативию ҳунарманди: дарздузӣ, таъмири пояфзол, хиштрезӣ, гачпазӣ, истехсоли намак ва 5 кооператив: ҳарротию оҳангарӣ, хурокворӣ, пиларесӣ, маишӣ ва наклиёт таъсис ёфтанд. Бюрои кумитаи партиявии вилоят карор дод, ки соли 1933 Помирпромсоюз ё Помикооператсия ташкил карда шавад. Истехсоли чуроб, дастпуш хеле авч гирифт ва соле аз 2000 то 3000 чуфт ин маҳсулоти қимтбахо берун аз вилоят ба фуруш мерафт.Дар Помир косибӣ ба роҳ монда шуд, ки он асоси саноати маҳаллиро ташкил дода дар ин замина синфи коргар ташакул ёфт. Соли 1933 дар Бадахшон 40 корхонаи ҳунармандӣ ташкил карда шуданд, ки беш аз 1000 нафар коргар доштанд. Гардиши молии Промкооператсия дар соли 1933оиди истехсоли махсулот 1 000 000 сумро ташкмл дод. Ба хотири дарёфти ашёи хоми маҳаллӣ барои саноат хануз соли 1928 ба Помир нахустин экспедитсияи ҷустуҷуии Академияи илмҳои СССР омода буд. Бар асари корҳои геологӣ-тадқиқотӣ манбаи беши ашёи хом ёфт шуд. Солхои 30-ум дар Помир конҳои намак, оҳан, мис, молибден, сурб, тилло, асбест, кварс, ёкут, лочвар ва гаухар кашф карданд. Маркази асосии Облпромсоюз дар Хоруғ буд, аммо он дар саросари навоҳии вилоят шуъбаҳои худро кушода, ба таври доманадор фаъолият меварзид. Он кариб кулли соҳаҳои истеҳсолотро ба тасарруфи хеш даровард.Харротон 17 нафар, пойафзолдузи 27 нафар, наклиет 38 нафр, хиштрезон 16 нафар, коргарони сохаи маиши 4 нафар, дузандагон 100 нафар. Салронҳо - яъне он нафароне ки аз чангалҳо чубро тариқи рудхонаҳо ба Хоруғ мебиеранд, 182 нафар. Инхо як неруи пуриктидоре буданд ва касби мушкиле доштанд. Чубро дар чангалхои Шоҳдара ва Ғунд мебуриданду ба об мепартофтанд ва он таи 100 км руи об мерафт. Онхо аз дунболи чуб дар ҳамин масофа пиеда мерафтанд. Облпромсоюз фаъолияташро мунтаззам васеъ мекард. Чунончи бахши Шохдарагиашро гирем. Сехи охакпази 13 нафар, сехи дуредгарӣ 9, сехи охангарону хароттон 8, даравгарон 15, салронхо (ракамхо хираанд), наклиет 4 нафар. Имруз охакро аз ш. Душанбею Уш мебиерем, аммо он солхо тавасути облпромсоюз дар худи Бадахшон, аслан дар Шохдара ин махсулоти ниёзи мардумро омода мегардониданд.

Баъди пош хурдани Итиходи Шуравӣ кисмати зиеди инфраструктураи шаҳр вайрон гардид. Корхонахои калонтарини истехсолии бокимонда оҳиста оҳиста аз кор боз монданд, ки ин ба иктисодиети шахр таъсири нихоят калон расонд. Истехсоли кариб хамаи намудхои махсулоти дар солхои пеш истехсолшуда ба пурраги кать гардид. Сабаби асосӣ вайроншавии структураи истеҳсолии шаҳр аз кор боз мондани хамаи протсесҳои исеҳсолӣ ба ҳисоб мерафт. Беқурбшавии пул ва дигар сабабхо кормандони ҳамаи марказҳои истеҳсолиро маҷбур сохтанд ки аз кор хориҷ шаванд. Дар мудати 8 сол корҳонаҳои истеҳсолӣ бекор хобида буданд. Сол аз сол оромӣ шароити ба кор даровардани ҳамаи корхонаҳои пешинаро фароҳам овард. Ҳоло бошад корхонаҳои давраҳои шуравӣ аз техникаи нисбатан нави ҳозиразамон таъмин гардидаанд ва кори худро давом дода истодаанд. Ҳамаи корхонаҳои шаҳри Хоруғ дар асоси энергияи электрикии арзони истеҳсолшуда кор мекунанд. (НОБ «ПОМИР-1», ки 75% кувваи барки Вилоятро таъмин месозад)инчунин НОБ-и Хоруғ.

Заводи гушту шир – корхонаи давраи шуравӣ ба хисоб рафта холо ширкати «П А Н Ҷ» истехсоли махсулот ва умуман фаолияти ин корхонаро ба зиммаи худ гирифттаст. Ғайр аз гушту шир ин ширкат обҳои маъданиро истеҳсол мекунад, ки кисмати махсулоти баровардашуда ба шахри Душанбе низ барои савдо фиристонда мешавад. Ин ширкат фаолияти худро аз солхои 2000 сар кард. Маҳсулоти ин корхона дар баробари маҳсулоти корхонаҳои шахри Душанбе ва Хучанд сифати аъло дорад.

Заводи нони шаҳри Хоруғ – солхои пеш монанди дигар корхонаҳои калони шахри Хоруг давлатӣ буд. Солхои баъд аз чанги гражданӣ ин корхона бо маблаггузории сохибкорони алохида ба кор дароварда шуд. Холо танхо 25% ин корхона фаолият мекунаду халос лекин ин хам нишонае аз пешрафти иктисодиети дохилии шахри Хоруг мебошад. Талаботи шахрвандони шахри Хоруғро асосан ба махсулоти орди таъмин месозад.

Комбинати истехсоли бетону охан (ЖБК) – ин корхона нисбати корхонахои дигар дертар фаолияти истеҳсолиро баркарор сохт зеро талаботи ин комбинат ба ашье ва технологияи замонвӣ нисбатан зиёд мебошад. Се сол пеш ин комбинат бо маблаггузории сохибкорони Хитоӣ ба кор дароварда шуд лекин фаолитяшон аз сабаби паст будани сифати махсулот аз кор бозмонд. Холо ширкатхои давлатӣ талоши онанд то аз нав фаолияти ин комбинатро барқорор созанд.

Фарҳанг[вироиш]

Муассисаҳои асоси;

Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи М. Назарови ш. Хоруғ.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон соли 1993 дар ш. Хоруғ таъсис ёфтааст. Дар замони шӯравӣ номгузориаш Донишкадаи давлатии педагогии ш. Хоруғ буд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ - Мактабҳои касбӣ ва таҳсилоти пай дар пай (намояндагии - ШПНО) - 736000, ВМКБ, Хоруғ, кучаи Ленин 126 Тел.: +992 (3522) 22 277 Факс: +992 (3522) 22 778.

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон