Абулвафои Хоразмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Хоҷа Абулвафои Хоразмӣ)
Абулвафои Хоразмӣ
Таърихи даргузашт 1432

Хоҷа Абулвафои Хоразмӣ (форсӣ: ابوالوفا خوارزمی[1]; ? — 1432) — донишманд, шоир, ориф ва мусиқидони форс-тоҷик, аз намояндагони барҷастаи тариқаи кубравия.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ҷавонӣ ба илмҳои Аз ҷавонӣ ба илмҳои илоҳиёт, фалсафа, адабу шеър, мусиқӣ пардохта, бештар ба илми илоҳиёт дониши комил дошт, аз муридони Шайх Абӯлфатҳ (фарзанди Баҳоуддини Нақшбанд) буда, аз орифони тариқати Кубравист. Хоҷа Абулвафои Хоразмӣ шахси поку ороста буд ва мардум ӯро «фариштаи рӯи замин» лақаб намуда, дар мусиқӣ ва шеър низ машҳури замон, созҳои қонун, танбӯрро дар ғояти устодӣ менавохт ва дар ин созҳо таснифоти зиёде сохтааст. Хоҷа Абулвафои Хоразмӣ ба шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, Ҳирот сафар намуда, бо Устод Шодӣ, писараш Ғулом Шодӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Ҷомӣ, Навоӣ шинос шуда, дар масоили шеъру мусиқӣ, фалсафа ва илоҳиёт сӯҳбату машваратҳои илмию амалӣ намудааст. Дар илми назарии мусиқӣ рисолае нигошта, дар ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Хоразм, Самарқанд эътибори шоиста дошт[2].

Дар масоили шеър ҳам таълифоти назарӣ нигошта, бештар ба иртиботу шеъру мусиқӣ нуктаҳои тоза баён намуда, таснифоти «Амали ирфон», «Нақши хоҷагон», «Қавли маҳваш», «Рехтаи Кубравӣ» назди аҳли созу овоз мӯътабар буда, сарояндагону мусаннифони Хоразму Ҳирот, Самарқанд, Бухоро тазминҳои мусиқӣ сохтаанд. Хоҷа Абулвафои Хоразмӣ «Куллиёт»-е сохта, ки матлаъи он бо мисраъи зерин оғоз мешавад: Илми мусиқӣ ар ҳаме талабӣ, Субҳдам пардаи «Раҳовӣ» соз. Аз Хоҷа Абулвафои Хоразмӣ рубоиёту тарҷеъоту соқиномаҳои ҷолибу гуногунмавзӯъ боқӣ монда ва рубоии зер далели табъи баланди шоирии ӯст: Эй он ки туӣ ҳаёту ҷону ҷонам, Дар васфи ту гарчи оҷизу ҳайронам. Биноии чашми ман туӣ мебинам, Доноии ақли ман туӣ медонам. Хоҷа Абулвафои Хоразмӣ, ки аз намояндагони барҷастаи тариқати Кубравӣ аст ва мусиқӣ, созу овоз назди аҳли ин тариқат бисёр эъҷоз шуда, дар навиштаҳояшон олами рангомези созу навозро хеле муассир ба қалам оварда, роҷеъ ба масоили зебоишиносӣ нукоти ҷолиб намудаанд[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ابوالوفا خوارزمی. دایره المعارف بزرگ اسلامی.
  2. 2.0 2.1 Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 331. — ISBN 978-99947-49-13-3.