Чаковак

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Чаковак

Чаковак — парандаест хушовоз аз тираи чаковакиён (лотинӣ: Alaudidae) ва ростаи гунҷишксонон (лотинӣ: Passeriformes) ки пару боле рага—рагаи қаҳваӣ, нӯле рост ё каж ва нохуни ангушти шасти дароз дорад ва ҳангоми парвоз овоз мехонад.

Чаковакҳо рӯи замин бештар роҳ мераванд ё медаванд. Нохуни ангушти ақибии пои онҳо дароз, рост ва нӯктез аст. Бештар гурӯҳ—гурӯҳ зиндагӣ мекунанд. Ҷуз дар бархе маворид, нару модаашон ҳамшакл аст. Чаковакҳо рӯи замин ошиёна месозанд. Хӯрокашон донаҳо, ҳашарот ва нармтанон аст.

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад: