Чойкаҳак

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Чойкаҳак

Чойкаҳак– Hypericum perforatum (Зверобой продырявленный).

Чойкаҳак – растании бисёрсола буда, баландиаш то 1 метр мешавад.

Тавсиф ва сифат[вироиш]

Решааш – тиррешаи сернавда мешавад.

Пояаш – ростистодаи суфтаи дуќиррадор мебошад.

Баргҳояш – нишастаи мутаќобил, шаклашон – эллепсшакл ё ки камтар дарози – байзашакл (дар дарози 0,7-3,5 см ва дар паҳни 0,2-1,5 см) буда, дар танаи худ нуќтаҳои равғанини ғадуддор дорад, лаби паҳнаки барг сиҳати яклухт мебошад.

Хӯшагул – ҳорӯбаки - сипаршакли бисёргула.

Рангаш – зарди тилодор, гулбаргаш – 5 то дарози-эллепсшакл (1-2 см дар дарозӣ ва 0,4-0,5 см дар паҳнӣ) бо нуќтаҳои майдаи сиёҳи ғадуддор мебошад.

Мевааш – ќутичаи сеќисмае мебошад, ки дар дарунаш бисёр тухм ҷойгир шудааст (аз 45 то 100 дона).

Тухмаш – майдачаи дарозрӯя ё ки слиндршакл, рангаш ҷигарии-торик, дарозиашон то 1 мм мебошад. Вазни 1000 дона тухмӣ ба 0,10 -0,15 грамм баробар мебошад.

Макон[вироиш]

Чойкаҳак моҳҳои май-июл гул карда, моҳҳои сентябр-октябр тухм медиҳад.Чойкаҳак дар нишебиҳои адирҳо, лаби ҷӯйбору дарёчаҳо, байни алафзорҳо дар ҷойҳои серофтоби ноҳияҳои Зарафшон, Туркистон, ҲисоруДарвоз, Ҷанубу-Шарќи Тоҷикистон дар баландии 600-3000 метр мерӯяд.

Сифати доругӣ[вироиш]

Дар тиб қисми болоии гулкардаи растаниро истифода мебаранд. Аз даври ќадим чойкаҳакро ҳамчун растании дорувор истифода мебурданд. Чойкаҳакро аз бисёр бемориҳо истифода мебаранд, ҳамчун: зидди газаки гурда ва меъда ҳамчун ҷойҳои маҳкамшударо мекушодагӣ. Тухмии чойкаҳак меъдаро мустаҳкам менамояд ва дар ваќти касалиҳои дил ва ғайра истифода бурда мешавад. Чойкаҳак иштиҳои одамро нағз карда, кори рўдаҳоро нағз мекунад ва пешобро медавонад. Препаратҳои галенӣ, ки аз алафи чойкаҳак тайёр карда мешаванд ҳамчун хунманъкунанда ва зидди газзак истифода мебаранд.

Бо методи фармокологӣ исбот карда шудааст, ки алафи чойкаҳак ба худ хусусиятҳои давондани пешоб ва нест кардани кирмҳоро дорад. Шароби 10% ин алаф зидди острицаҳо (гименолепидоза) истифода мебаранд. Дар ветеринария аз шароби 20% -и алафи чойкаҳак эмульсияро дар асоси равғани вазелин тайёр карда, бо он захмҳои чорворо табобат менамоянд.

Нигаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:

Манобеъ[вироиш]

Сатторов Ҷ.С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». – Душанбе, 2007