Шабнами Сурайё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шабнами Сурайё
Шабнам
Таърихи таваллуд 14 октябр 1981(1981-10-14) (42 сол)
Зодгоҳ Кӯлоб, Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 2004 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии попи тоҷикӣ, эстрада

Шабнами Сурайё (14 октябри 1981, Кӯлоб, Тоҷикистон) — яке аз маҳбубтарин ҳунарпешаҳо дар заминаи овозхонӣ ва рақсу мусиқии попи тоҷикӣ мебошад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шабнами Сурайё — 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Шабнам ҳамчун «тахаллуси саҳнавӣ» ба худ, ба шарафи модараш Сурайё Қосимова, «Шабнами Сурайё»—ро қабул кардааст. Падараш корманди ҳифзи ҳуқуқ, шодравон Хуршед Рабиев, модари Шабнам — Сурайё Қосимова ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед — низ аз ҳунарпешаҳои шинохта дар Тоҷикистон ҳастанд. Шавҳари Шабнами Сурайё, Холид Зоҳир мебошад ва онҳо духтаре доранд бо номи Шарифа.

Ҳунарнамоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Шабнамро машҳуртарин овозхони тоҷик медонанд, ки шуҳраташ аз марзҳои Тоҷикистон гузашта ва ҳунараш дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон дӯстдорони бисёре дорад. Шабнам сурудҳои тоҷикӣ, русӣ, афғонӣ ва форсиро бо мусиқиҳои замонавӣ тобиш дода месарояд, ки ҳаводоронаш аз ин ру меафзоянд. Вай сурудҳои Сурайё Қосимова, Фарҳоди Дарё, Лайло Фуруҳар ва Аҳмад Зоҳирро низ бозхонӣ кардааст. Шабнам соли 2004 бо суруди "Ман садқаи ту"дар саҳнаи мусиқии Тоҷикистон зуҳур кард[1], аммо замоне номдор шуд, ки яке аз сурудҳояш «Аз қудуми сафар» дар соли 2006 беҳтарин суруди Тоҷикистон шинохта шуд[2].

Шабнам дар солҳои 20082009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷӣ панҷ консерт дар Аврупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Ню-Йорк, Лос Анҷелес, Сан Франсиско) баргузор кардааст. Дар соли 2014 сазовори ҷоизаи беҳтарин ҳунарпешаи кишварҳои форсизабон, дар озмуни мусиқии «Big Apple Award», дар шаҳри Ню Йорк гардид. Соли 2017 дар озмуни мусиқии «Daf BAMA Music Awards 2017» ки дар шаҳри Ҳамбурги Олмон баргузор шуд, Шабнам иштирок кард ва соҳиби ҷоиза шуд. То ба кунун албомҳои зиёдаш рӯи нашрро дидааст. Шабнам бо бархе аз овозхонони тоҷик, аз ҷумла Ҷонибек Муродов, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, шодравон Суҳроб Сафарзод, Парвина Шукруллоева ва дигарон ҳамкорӣ мекунад. Шабнам дар Эрон, Афғонистон ва Ӯзбакистон низ дӯстдорони бисёре дорад, аз он хотир, ки бархе аз сурудҳои маъруфи эрониву афғониро, аз ҷумла «Ёри сабзина», «То туро дидам», «Аз қудуми сафар» (аз Амирҷон Сабурӣ) ва «Шишта бошам» (аз Фарҳоди Дарё) бозхонӣ карда бо овозхонони тоҷики афғонистонӣ Ҷовид Шариф ва Наҷиб Навобӣ ва эронии амрикоӣ Лайло Фуруҳар, бо сарояндаи ӯзбек Юлдуз Усмонова сурудҳои дуовоза иҷро кардааст. Соли 2007 Созмони Миллали Муттаҳид Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъйин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан БНМБ мусоидат намояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]