Шавкати Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шавкати Бухороӣ
форсӣ: شوکت بخارایی
Тахаллусҳо: Shaukat
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1695
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Шавкати Бухороӣ (форсӣ: محمد بن اسحاق بخارایی‎; ?, Бухоро — 1695, Исфаҳон) — шоири тоҷик, яке аз намояндагони барҷастаи сабки ҳиндӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Падараш сарроф буд. Баъди таҳсил дар Бухоро пешаи падарро давом дода, ба шоири низ ном баровард. Баъдтар ба Эрон, Ҳиндустон сафар кард. Шавкати Бухороӣ шоири соҳибдевон аст. Асосан шоири ғазалсаро буда, дар қасида ва қитъаю рубоӣ низ дасти қавӣ дошт. Дар ашъораш носозиҳои замон, макру тазвири аҳли дин, ҳасудию нотавонбинӣ, бефаҳмию ҷоҳилии ҳукуматдорон, беадолатиҳои замона мазаммат гардида, сабру қаноат, саховат, ахлоқи ҳамида, дӯстию рафоқат, беозорӣ, ишқу ошиқӣ ва хушиҳои зиндагӣ тараннум шудаанд. Намунае аз ғазалиёти ӯ:

Ҷудо аз ошьёни худ зи бас ошуфтааҳволам,
Нагардад дом дам шерозаи маҷмӯаи болам.
Ба каф сарриштаи ғурбат, ба дил ёди ватан дорам,
Бувад ҳамчун гуҳар чашме ба рӯ, чашме ба дунболам.
Чӣ суд аз бахти сабзам, чун надорад толеам авҷе
Замингир аст ҳамчун сабзаи хобида иқболам.
Надорад шоҳиди саргаштагӣ машшотаро ҳоҷат.
Чу паргор аст аз хамёзаҳои пои халхолам.

Нусхаҳои гуногуни девонаш дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АФ ҶШС Тоҷикистон маҳфузанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ашъори мунтахаб. Д, 1963;
  • Нури аср [Аз ғазалиёт], Д., 1986.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шавкати Бухороӣ / М. Аҳмадов // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).