Шаклҳои асосии китобхонаҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Китобхонаи миллӣ - толори китобҳои нав.JPG
Китобхонаи миллӣ - толори китобхонаи электронӣ.JPG

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" (16 июли соли 2003) Боби I.Моддаи 4. Шаклҳои асосии китобхонаҳо муайян карда шудаанд. Ҳама гуна мақомоти қокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таъсис додани китобхонаҳо ҳуқуқ доранд. Мутобиқи тартиби таъсисдиҳӣ ва шаклҳои моликият, шаклҳои асосии китобхонаҳои зерин маълуманд: китобхонаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд, аз он ҷумла:

  • китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ;
  • китобхонаҳои вазоратҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия;
  • китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ таъсис дода мешаванд;
  • китобхонаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажўҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ;
  • китобхонаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо;
  • китобхонаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
  • китобхонаҳои хусусӣ;
  • китобхонаҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.

Инҷоро ҳам бингаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]