Шашмақом

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Шашмақом - мусиқии суннатии Осиёи Миёна (бештар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон) аст. Таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. Созҳои ба кор рафта дар ин мусиқӣ иборатанд аз:рубоб, барбат, доира, даф ва танбур. Шашмақом аз мақомҳои бузург, рост, наво,, дугоҳ, сегоҳ ва ароқ ташкил шудааст. ЮНЕСКО дар соли 2000 мелодӣ, шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд[1].

Рубоб

Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва «Қуръон»-и мусиқии миллати тоҷик ёд мешавад[2].

Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯйи кор омадааст[3]. Шашмақом ансамбл (1976), ансамбли халқи (1986). Дар ҳайати "Шашмақом" коркуни хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Юлбарсов, ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Юсупов, дорандаи медали «Хизмати шоиста» А.Шерматов, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Л.Файзиев, саръаткорон А.Усмонов, З.Шарипов, С.Тоҳирҷонов, А.Қодиров, Ч.Тӯйчиев, Т.Мамадов, А.Қаюмов ва дигаронро муттаҳид намуда дар муддати кӯтоҳ ба дили мухлисони сурудҳои классикӣ роҳ ёфт.

Солҳои 1977-1987 "Шашмаҳом" доимо дар байни меҳнаткашон, озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, тавассути садою симои ҷумҳурӣ баромад карда, маҳорати худро сайқал медод. Дар фонди садои ҷумҳурӣ қариб 50 асари мусиқии классикӣ дар иҷрои ҳофизону навозандагони ин ансамбл сабт шудааст. Иштирок дар симпозиуми байналхалқӣ дар шаҳри Самарқанд ба ансамбл шӯҳрати беандоза овард. Соли 2003 дар фестивал-симпозиуми байналхалқии "Шашмақом дар намоиши мамлакатҳои шарқ" дар шаҳри Исфара бомуваффақият баромад намуданд.


Шашмақом дар Амрико[вироиш]

"Хонаводаҳои саршиноси яҳудиҳои бухороӣ анъанаҳои шашмақомхонии тоҷикони Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан, Фарғонаву Исфараро даҳҳо ҳазор километр дур аз сарчашмаҳои ҳунари волояшон ҳифз мекунанд ..."[4]

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. http://radiozamaneh.com/culture/goonagoon/2011/05/08/3835 تاجیکستان بیست ساله، موسیقی صد ساله
  2. http://www.ozodi.org/content/article/2040155.html Мусоҳиба бо Ҷӯрабек Муродов дар бораи Шашмақом - Озодӣ 12.05.2010 дастрасӣ 12.05.2010
  3. http://www.ozodi.org/content/article/2040155.html Мусоҳиба бо Ҷӯрабек Муродов дар бораи Шашмақом - Озодӣ 12.05.2010 дастрасӣ 12.05.2010
  4. http://www.ozodi.tj/content/transcript/1887248.html Навои Шашмақом дар фазои Ню Йорк - Озодӣ 25.11.2009 дастрасӣ 20 апрел 2010