Шикампарда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шикампарда (Peritoneum), пардае, ки ҷавфи шикам ва дохили онро мепӯшонад. Шикампарда халтаи сарбаста ба вуҷуд меорад. Дар фазои байни Шикампардаи ҷидорӣ (перисталӣ) ва Шикампардаи аҳшоӣ (виссериалӣ) миқдори ками зардоб мавҷуд аст. Ҳангоми ба узвҳо ва аз узв ба узви дигар гузаштани Шикампарда чинҳо пайдо мешаванд, ки пайҳо, масориқа, чарбу ҳосил мекунанд. Байни чинҳо ва пайҳои Шикампарда киссачаҳо, халтачаҳо ва чуқурчаҳо пайдо мешаванд. Сатҳи Шикампарда лағжонак буда, барои ҷо ба ҷо шудани узвҳои ҷойивазкарда шароити мусоид фароҳам меоварад. Шикампарда дар ҳифзи узвҳои ҷавфи шикам нақши муҳим мебозад. Ба иллатҳои Шикампарда нуқси инкишофи он мансуб аст, ки боиси пайдоиши чурраҳои гуногун мегарданд (аксар вақт ҷарроҳии фавриро талаб менамояд). Дар Шикампарда ҳамчунин осеб, бемориҳои илтиҳобӣ, омосҳои некфарҷом ва бадфарҷом ба мушоҳида мерасанд.

Тарҳи шикампарда дар сатҳи қафои девораи пеши шикам; намуд аз қафо, аз ҷониби ҷавфи шикампарда. 1 – шикампарда; 2 – чуқуричаи болои масона; 3 – чуқурчаи миёнҷоии қадкашак; 4 – чуқурчаи канории қадкашак; 5 – чини канории ноф; 6 – чини мобайнии ноф; 7 – чини васатии ноф; 8 – бандаки мобайнии ноф; 9 – артерияи ноф; 10 – артерияи поёни фавқи шикам; 11 – бандаки қадкашак; 12 – пешобдон.

Нигористон[вироиш | вироиши манбаъ]


Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]