Шоҳназар Соҳибов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳназар Соҳибов
Шоҳназар Соҳибов
Таърихи таваллуд 1903(1903)
Зодгоҳ шаҳри Бухоро
Таърихи даргузашт 1973(1973)
Пеша(ҳо) оҳангсоз

Шоҳназар Соҳибов (1903 – 1973) – оҳангсоз, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Борбад.

Ҳолнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз соли 1921 то соли 1925 дар шуъбаҳои вокалӣ ва созии Техникуми мусиқии Бухоро таҳсил намудааст. Пас аз хатми техникум то соли 1927 дар ҳамон ҷо ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, сипас ба шаҳри Самарқанд омада, дар Институти мусиқӣ таҳсил карда, аз соли 1931 то соли 1933 ба сифати роҳбари мусиқии театри мусиқӣ-драмавӣ кор мекунад. Аз соли 1933 вай дар Театри мусиқӣ-драмавии Бухоро ба ҳайси роҳбари мусиқӣ фаъолият менамояд. Соли 1935 Ш.Соҳибов ба студияи ӯзбекии назди Консерваторияи Москва ба синфи композиторӣ дохил мешавад. Баъди хатми студия соли 1941 вай ба Ӯзбекистон баргашта, дар ибтидо ҳамчун роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон дар Тошканд, сипас то соли 1943 – ҳамчун директори институти илмӣ-таҳқиқотии мусиқӣ фаъолият менамояд. Солҳои 1943-1948 дар радиои Ӯзбекистон кор мекунад. Аз соли 1948 бо даъвати роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе омада, дар Филармонияи давлатии тоҷик ҳамчун роҳбари мусиқӣ ва бадеӣ ва аз соли 1950 ба ҳайси ходими калони илмии кабинети илмӣ-таҳқиқотии Хонаи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ низ адои вазифа менамояд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоҳназар Соҳибов роҳи калони ҳаётро тай намудааст. Ҳамчун оҳангсоз дар ҷумҳурӣ ӯ бо асарҳои жанри суруд ва хор машҳур аст, ки дар онҳо ҳамеша оғози барҷастаи навои саршор аз самимият, садоқат ва мустақилият хос аст. Такнавозии фортепиании ин асарҳо бо аслият ва бомантиқии худ фарқ мекунад. Ш.Соҳибов яке аз оҳангсозони маъруфи сурудсарои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Бисёр сурудҳои ӯ ба таври устувор ба репертуари коллективҳо ва сарояндагони касбӣ ворид гардидаанд. Аз байни ин сурудҳо метавон «Дар ҳаваси рӯи ту» (шеъри Ҳилолӣ), «Шарқи озод» (шеъри Б.Раҳимзода) ва дигаронро номбар кард. Суруди ӯ «Дар водии зарнисори колхоз» дар Пленуми VII композиторони СССР дар Москва иҷро гардида буд. Дар баробари фаъолияти мустақилона Ш.Соҳибов дар ҳамкорӣ бо дигар композиторон, асосан барои эҷоди асарҳои калонҳаҷм, ҳамкорӣ менамояд. Масалан, дар ҳамкорӣ бо М.С. Муравин мусиқӣ ба намоишномаи театришудаи «Суруд дар васфи сурудҳо», бо ҳамроҳии А.С. Ленский бошад – кантатаи «Шараф ба партияи болшевикон», бо Ф.Шаҳобов ва Ю.Тер-Осипов – достони симфонии «Сегоҳ», бо Я.Сабзанов – мусиқӣ ба намоишномаи «Рӯдакӣ», бо Ю.Тер-Осипов – достон барои овоз ва оркестри симфонии «Ман аз Шарқи озод» эҷод гардидаанд. Истеъдоди баланди хушнавоии Ш.Соҳибов бо як қатор хусусиятҳои хос фарқ мекунад, ки онҳо ба сурудҳои ӯ аслияту таровати нотакрор мебахшанд. Оҳангҳои Соҳибов бо зиндадилии барҷаста, навои шӯх, соддагӣ, вокализм мумтоз фарқ мекунанд, ки ин мақбули онҳоро барои иҷрокунандагон ва муваффақияти онҳоро дар назди шунавандагон таъмин менамояд. Ҳамчун донишманди маъруфи мусиқии мардумӣ ва классикӣ Шоҳназар Соҳибов якҷоя бо Фазлиддин Шаҳобов ва Бобоқул Файзуллоев Шашмақомро бори нахуст ба шакли нота сабт намуданд. Асрҳои аср ин шоҳасар ба тарзи шифоҳӣ маъмул буд ва сабти нотавии он баҳри нигаҳ доштани матни азими Шашмақом ба амал оварда шуда буд. Меҳнати ватандӯстонаи ин се абармарди санъати миллиро ба назар гирифта, давлат онҳоро бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардонид. Дар баробари фаъолияти эҷодӣ Ш.Соҳибов ба иҷрокунандагӣ фаъолона машғул буд. ӯ яке аз сарояндагони маъруфи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳамчун ҳофиз ӯ ҳамеша мусиқии мардумӣ ва классикиро тарғиб менамуд. Ҳамчун роҳбари мусиқӣ ва сипас роҳбари бадеии ансамбли шашмақомсароёни назди Кумитаи радио ва телевизион (баъди соли 1968) ӯ хеле зиёд ва пурмаҳсул фаъолият намуда, баҳри тарбияи сарояндагони ҷавон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз соли 1966 Ш.Соҳибов чандин маротиба узви Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон интихоб гардид. Ба муносибати 20-солагии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз бо супориши Президенти Ҷумҳурӣ соли 2011 нашри дуюми сабти нотавии Шашмақом, ки устодони бузург Ф. Шаҳобов, Б. Файзуллоев ва Ш. Соҳибов онро нахустин бор солҳои 50-60-уми қарни гузашта сарбаландона иҷро карда буданд, ба амал оварда мешавад. Ин нишондоди зарурати омӯзиши мероси беҳамтои ин устодони Шашмақом мебошад.

Мукофот ва ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ш.Соҳибов сазовори унвони

Грамотаҳои фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусиқии симфонӣ:

  • «Сегоҳ», достони симфонӣ, дар ҳаммуаллифӣ бо Ф.Шаҳобов ва
  • Ю.Тер-Осипов.

Асарҳои вокалӣ:

  • «Шараф ба партияи болшевикон», кантата дар ҳаммуаллифӣ бо А.С. Ленский.
  • «Ман аз Шарқи озодам», достон барои овоз ва оркестри симфонӣ, дар ҳаммуаллифии Ю.Тер-Осипов.

Сурудҳо:

  • «Дар ҳаваси рӯи ту», шеъри Ҳилолӣ.
  • «Шарқи озод», шеъри Б.Раҳимзода.
  • «Суруди Ватан».
  • «Пахтачинон месароянд».
  • «Дар водии зарнисори колхоз» ва ғайра.
  • Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ:
  • «Суруд дар бораи сурудҳо», намоишномаи театришуда, дар ҳаммуаллифӣ бо М.С. Муравин.
  • «Рӯдакӣ», мусиқӣ ба намоишнома, дар ҳаммуаллифӣ бо Я.Сабзанов.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мусиқишиносон ва оҳангсозони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011.