Шукурҷон Зуҳуров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шукурҷон Зуҳуров
Зуҳуров Шукурҷон Зуҳурович
17 марти 2010 — 17 марти 2020
Пешгузашта Сайдулло Хайруллоев

Таваллуд 16 апрел 1954(1954-04-16) (69 сол)
Фарзандон 5 фарзанд
Ҳизб Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (аз соли 1991)
Таҳсилот
Эътиқод Ислом
Ҷоизаҳо Ордени «Дӯстӣ», Ордени Шараф
 Парвандаҳо дар Викианбор

Шукурҷон Зуҳуров (Зуҳуров Шукурҷон Зуҳурович; тав. 16 апрели 1954, ноҳияи Панҷ, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2010-2020)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зуҳуров Шукурҷон 16 апрел, соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Академияи идоракунии Федератсияи Россия ва Донишгоҳи муҳандисӣ - заминсозии шаҳри Москваро бо ихтисоси муҳандиси заминсоз хатм намудааст. Дар вазифаҳои муҳандис - заминсози ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, сардори шуъбаи истифодаи замин ва заминсозии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои собиқ вилояти Қурғонтеппа, инструктор, мудири шуъба ва котиби Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон, раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод), раиси Кумитаи давлатии меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Зуҳуров Шукурҷон аз оғоз то охири гуфтушунидҳои сулҳи байни тоҷикон иштирок намуда, дар ду давраи аввал (Москва, Теҳрон) раиси ҳайати ҳукуматӣ ва дар давраҳои дигар муовини аввали раиси ин ҳайат буд. Аз соли 1997 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи раиси Зеркомиссияи муҳоҷирони Комиссияи оштии миллӣ кор кардааст. Ӯ дар як вақт, аз соли 1998 то соли 2000 вазифаи раиси Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои барқарорсозии баъдиҷангро иҷро намудааст.

Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум (1995 - 2000). Зуҳуров Шукурҷон 28 феврали соли 2010 аз ҳавзаи интихоботии Рашт, № 12 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ва 16 марти соли 2010 дар ҷаласаи якуми иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Президенти гурӯҳи миллии парламентии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентии ҷаҳон низ мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров - аз Ҳавзаи интихоботии Рашт № 12 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [2]

Ҷоизаву медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ордени «Дӯстӣ»
  • Ордени «Шараф»
  • Медали «20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  • Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бойгонӣ шудааст 6 апрели 2015  сол.