Шӯриши Спитамен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Харитаи юнонӣ (асри IV то м.)

Ш Аспи Спитамен

Ҷанги Искандари Мақдунӣ муқобили Суғд ва Уструшан[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз шикаст додани лашкари Форс ва забт намудани марказ ва қисми асосии давлати Ҳахоманишиҳо, Искандари Мақдунӣ ба сӯи Шарқ лашкар кашид. Вай дар шарқ мулки Бохтарро низ забт намуд. Шоҳи Бохтар Бесс бар зидди ӯ мубориза мебурд. Бесс аз лашкари юнону – мақдунӣ ҳаросида ба сӯи давлати Суғд фирор намуд. Дар Суғд ӯро Спитаман (юнонии бостон Σπιταμένης)порсии бостон: Spitamana ном сарлашкари суғдиён дастгир намуда, барои аз ҷанг ҳаросиданаш ба Искандар супорид. Ҳамин тавр, Искандари Мақдунӣ охирин шоҳи Форсро дар пеши назари худи форсиҳо ба қатл расонд ва тамоман торумор шудани давлати Форсро эълон кард. Искандар лашкарашро аз дарёи Окс гузаронд ва ба ҷанги муқобили Давлати Суғди қадим омода шуд. Вай ҷануби давлати Суғдро ишғол карда ба маркази он шаҳри Мароқанд ҳамла овард. Ба муқовимати сахт дучор гардид, вале шаҳрро ишғол намуд. Искандар аз хавфи он, ки шӯриш ба амал наояд, деҳоти атрофи шаҳрро оташ зада ба харобазор табдил дод. Дар Мароқанд бошад як дастаи пуриқтидори юнону – мақдуниро гузошт. Сипас Искандар ба самти шимолу – шарқ ҳаракат намуд. Дар роҳ ба мушкилотҳои зиёде дучор гардид. Сабаби ин мушкилиҳо дар он буд, ки мардуми Суғд ба муқобили истилогарони аҷнабӣ сар бардошта, зарбаҳои сахту шадид мезаданд. Ин мубориза дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Лашкари юнону – мақдунӣ ба сӯи Уструшан (ҳоло Истаравшан) ҳамла карда ба ғорат кардани ин диёр шурӯъ карданд. Мардуми Уструшан ба бедодигариҳо тан надода бар зидди истилогарони аҷнабӣ сар бардоштанд ва бо онҳо ҷангиданд. Чунон, ки дар кӯҳсори Уструшан ҷанги шадиде дар миёни суғдиён ва мақдуниён ба вуҷуд омада будааст, ки муарихони қадим қайди махсус кардаанд. Дар натиҷаи ин лашкаркашӣ 22 ҳаз аз халқи маҳаллӣ кушта мешавад.[1] Искандар боз ба шимолтар ҳаракат карда ба соҳили дарёи Яксарт (Сирдарё) расида заминҳо ва шаҳрҳои соҳили чапи дарёро ишғол кард. Дар соҳили рости Сирдарё қабилаҳои скифҳо (сакоиҳо) зиндагӣ мекарданд. Искандар аз скифҳо ҳаросида ба он тарафи дарё гузаштанро нахост. Дар вақти забт намудани Уструшан ва соҳили Сирдарё, дар Давлати Суғди қадим ва Подшоҳии Бохтари қадим шӯришҳо бар зидди истилогарон сар мезаданд. Вале Искандар Уструшан ва соҳили Сирдарёро ишғол намуда ба шӯришҳо бепарвоёна назар мекард. Искандар панҷ шаҳри соҳили Сирдарёро тасарруф намуда тамоми мардони асирафтодаро ба қатл расонд ва занҳою кӯдаконро ба ғуломӣ бифурӯхт. Баъд аз шӯришҳоро камтар ором кардан, Искандар дар соҳили дарёи Сир шаҳре бисохт ва номи Искандарияи канора ба он гузошт. Ин шаҳрро вай ҳамчун қалъае барои муҳофизат намудани империяи худ аз қабилаҳои кӯчманчӣ сохта буд. Искандар дар ин шаҳр аскарони захмбардошта ва ғуломони аз шаҳрҳои гуногун овардаи худро ҷойгир намуд.

Муборизаи суғдиён муқобили истилогарони юнону – мақдунӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин лаҳзаҳо мардони ҷасуру нотарси суғдиро ба ҳайрат меовард ва маҷбур месохт то онҳо заминҳои аҷдодони худро аз истилогарони аҷнабӣ озод намоянд. Ба муборизаи муқобили истилогарони юнону – мақдунӣ баҳри истиқлоли Суғду Бохтар сипаҳсолори cуғдӣ Спитаман, ки яке аз симоҳои хеле барҷаста дар таърихи аҷдоди қадими халқи тоҷик мебошад, сарварӣ мекард. Дар соли 329 то милод Спитаман бо қувваи зиёде, ки ба он низ аҳолии осоишта низ ҳамроҳ карда шуда буданд, шаҳри Мароқандро ишғол кард. Қувваҳои асосии юнониён шикаст хӯрда, қисми ками онҳо ба қалъаи шаҳр паноҳ бурданд. Искандар пас хомӯш кардани шӯриш дар соҳили Сирдарё барои кумаки муҳосирони қалъаи Мароқанд 3 ҳазор нафар аскари пиёданизом ва 800 нафар аскарони савораро фиристод.[2] Вақте, ки юнону – мақдуниён дар такопуи ишғол намудани Уструшан ва Фарғона буданд, оташи исён тамоми давлати Суғд ва қисми Бохтарро фаро гирифта буд. Искандари Мақдунӣ миқёси шӯришро дарк накарда, ба қӯшуни муҳосира шудааш дар Мароқанд қӯшуни начандон калонро фиристод. Вақте, ки дастаи аскарони пештар фиристодаи ӯ ба Мароканд наздик омаданд, Спитаман шаҳрро аз муҳосира озод намуда, зиракона ақиб нишаст. Аскарони мақдунӣ ин аҳволро дида аҳолии шаҳр ва деҳоти атрофи шаҳрро барои ба тарафи шӯришгарон гузаштанашон ҷазо доданд. Спитаман дар ақибгоҳи худ, яъне дар дашт скифҳоро ба лашкари худ ҳамроҳ намуда боз ба ҳамлаи навбати омода мегардид. Бо ин қувваи пурзӯр боз ба Мароканд ҳамла намуда шаҳрро ба пуррагӣ ишғол намуд. Дар ин набарди сахт Спитаман ва ҷанговаронаш ба лашкари юнону – мақдунӣ зарбаи сахт зада, онҳоро аз шаҳр берун карданд. Қисми зинда мондаи лашкари душман рӯ ба гурез ниҳода ба як ҷазираи байни дарёи Зарафшон паноҳ бурдаанд. Лекин Спитаман юнониёнро дар ҷазира ба муҳосира гирифта тирборон карда онҳоро тамоман торумор намуд.

Чунон, ки муаррих мегӯяд

«Спитаман ба коре мувафақ гардидааст, ки касе аз ӯҳдааш баромада натавониста буд: ӯ дар муҳориба як қисми қӯшуни мақдуниро маҳв намуд»

[3]

Спитаман, ки аз тарафи аҳолии маҳаллӣ ҳимоят медид дубора шаҳри Марокандро муҳосира кард. Вақте, ки Искандар бо қувваҳои асосии худ ба Мароканд наздик омад Спитаман боз бо усули хоси худ, яъне бе ҷангу ҷадол аскарони худро боз ба ақибгоҳ бурд. Азбаски Искандар дар муҳорибаи бо Скифҳои бодиянишин кардаи худ дарси ибрат гирифта буд, ҳаросид ва Спитаманро дар саҳро таъқиб накард. Бо усули хосаи худ Искандар ҳам ба мардуми осоиштаи водии Зарафшон ҷазо фармуда як қисми онҳоро ба қатл расонд. Занон ва кӯдаконро ба ғуломӣ фурӯхт. Вай фармон дод, ки калонсолонро низ ба қатл расонанд. Чунон, ки муаррих мегӯяд: «Сӣ нафар мӯйсафедони суғдие, ки маҳкуми марг гардида буданд, чунон хунсардие нишон доданд, ки мақдуниён ангушти ҳасрат газиданд: онҳо ба сӯи қатлгоҳ сурудхонон ва рақскун мерафтанд»

Соли 328 то милод дар Бохтар пешвоёни хоразмӣ ва скифҳо бо мақдуниён сулҳ бастанд. Ин ҳам, яке аз сабабҳои истилои пурраи Осиёи Миёна аз тарафи юнону – мақдуниён мебошад. Искандар бо қӯшунҳои хоинонаи хоразмӣ пуриқтидортар гардид. Суғд ҳам, ба вуҷуди додани талафоти зиёд мутеъ шуданро ба хотир наоварда, дар таҳти роҳбарии Спитаман ба муҳорибаҳои навбатӣ омода мегардид. Спитаман як рӯз ҳам ба душман осоиш намедод. Ӯ бо дастаи савораи суғдиён ба сари истилогарон ҳуҷум овард, ба онҳо зарбаҳои ҳалокатовар мезад. Аксарияти суғдиҳо ба ҷойҳои дастнорас паноҳ бурда ба Искандар итоат карданро намехостанд. Як чиз гувоҳи медиҳад, ки суғдиёне, ки ба болооби дарёи Зарафшон, дар куҳистони баланд паноҳ бурда, дар он ҷо то айни ҳол мондаанд. Баъзе аз онҳо ҳатто забони қадимаи худро гум накардаанд.

Фурӯ нишодани шӯриши Спитамен[вироиш | вироиши манбаъ]

Искандар ба мақсади фурӯ нишодани шӯриш лашкари 20 ҳазор нафараи худро ба панҷ даста тақсим карда, аз як гӯша ба гӯшаи дигари Суғд ҳаракат намуд, ва ҳар як одами рӯ ба рӯ задаро аз дами теғ гузаронд. Ӯ беш аз 120 ҳазор нафар суғдиёнро дар ин хунхории даҳшатангез ҳалок намуда буд. Дар натиҷаи ин ҷазодиҳии мудҳиш мамлакат ба дараҷае холӣ гардид, ки Искандар ба яке аз саркардаҳои худ фармон дод то ба “Ҷои Суғд дубора шаҳре таъсис намоянд”.[3] Дар чунин вақт, ки истилогарони юнонӣ Суғдро ба хун оғушта мекарданд ва сарлашкари дар Бохтар гузоштаи Искандар барои дар итоат нигоҳ доштани мамлакат ва танбеҳ додани шӯришгарон ҳар гуна чораҳо медид. Спитаман бо 600 нафар аскарҳои савора ба ақибгоҳи Искандар, яъне ба Бохтар гузашта, бо тамоми шуҷоат муборизаро бар зидди аскарони юнони давом дод. Дар тирамоҳи соли 328 то милод ӯ бо се ҳазор аскари савора боз ба пойтахти Суғд роҳсипор шуд. Спитаман пас аз ҷанги сахте, ки аз ду тараф бисёр одамон ҳалок гардида буданд, ба тарафи саҳро ақиб нишаст, вале дар ин ҷо яке аз сардорони қабилаҳои бодиянишин хоинона ба ӯ ҳамла оварда сарашро аз тан ҷудо карданд ва онро ба Искандар фиристоданд. То ки ба ин васила хавфу хатари бар сари худашон таҳдидкунандаро бартараф кунанд. Ҳалокати Спитаман ҳеч гоҳ тамоман зафар ёфтани истилогарони аҷнабӣ ва комилан сари таслим фуруд овардани суғдиёнро ифода намекард. Вазъияти мамлакати Суғд мисли пештара барои таҷовускорони юнону – мақдунӣ хатарнок буд.Марги Спитамен барои шӯришгарон талафоти калон буд. Марҳилаи дуюми муборизаи истиқлолхоҳии халқҳои Осиёи Миёна бар зидди мақдуниҳо ниҳоят тезу тунд шуда, иқтидори ҷангии онҳоро суст намуд. Асоситарин воқеаҳои марҳилаи сеюми ҳуҷуми қушунҳои юнону мақдунӣ ҳодисаи ду қалъаи куҳӣ ва мудофиаи қаҳрамононаи онҳо аз ҷониби суғдиёну бохтариён мебошад. Искандар, ки қувваи ҷаҳонии давлати Форсро ба осони дарҳам шикаста тавонист, ҳоло маҷбӯр гардид, ки ду сол кишвари итоатнопазири Суғдро худаш иҳота намуда истад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Б. Ғафуров.Тоҷикон. Китоби I. — Душанбе, 1998. — С.98-103

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Б. Ғафуров.Тоҷикон. Китоби I. - Душанбе, 1998. — С.99
  2. Б. Ғафуров.Тоҷикон. Китоби I. - Душанбе, 1998. — С.100
  3. 3.0 3.1 Б. Ғафуров.Тоҷикон. Китоби I. - Душанбе, 1998. — С.101