Шӯхии Хуҷандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шӯхии Хучандӣ)

Шӯхии Хуҷандӣ яке аз шоирони тоҷики миёнаҳои асри XVIII мебошад. Доир ба ҳаёту фаъолият, ном ва санаҳои аниқи ҳаёт ва эҷодиёти Шӯхии Хуҷандӣ равшан нест. Танхо дар асоси ишораҳои шеъри худаш маълум мешавад, ки ӯ аз Хуҷанд будааст.

Аз Шухи девоне боқӣ мондааст, ки он дар соли 1774-1761 мураттаб гардидааст ва ашъори лирикии шоирро дар бар мегирад.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шухи аз шоирони тоҷики миёнаҳои асри XVIII мебошад. Доир ба ҳаёту фаъолият, ном ва санаҳои аниқи ҳаёт ва эҷодиёти Шӯхии Хуҷандӣ равшан нест. Танхо дар асоси ишораҳои шеъри худаш маълум мешавад, ки ӯ аз Хуҷанд будааст. Аз Шухи девоне боки мондааст, ки он дар соли 1174-1761 мураттаб гардидааст ва ашъори лирикии шоирро дар бар мегирад.

Намунаҳо аз осори шоир[вироиш | вироиши манбаъ]

Бе ғам диле нагашт дар ин рӯзгори мо,
Як гунчае шукуфта нашуд дар бахори мо
Дар боги дахр боиси озоркаши наям,
Булбул забони шиква надорад зи хори мо…
Тадбирмукобил натавон гашт ба тадбир,
Бо тири казо руй макун пушти сипарро.
Шухи надихад бо лаби худ рухсати гуфтан,
Харфе, ки нарезад ба дили ғайр асарро…

Аз рубоиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Он дам, ки фалак ба фарқи ман вожгун гашт, Афтода маро зи боми расвои гашт. «Омад ба сарат ахди ҷавони» -гуфтанд, То ман шудам огох, ки ин давр гузашт.

Афсус, ки аз ин базм харифон рафтанд, Чун шиша сафотабъ латифон рафтанд. Бишкан каламу бисуз когаз Шухи, Ёрони суханфахм-зарифон рафтанд.

Мухаммас[вироиш | вироиши манбаъ]

То ҷон ба пайкар аст, ба ҷонон намерасад, Хасти чу хаст кор ба поён намерасад. Селоби орамида ба Уммон намерасад, То сабр хаст, дард ба дармон намерасад, Дарде, ки аз шикаст барорад димор ку?!

Хар нуктае, ки сохиби гуфтор гуфтааст, Шухи ҳама зи олами асрор гуфтааст, Ин он ғазал, ки хазрати Аттор гуфтааст, Аз оташи симоъ дили бекарор ку?!