Эмомалии Раҳмон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
EmomaliRahmonov.jpg

Эмомалӣ Раҳмонов Президенти Тоҷикистон аст.

5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Миллаташ қарлуқ (халқи турки кӯчманчӣ). Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969 баъд аз хатми омӯзишгоҳи касбию техникии № 40 шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд) ба ҳайси устои барқ дар корхонаи равғанкашии шаҳри Қурғонтеппа шурӯъ намудааст. Солҳои 1971-1974 дар Флоти Уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба ҷойи кори худ баргаштааст. Баъд дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст. Соли 1982 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намуд. Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси кумитаи иттифоқҳои касабаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмонов вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. 6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмонов бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. 6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмонов аз нав дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Қаҳрамони Тоҷикистон (соли 1999) мебошад. Оиладор, соҳиби нӯҳ фарзанд.

20 марти соли 2007 хостори барандохтани пасвандҳои русӣ аз номҳои тоҷикӣ шуд, ва гуфт ки номи Эмомалии Раҳмон ро барои худ бештар меписандад.

Президент Рахмон бо Президенти Россия Дмитрий Медведев дар шахри Москва 4 феврал с. 2009.

Эҷодиёт (китобҳо)[вироиш]

Дастгирии Википедиаи Тоҷикӣ аз ҷониби Президенти ҶТ[вироиш]

20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар.[1] Дар ин мулоқоти наврӯзи Эмомалии Раҳмон гуфт:

Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт.

ва дар давоми суханрониаш гуфт:

Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад

Пайвандҳои берунӣ[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад:
Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон


Хатои ёдкард: <ref> tags exist, but no <references/> tag was found