Эъломияи Ҷаҳонии Ҳуқуқи Башар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тибқи «Китоби рекордҳои Гиннес», Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар паҳншудатарин санад дар ҷаҳон аст, ки аз лиҳози тарҷума ба забонҳои дунё дар ҷои аввал қарор дорад. Ҳарчанд бархе онро танқид мекунанд, ки ҳаққи саркашӣ аз ширкат дар ҷангро қойил нест. Яке аз инқилобиёни фаронсавӣ гуфтааст, ҳуқуқи ман то ҷое паҳн мешавад, ки ба ҳуқуқи дигарон осеб наорад. Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар гӯё ин фикрро идома дод: ҳуқуқи дигарон низ то марзе мерасад, ки ҳуқуқи шуморо маҳдуд накунад.