Қори Рахматуллоҳ ибни Муҳаммад Ошури Бухороӣ

Аз Википедиа

Қори Раҳматуллоҳ ибни Муҳаммад Ошури Бухороӣ шоир, олим ва маорифпарвари тоҷик, соли 1817 дар Бухоро таваллуд шудааст. Соли 1844 мадрасаро бомуваффақият хатм намудааст. Возеҳ илмҳои таърих, тиб, ҳисоб, нуҷум ва ғайраро аз худ карда буд. Возеҳ забонҳои арабию туркиро аз худ намуда, бо адабиёти туркизабон ва араб шинос шуд.

Ӯ ба се забон: тоҷикӣ, туркӣ ва арабӣ шеър мегуфт.

Баъди он ки Возеҳ дар суханварию донишманди шӯҳрат ёфт с. 1853 ба дарбор даъват карда шуд. Аммо ҳангоми ба тахти аморати Бухоро нишастани Музаффар ( 1860 - 1883) тарки дарбор кард. Пас аз як соли аморати Абдулаҳад (1885-1910) Возеҳ ба сафари Ҳиҷоз рафта, с 1887 ба Бухоро баргашт ва с. 1894 дар Бухоро вафот кард.

[вироиш] Эҷодиёт

Он чи аз осори Возеҳ то имрӯз ба даст омадааст инҳоянд:

  1. ”Тӯҳфатулаҳбоб фи тазкиратуласҳоб ” (1871), ки дар бораи 145 шоир ва олими асрҳои 18 – 19 маълумот медиҳад.
  1. ”Савонеҳ улмасолик ва фаросих улмамолик” (1887), ки аз ёддошти сафари Ҳиҷоз фароҳам омада буд.
  1. ”Кони лаззат ва хони неъмат” (1883) оиди урфу одатҳои хурофотии дар байни занон маълум бо ҳаҷву тамасхур тасвир шудааст.

Аз осори Возеҳ дар ҳудуди 2400 байт дастрас аст, ки аз ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа, мухаммас, фард, тарҷеъбанд ва маснавиҳо иборатанд. Дар ин гуна ашъор Возеҳ ба масъалаҳои муҳими иҷтимои дахолат карда, нисбат ба замонаш фикрҳои пешқадам баён намудааст. Дар танқиди аҳли даврони худ ва мансабдорону зимомдоран ӯ ҷасурона мегӯяд:


Ин нокасон, ки даъвии рохи Худо кунанд,
Андар либоси зухд басе хилахо кунанд.
Ба ҷуз қабзияти хотир надорад,
Ҳамоно даҳр тарёкимизоҷ аст.

Воқеан ҳам замони зиндагии Савдо як давраи пурошубу номусоид буд. Махсусан барои аҳли ҳунар ва халки оддӣ мушкилоти зиёде ҳамеша пеш меомад. Шоир аҳволи тангу зиндагии фақирона доштани худро дар ашъораш батакрор зикр мекунад:

Ба нома шарҳи ғами худ наметавонам кард,
Ки шӯъла меҷаҳад аз хомагоҳи такрирам…
Чунон шикаставу ошуфтаву парешонам,
Ки ҳамчу мавҷ набошад қабули таъмирам.

Возеҳ дар адабиёти нимаи дуюми асри XIX –и тоҷик мавқеъи босазо дорад. Возеҳ доир ба касбу ҳунарҳои халқи тоҷик асари мукаммали мансур навишт. Ӯ тақрибан ҳамаи навъҳои назмро ба равиши худ ва бо маҳорати баланди шоири кор фармуд ва такмил дод. Дар онҳо ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дахл намуда, барои пешрафти афкори ҷамъиятӣ дар нимаи дуюми асри XIX мубориза бурд.

Бар хилофи душворгӯиҳои шоирони дарбор Савдо содданависиро пеш гирифт.

[вироиш] Ғазалиёт

Аз саводи зулф чун бинмояд он рухсор каҷ,
Офтоб ояд бурунҷ, гӯӣ зи шоми тор каҷ
Гул занад дар пираҳан чок аз сафои он бадан,
Чун шавад дар сайри боғ он сарви хушрафтор каҷ.
Бо рухат лофи тароват зад гул андар бӯстон,
Баста оварданд з-он рӯ бар сари бозор каҷ.
Дида макшо, бар рухи шуми рақиби зиштрӯ,
Хуб набвад дар зимистон гар шавад бемор каҷ.
Возеҳо, урёнтанӣ махсуси аҳли дониш аст,
Нест дар майдон ба ҷуз шамшери ҷавҳардор каҷ.
Чун васфи ҳуснат, эй маҳи анвар кунам ба ту,
Хуршедро мулозиму чокар кунам ба ту,
Донам, ки меҳрубон шавадат дил ба ҳоли ман,
Гар арзи ҳоли ин дили абтар кунам ба ту.
Гӯ бахт о шабам, ки ситамҳои рузи ҳаҷр,
Фурсат диҳад Худо, ки саросар кунам ба ту.
Гар нисбати аҷал ба фироқи ту медиҳанд,
Ҳаққо, ман-ин муқаддима бовар кунам ба ту.
Қадди ту ҳамчу умри абад дар хирому ман,
Ташбеҳи шоху сарву санавбар кунам ба ту.
Возеҳ, зи бевафоии аҳбоб гуямат
Ё шарҳи зулми чархи ситамгар кунам ба ту.

[вироиш] Маснавӣ

Чи хуш аҳдест фасли навбаҳорон,
К-аз он хуштар набошад рӯзгорон.
Ба ёд орад зи айёми ҷавонӣ,
Зи умри рафта андар комронӣ.
Насимаш бӯйи мушк орад ба ҷонҳо,
Кунад з-он тозаву хуррам равонҳо,
Чу бар тарфи чаман созӣ ватанро,
Барӣ аз сина андӯҳи меҳанро.
Чу чашмат бар гулистон боз гардад.
Дилат мурғи навопардоз гардад.
Насими навбаҳор аз тарфи гулзор,
Фараҳафзост чун пайғоми дилдор,
Шукуфта гул ба таъйиди илоҳӣ.
Зи таъсири насими субҳгоҳӣ.
Сафири нолаи мурғон ба гулшан,
Барорад аз дили ушшоқ шеван.
Дар ин фасл ар се чиз омода бошад,
Дилат аз банди ғам озода бошад.
Зи ман бишнав, кадом, эй марди содиқ,
Китобу бодаву ёри мувофиқ.
Ба инҳо чун кунӣ дар боғ манзил,
Барад ёди биҳиштит бешак аз дил.
Хушо фасли баҳору васфи аҳбоб,
Хушо аҳди шубобу сайри маҳтоб.