Қурбон Алӣ
Ӯрмонов Қурбоналӣ | |
Таърихи таваллуд: | 5 январ 1936 |
Зодгоҳ: | [[ноҳияи Хуҷанд]][[Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Хуҷанд ]] |
Таърихи даргузашт: | 1984 |
Навъи фаъолият: | нависанда |
Қурбон Алӣ — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қурбон Алӣ (Ӯрмонов Қурбоналӣ) 5 январи соли 1936 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Соли 1959 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Кировро хатм карда, дар вазифаҳои нозири калони Хонаи эҷодиёти халқи Идораи фарҳанги вилоят, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Зафаробод, мухбири махсуси рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Ҳақиқати Ленинобод» фаъолият бурдааст. Соли 1984 аз олам даргузашт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Намунаҳое аз офаридаҳои ӯ аз соли 1972 дар нашрияҳои даврӣ ба табъ расидаанд. Қиссаи «Пораи дили ман» аз ҳаёти ҷавонони деҳот нақл мекунад, ки дар моҳномаи «Садои Шарқ» (1976) интишор ёфтааст.Ҳамчунин, муаллифи китобҳои «Ташаббус» (1976), «Ашти Калон» (ҳамроҳи З.Дӯстматов, 1978), маҷмӯаи ҳикояҳои «Кавкаб» (1976), қиссаву ҳикояҳои «Пораи дили ман» (1980) мебошад, ки дар авроқашон корномаи ризқофарандагони саҳроҳои кишоварзӣ ва рӯҳияи созандагию бунёдкории мардуми одӣ некӯ таҷассум ёфтаанд.[1]
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 36 ISBN 978-99947-2-379-9