Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
Пешво: Рустам Қудратов
Санаи асосгузорӣ: 9 ноябр 2005
Қароргоҳ:
Маром: social liberalism[d]


Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст. Яке аз панҷ ҳизб, ки намояндагӣ дар порлумони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон доранд. Раиси ҳизб — Рустам Қудратов.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 бо баргузории анҷуман ва тасвиби низомномаву интихоби раҳбараш таъсис шуд[1] Дар авохири соли 2005 ҳизби ҷадиди ислоҳоти иқтисодӣ, ки бархе аз соҳибназарони тоҷик онро «ҳизби кисагии ҳукумат» хондаанд, таъсис шуда ва Олим Бобоев раиси ин ҳизб интихоб гардид.[2]. Зимнан, оқои Бобоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад ширкат карда ва пас аз Эмомалӣ Раҳмон (79,3 дарсад) бештари ороро (6,2 дасад) ба даст оварда буд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҷумлаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон маҳсуб шуда ва ҳудуди 20 ҳазор нафар узв дорад.

Анҷумани 4-уми ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки баъд аз зӯҳри ҷумъаи 20 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Олим Бобоев, раҳбари ин ҳизбро номзад ба мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.[3]

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2015[вироиш | вироиши манбаъ]

Олимҷон Бобоев ва Рустам Раҳматович Қудратов — 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V шудаанд[4]

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2020[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд:

  1. Қудратов Рустам Раҳматович
  2. Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич
  3. Ашуров ҒиёсиддинМаҳмадмуродович
  4. Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода
  5. Ализода Зафар Аҳмадҷон
  6. Раҳимов Абдулатиф Маҷидович
  7. Раззоқов Боҳодур Ҳаётович [5]

Қудратов Рустам Раҳматович, Файзуллоев Машраб Қурбоналиевич — 1 марти соли 2020 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI шудаанд

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/02/100208_rm_shq_erpt_profile.shtml Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон BBC Тоҷикӣ 08 Феврал с. 2010
  2. http://www.ozodi.org/content/article/603305.html Ҳизби «Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон» чӣ ҳадаф дорад? Озоди 20 сентябри с. 2005
  3. http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/09/130920_mm_elex_election_babaev.shtml BBC Тоҷикӣ 20 сентябр с. 2013
  4. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
  5. Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 18.01.2020 аз тарафи КМИР ҶТ(тоҷ.). www.kmir.tj (18 Январ 2020). 4 апрели 2020 санҷида шуд.