Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон - яке аз ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ягона ҳизби исломии қонунӣ сабтиномшуда дар Осиёи Миёна[1] мебошад. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аст.

Нашрияи ҲНИТ Наҷот мебошад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд.

Он замон раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба ӯҳда дошт.

Ин ҳизб арзишҳо ва аҳдофи худро чунин тавсиф мекунад: “Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеъаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоъӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ.”

Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992 -1997 дар Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ якҷо бо ҳизби демукрот ва созмони “Лаъли Бадахшон” алайҳи давлати вақти кумунистӣ сангар гирифта буд. Дар авоили соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард.

Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд.

Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд.

Он замон Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар анҷумани ҳизби наҳзати исломӣ ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд.

Мунтақидони Нӯрӣ ӯро бештар ба муъомила бо давлат ва ҳимояти ошкор аз Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳам мекарданд.

Ба дунболи фавти Абдуллоҳи Нурӣ дар 9 августи соли 2006 раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.

Ҳизби наҳзати исломӣ бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ширкат дошт. Дар ин интихобот Давлати Усмон, намояндаи ин ҳизб, танҳо ҳудуди 4 дар сад аз орои интихобкунандагонро ба даст овард.

Ин ҳизб дар ду интихоботи порлумонӣ дар солҳои 2000 ва 2005 муваффақ шуд дунафарӣ аз намояндагони худро вориди порлумон кунад.

Бино ба гузориши Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар анҷумани ин ҳизб дар авохири моҳи декабри гузашта теъдоди аъзои ин ҳизб болиғ ба 50 ҳазор нафар аст.

Ҳафтаномаи “Наҷот” ва маҷаллаи “Сафинаи умед” аз ҷумлаи нашрияҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Ҳизби наҳзати исломӣ ба интихоботи порлумонии 28 феврал, аз тариқи феҳристи ҳизбӣ 20 номзад ва дар ҳавзаҳои инфиродӣ 20 номзади дигар пешниҳод кардааст. Ин ҳизб ҳамчунин бо 165 номзад дар интихоботи шӯрои вилоятӣ ва 982 номзад дар интихоботи шӯроҳои ноҳияӣ ширкат хоҳад кард.

Понавиштҳо [вироиш]

  1. "Mountain Rigger", The Economist, November 11, 2006

Пайвандҳои беруна [вироиш]