Ҳизби халқӣ-демократӣ Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ҳизби халқӣ-демократӣ Тоҷикистон ё ҲХДТ - 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст.

Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмонов мебошад. Ҷонишини аввали Раиси ҳизб Д.Давлатов ва М. Убайдуллоев, А. Достиев, А.Ҷалилов, Б.Ҷумъаева ҷонишинони Раиси ҳизб мебошанд.

Нашрияи марказии ҳизб рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 28 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ҳафтае ду бор мебарояд. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад.

Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.

18 апрели соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ барпо гардид. Вакилони Анҷуман Президенти Тоҷикистон Э. Раҳмоновро Раиси ҳизб интихоб карданд. Раиси ҲХДТ Э. Раҳмонов дар Анҷуман сухан гуфта, таъкид намуд, ки «таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

22 сентябри соли 2001 Анҷумани VII ҲХДТ барпо шуд. Раиси ҳизб Э. Раҳмонов дар Анҷуман баромад карда, самти стратегии ҳизбро дар марҳилаи нави рушди ҷомеа- давраи созандагию бунёдкорӣ илман асоснок намуд.

18 декабри соли 2004 Анҷумани VIII ҲХДТ барпо гардид. Дар он барномаи пешазинтихоботии ҳизб тасдиқ шуда, 21 нафар номзадро ба вакилии Маҷлиси намояндагони МО ҶТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ- сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Сарқонун, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Фаъолияти ташкилию таблиғотиашро ҲХДТ дар асоси принципҳои зерини демократӣ ба амал мебарорад:

- умумияти ғоявӣ, рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиату ҳадафҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳамаи аъзоёни ҳизб, интизоми бошуурона;

- эҳтиром ба нуқтаи назари ҳар як аъзои ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ошкорою шаффоф будани фаъолияти ҳизбии сиёсӣ;

- интихобӣ будани ҳамаи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ аз поён то боло;

- ҳамеша ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизбӣ;

- интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои мақомоти поёнӣ;

- роҳбарии дастҷамъона ба ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар аъзои ҳизб барои иҷрои вазифаҳою супоришҳои ҳизбӣ.

ҲХДТ дар фаъолияти худ ба кори миёни занону ҷавонон эътибори махсус медиҳад. 3,5 ҳазор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ҳамаи маҳаллаю кӯчаҳо, ҷамоатҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, дар сафҳояшон бештар аз 102 000 аъзои ҳизбро муттаҳид мекунанд. Аз онҳо 35 дарсадро занон ва бештар аз 48 дарсадро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Пайвандҳои беруна[вироиш]