Ҳикмат Юлдошев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳикмат Юлдошев
Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 20 декабр 1913(1913-12-20)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1983(1983)

Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев (20 декабри соли 1913, м. Сиёб, Самарқанд — соли 1983, Душанбе) — меъмор, академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, (1958), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, узви Президиуми Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Раиси Комитаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон (1938—1941), Раиси Иттифоки меъморони Тоҷикистон (1948—1950), Раиси Шӯрои меъморони Тоҷикистон (1950—1953), узви Комитаи ҷумхуриявии муҳофизати сулҳ (1952).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Техникуми педагигии мардонаи Самарқанд (1926—1930), факултети бинокории Институти индустриалии Осиёи Миёна (Тошканд, 1931—1934), Институти политехникии ирригатсияи пахтаи Осиёи Миёна (Тошканд, 1934—1938)-ро хатм кардааст. Ҳамзамон дар рафти таътил ба донишҷӯёни курсҳои якуми Институти бинокории Осиёи Миёна аз фанни графика (геометрияи татствирӣ, 1933—1934), дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимони Тоҷикистон (1934—1936) дарс додааст. Меъмор (1938—1940), роҳбари шуъбаи меъморию конструктории «Тоҷикгоспроект»-и назди Совети хоҷагии халқи Тоҷикистон ва ҳамзамон омӯзгори Техникуми бинокории Сталинобод (1940—1941). Иштир. ҶБВ-и соли 1941—1945. Баъди анҷоми ҷанг ҷон. (1945—1950) сардори Упр. меъмории назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1950—1962), мудири сектори сохтмон ва меъмории Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, (1962—1963), роҳбари устохонаи таҷрибавӣ ва лоиҳакашии намунавии № 3 (1963—1969).

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз рӯи лоиҳаи ӯ дар бисёр ноҳияҳои ҷумҳури бинои мактабҳо, хонаҳои истиқоматии 4-қабатаи майдони ба номи 800 -солагии «Маскав»-и шафати ТДАОБТ, бинои Техн. молияи пойтахт дар кӯчаи Деҳотӣ (1939), Хонаи маданияти колхози ба номи «Москва» (ҳоло — Қасри Арбоб ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, МТС-ҳо ва ғ. бунёд гардида, пештоқи бинои Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, аз нав сохта шудааст (1951). Муаллифи китоби «Архитектурний орнамент Таджикистана» («Нақшу нигори меъмории Тоҷикистон», М., 1954), ҳаммуаллифи монографияи «Меъмории Тоҷикистони Советӣ» (дар китоби «Меъморони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна», 1951).

Аз таърихи Қасри Арбоб[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар остонаи ҷашни чиҳилсолагии Инқилоби Октябр, яъне 6 ноябри соли 1957, Кохи фарҳанги колхози «Москва» бозгушоӣ шуд. Ҳарчанд корҳои дигар, аз ҷумла сохтусоз ва танзими фаввораҳо, ҳоло ба охир нарасида буд, вале ба ҳар ҳол бозгушоии ин Кохи бузург барои хосу ом як падидаи тамоман нав ва саҳифаи тозае дар меъмории Осиёи Миёна ба шумор мерафт. ӯзномаҳои «Коммунист Таджикистана» ва «Тоҷикистони советӣ» ба муносибати бозгушоии Кохи фарҳангии колхози «Москва» мақолаҳои муфассалтар чоп карда, аксҳо гуногунеро низ дар ихтиёри хонадагон қарор доданд. Аммо дар Душанбе баробари бозгушоии Кохи фарҳангии колхози «Маскав» масъалаи ҳаққи мусаллами меъмори он ранги дигар гирифт. Дар доираҳои ҳукуматӣ аз он ки номи меъмори ин Кохи бузург — Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев бояд ба дасти фаромӯшӣ супурда шавад ва ба ҷои номи ӯ бояд «хидмати арзандаи Нахуствазир» бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад ва дар ояндаи на чандон дур масъалаи ба Ҷоизаи Давлатии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ пешниҳод кардани сохтмони Кохи Арбоб ва нақши асосии Нахуствазир дар ин самт сухан рафт. Гӯиё мемори ин Кохи боҳашамат ва бошукӯҳ аслан вуҷуд надошт ва агар ҳам буд бояд бо хоҳиши худаш канор мерафт ва ҷойро барои шуҳратхоҳон холӣ мекард. Нахуст, як сол пеш аз ин воқеа Бобоҷон Ғафуров аз вазифаи Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон истеъфо дода, ба кори дигар — Раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шӯравӣ гузашта буд ва дигар аз Ҳ. А. Юлдошев пуштибоние ба амал оварда наметавонист. Дуввум, ҳам Муншии якуми км ҲКТ Турсун Ӯлҷабоев ва ҳам Нахуствазир барои рӯгармӣ ва матраҳсозии хеш дар назди хоҷагони маскавиашон лозим ба «фошсозии омилони шахспарастӣ» дар Тоҷикистон доштанд ва номи Ҳ. А. Юлдошев барои ин кор беҳтарин гузида буд, зеро бо як тир ду ҳадаф мезаданд: ҳам садоқати худашонро ба Маскав нишон медоданд ва ҳам меъмори Кохи Арбобро аз сари роҳ бармедоштанд. Ниҳоят, бо амри тасодуф маҳз дар нимаи дуввуми соли 1956 дар шаҳри Ленинград бозрасҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ устохонаи ғайриқонуниеро кашф карданд, ки дар он ҷо барои сохтани фаввораҳо маводи асосӣ-асбобу ускунаҳо омод мешуд. Бозрасҳо ба дари устохона муҳр ва қуфл заданд ва соҳиби устохона дар пайгарди қонунӣ қарор гирифт.

Соҳиби ин устохонаи меъморӣ муҳандиси бисёр боистеъдоди фаввораҳои Кохи Арбоб буд, ки Ҳ. А. Юлдошев барои анҷоми корҳои асосӣ — сохтани ҳамаи қитъаоти (ҷузъ, ҷузъиёт, ҷузъҳо, детали) фаввораҳо муваззаф карда буд. Азбаски омода ва сохтани ҷузъҳои фаввора ва ба таври куллӣ маҷмӯъаи фаввораҳои Кохи Арбоб кори заҳматталаб ва ниёз ба воситаҳои техникии пешрафтаи он замон ва коргарони ин соҳа дошт ва он солҳо дар Ленинобод (Хуҷанд) ин имкониятҳо вуҷуд надошт, қарор бар ин шуд, ки ҳамаи қитъаоти фаввораҳо дар шаҳри Ленинград ва бо назорати бевоситаи муҳандис сохта шавад ва аз он ҷо мустақиман ба Кохи Арбоб биёоваранд ва насб кунанд. Дар чунин ҳолат ҳам вақт камтар сарф мешуд ва ҳам ҳазинаҳои сохти ҷузъҳои фаввораҳо арзонтар меафтод. Бо дарназардошти ҳамин мақосид муҳандиси фаввораҳо устохонаи худро таъсис дода, чанд нафар коргари ботаҷрибаро ба кор истихдом кард ва онро мувофиқи қавонини ҳамон замон ҳамчун як бахши кории (звено) колхози «Маскав» ба қалам доданд. Ҳ. А. Юлдлшев сохти ҷузъҳои фаввораро ба ин устохона суфориш дод. Дар ҳеч яке аз санади ҳамкорӣ бо устохонаи сохти ҷузъҳои фаввора имзои Ҳ. А. Юлдошев нест, балки ҳамаи корҳои суфоришӣ ва пардохти ҳаққулзаҳмати ҳам муҳандис ва ҳам коргарон бо муҳру имзои Раиси колхоз ва сармуҳосиб анҷом шуда буд.[1]

Ба ҳар ҳол пас аз бозгушоии парванда дар мавриди устохонаи ғайриқонунии қитъаоти фаввораҳо муҳандис тавонист ҳамаи далелҳои парвандаро несту нобуд кунад ва ин кор ба шакли хеле сода анҷом шуд: устохона ба ҷуз дари асосӣ боз як дари хилват (пинҳонӣ) низ дошт, ки ҳангоми муҳр задании дари асосӣ бозрасҳо аз он хабар надоштанд. Муҳандиси фаввораҳо ҳамаи қитъаоти омода ва сохташударо аз ҳамин дари пинҳонӣ берун оварда, дар вагони қатори боркаш бор карда, муҳр зад ва ба нишонии колхози «Маскав»-и ноҳияи Ленинобод фиристод ва ду барқия -яке ба номи Ҳ. А. Юлдошев ва дигаре ба номи Раиси колхози «Маскав» Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев фиристода, асли қазияро ба онҳо хабар дод ва хоҳиш кард, ки бори фиристодаро сари вақт бигиранд ва дар масъалаи аз ҷавобгарии қонунӣ раҳонидани ӯ кӯшиш кунанд. Худи муҳандис то замони рӯшан шудани қазияи аз ҷавобгарии қонунӣ озод шуданаш дар пинҳонӣ ба сар хоҳад бурд…

Раҳбарияти колхози «Маскав» бо сарварии С. Ӯрунхоҷаев барои раҳоии муҳандиси фаввораҳо ба Кумитаи вилояти ленинободии Ҳизби коммунист бо пешниҳоди бисёр аҷиб муроҷиат кард: азбаски муҳандис барои кори сохти фаввораҳо машғул буд ва ин кор ҳамчун звенои колхоз бо шартномаи тарафайн анҷом шудааст ва ҳеч хилофкории иқтисодие рух надодааст, аз Кумитаи вилояти ленинградии Ҳизби коммунист хоҳиш карда мешавад, ки масъалаи муҳокима ва муҷозоти муҳандисро дар ихтиёри фаъолони колхоз бигузорад. Кумитаи вилояти ленинградии Ҳизби коммунист пас дарёфти ин дархост ба он ризоият дод ва муҳандиси фаввораҳо дар Ленинобод «муҳокима» шуд ва муддате баъд бо муносибати ҷашни 40-солагии Инқилоби Октябр афв гардид. Аммо ҳамин маврид дертар ба номи Ҳ. А. Юлдошев нисбат дода шуд ва бо ҳар баҳонае чунин корро хилофи қонун донистанд ва аз ӯ чанд бор бозҷӯиҳо анҷом доданд. Ҳарчанд дар ҳеч яке аз санади ҳамкорӣ бо муҳандиси фаввораҳо ном ва имзои Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев нест. Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ба ҳайси меъмор танҳо тарҳи асосии фаввораҳоро пешниҳод карда, ба кори сохти онҳо назорат дошт. Масъалаҳои пардохти ҳаққулзаҳмати муҳандиси фаввораҳо ва коргарони ба он ҷалбшуда дар инҳисори Раис ва сармуҳосиби колхоз буд ва дар ин сохтусоз ҳеч хилофкорӣ ё фасоди молӣ ҷой надошт. Сониян, парвандаи ҷиноӣ нисбат ба муҳандиси фаввораҳо боз шуда буд, на нисбат ба меъмори Кохи фарҳангии колхози «Москва» (пасон колхози ба номи С. Ӯрунхоҷаев ва имрӯз Арбоб) Ҳ. А. Юлдошев.[1]

Барои дар назари хоҷагони маскавӣ ва авом «бадном» кардани Ҳ. А. Юлдошев боз як баҳонаи хуб пайдо карданд: гӯиё Ҳ. А. Юлдошев нафақаи (алимент) фарзандон аз издивоҷи нахустинро сари вақт напардохтааст. Ҳамин баҳона сабаб шуд то нисбат ба Ҳ. А. Юлдошев парванда боз шавад ва номбурда мавриди пайгарди қонунӣ қарор бигирад. Аммо ҳангоми бозрасӣ мушаххас шуд, ки Ҳ. А. Юлдошев нафақаи фарзандонро сари вақт ва ҳатто барзиёд пардохтааст. Лекин бояд дар назар дошт, ки он солҳо радия нисбат ба дурӯғҳо, ки дар матбуоти коммунистӣ нашр мешуд, аслан рӯи чопро намедид. Бо дурӯғпароканӣ дар назари умум чеҳраи меъмори барҷаста бисёр харош (хадша) пайдо кард…

Соли 1957 дар интишороти китоб — албоми Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев — «Нақшу нигори меъморӣ дар Тоҷикистон. Нақшҳои рангини биноҳо» аз чоп баромад. Нашри ин китоб муддате Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошевро аз таъқибот боздошт.

Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда аз оғози соли 1957 зиндагии душвору пур аз машаққати Ҳ. А. Юлдошев сар шуд. Ибтидо ӯ дар манзили дӯстонаш дар шаҳрҳои Маскав ва Ленинград зиндагонии пинҳонӣ ихтиёр кард. Ҳамсараш — Софья Саъдинисо Ҳафизовна Ҳакимова дар докторантураи Фарҳангистони улуми тиббии Иттиҳоди Шӯравӣ дар остонаи дифои рисолаи илмӣ буд ва 2.06.1957 дар зоишгоҳи № 4 (кӯчаи Цвояново) Маскав духтарчаи дӯстрӯе дунё овард, ки номашро «Дилбар» (Дилбар Ҳакимова) гузоштанд. Тамомии тарсу ҳарос ва нигарониҳо аз рӯзи оянда, ки он сол Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев ва ҳамсараш дар фикру зикр доштанд, ба ин духтарча ҳамчун мерос-хулқу хӯи ирсӣ боқӣ монд ва сарнавишти падару модар андаке бо ранги дигар, вале ба ҳамон мазмун, дар симои ӯ таҷассум гардид…[1]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1948),
  • медали ҷангии «Барои шуҷоат» (1943) ва Ифтихорномаҳои Фахрӣ мукофотонида шудааст.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, — с. 165—166.
  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]