Ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Президент[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар боби чаҳоруми Конститутсияи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Президенти Тоҷикистон навишта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия мебошад. Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи яаҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон пешниҳод менамояд. Президент тариқи интихоботи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб карда мешавад. Номзад ба президентӣ бояд 10 соли охир дар мамлакат зиндагӣ карда, забони давлатиро донад, синнаш аз 35 зиёд бошад. (Боби 4 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар боби панҷуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз сарвазир, муовини якум ва муовини ӯ, вазирони, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳбариисамараноки соҳаҳои иҷктисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ, қарорҳои Маҷлиси Намояндагон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунад. (Боби 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Ҳокимияти маҳаллӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар боби шашуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои умумии фаъолияти Ҳокимияти маҳаллӣ навишта шудааст. Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ, қарорҳои Маҷлиси Намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд. Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо Маҷлиси намояндагони халқ аст, ки онро раисроҳбарӣ мекунад. Муҳлати ваколати Маҷлиси намояндагони халқ 5 сол аст.(Боби 6 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]