Ҷаббор Расулов

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ҷаббор Расулов
Зодрӯз 10 июли 1913
Зодгоҳ ш. Хуҷанд
Даргузашт 4 апрели 1982
Вазифа ходими ҳизбӣ ва сиёсӣ

Ҷаббор Расулов (10 июли 1913 ш. Хуҷанд4 апрели 1982, ш. Душанбе) – ходими ҳизбӣ ва сиёсӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар с. 1946 -1961, Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон дар с. 1961-1982. Ӄаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1981). Аъзои ҲКИШ (1939) узви КМ ҲКИШ (1961 - 1982). Вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.

Ҳолнома[вироиш]

Ҷаббор Расулов 10 июли 1913 дар ш. Хуҷанд таваллуд ёфтааст.Донишкадаи пахтакории Осиёи Миёнаро (1934) хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун агрономи стансияи хоҷагии қишлоқ(1934 - 1938) саркарда, сипас ба ҳайси сардори идора, ҷонишини комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1938 - 1941), намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии ИҶШС дар Тоҷикистон (1941 - 1945), комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1945 - 1946) кор кардааст.

Солҳои 1946 - 1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон - Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас, дар вазифаи ҷонишини якуми Вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС (1955-1958), котиби КМ ПК Тоҷикистон (1958 - 1960) кор кардааст. Ӯ аввалин шахсест аз Тоҷикистон, ки ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Того (1960 - 1961Ъ адои вазифа намудааст.

Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон - Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 1961-1982 ба ухда дошт. Ҷаббор Расулов дар синни 69 солаги ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил ҷон додааст. 4 апрели соли 1982 дар ш. Душанбе вафот карда дар боғи Айнии пойтахт ба хок супурда шудааст.[1]

Як ноҳия дар вилояти Суғд, хоҷагие дар ноҳияи Хуросон, мактаби миёнае дар ш. Хуҷанд, хиёбоне дар ш. Душанбе номи ӯро доранд ва дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ лавҳаи ёдгориаш гузошта шудааст.

Мукофоту ҷоизаҳо[вироиш]

  • 9 ордени Ленин,
  • ордени Инқилоби Октябр,
  • ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
  • ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II,
  • 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.[2]

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Википедияи русӣ, Расулов, Джабар Расулович https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%B0%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2, %D0%94%D0%B6%D0%B0%D0%B1%D0%B0%D1%80_ %D0%A0%D0%B0%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2%D0%B8%D1%87
  2. Вазирони корҳои хориҷӣ,Ҷаббор Расулов http://mfa.tj/tj/vazironi-korhoi-khoriji/vazironi-korhoi-khoriji.html