Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Tajik civil war dead.jpg

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 то июни соли 1997 давом ёфта буд. Вокеаҳои фоиҷавии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардиданд. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо чунин номҳо "ҷанги бародаркуш", "ҷанги минтақавӣ" ва ғайра баён ёфтааст.

Ҷанги бавуқӯъомада сабабҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Аввалан, дар рафти бозсозӣ чӣ дар миқёси Иттифоқи Шӯравӣ ва чӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳои иқтисодӣ ба амал омаданд. Аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурӯш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани моҳона, зиёд шудани миқдори бекорон торафт норозигиро бештар мекард. Сониян дар ибтидои солҳои 90-ум норозигии иҷтимоӣ шиддат гирифта, мардуми баъзе ноҳияҳо аз хӯрок, либос, пойафзол мӯҳтоҷӣ мекашиданд.

Раванди демократикунонии ҳаёти чамъиятӣ, ки дар охири солхои 80-уми асри XX дар Иттиҳоди Шуравӣ сар шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба пайдошавии ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҷамъияти мардумии «Растохез», Ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва дигар ҷамъиятҳои маҳаллӣ овард. Зиддияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократи муқобили Ҳизби (ҳукумрони) коммунистии Тоҷикистон дар воқеахои феврали соли 1990 дар Душанбе, бо задухурди намоишчиён бо ҳукумат анҷомид. Ин муқовимати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (иборат аз аъзоёни Ҳизби коммунистии Тоҷикистон) бо ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии дар солҳои 1991 ва 1992 давом ёфта окибат ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гашт.

Саршавии Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон якчанд сабабҳо дошт:

  • нобаробар чойгир шудани корхонаҳои саноатӣ (бештар дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказии Тоҷикистон), ки боиси паст шудани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияхои ҷанубиву куҳистонӣ ва норзигии қавму гуруҳҳои (элитаи)«ҷанубӣ» гардида буд;
  • дар сари роҳбарияти баландмакоми Тоҷикистон бартарӣ доштани намояндагони «шимол» - вилояти Ленинобод, ки боиси норозигии мансабхоҳони элитаи «ҷанубӣ» буд;
  • афзалияти тафаккури кавмию маҳалгароӣ нисбат ба миллӣ байни аҳолӣ (бо сабаби маҳдуд будани робитахои ичтимоию иктисодӣ ва фарҳангии байни минтакаҳои ҷумҳурӣ);
  • реша давондани мазҳабхои гуногуни исломӣ ва баланд гардидани нуфузи пешвоёни дини ислом дар байни аҳолии деҳот,ва шиддат ёфтани зиддияти дохилимазхаби ва маҳалгароӣ байни пешвоёни дин;
  • зиёд будани аҳолии деҳотӣ (ки асосан камбизоат буданду шумораи бекорон дар ноҳияхои ҷанубиву куҳистонӣ мунтазам меафзуд) нисбат ба шаҳрӣ ва диг.


Бо мақсади хотима додани ин фоҷиаҳо, ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ) 14 майи соли 1992 ташкил ёфт. Вале ин ҳукумат аз ӯҳдаи хомӯш кардани воқеаҳои сиёсӣ баромада натавонист ва моҳи июли соли 1992 амалиёти ҷангӣ дар вилояти Қӯрғонтеппа сар шуд. Ҳамин тавр, оташи ҷанги дохилӣ, ё худ шаҳрвандӣ аланга зад. Ҳазорон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷои иқомати худро тарк карда ба давлатҳои Афғонистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Русия ва дигар кишварҳои хориҷ фирор карданд. Ҷанг ба ҷомеа ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ зарар расонда, одамони зиёде ба ҳалокат расиданд.


Мундариҷа

[вироиш] Муқовимати сиёсӣ

Муқовимати сиёсӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(намояндагони Ҳизби коммунистии Тоҷикистон) ва ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии Тоҷикистон(ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва диг.) дар замони сиёсати "бозсозии" Горбачёвӣ сар шуда ба тезудундшавии авзоъи дохилии иҷтимоию иктисоди,зиддиятҳои қавмию маҳаллӣ, мазҳабию идеолужӣ оварда буд. Оқибат мамлакат ба ду қувваи ба ҳам зид ҷудо шуда мубориза барои ҳокимят ба ҷанги шахрвандӣ табдил ёфт.

Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рўзҳои ноороми мамлакат мегузашт. Ќ. Аслонов, ки баъди ба истеъфо рафтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ќ. Маҳкамов, вазифаи раиси Шўрои Олии ҶТ ва иҷрокунандаи вазифаи Президенти ҷумҳуриро ба ўҳда гирифта, мавқеи зиддикоммунистиро ишѓол намуд. Гирдиҳамомадагон – ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии (ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби демократӣ, «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва диг) аз ў талаб мекарданд, ки фаъолияти ҳизби коммунистии Тоҷикистонро манъ намояд. Бо қарори Раиси ш. Душанбе Мақсуд Икромов ҳайкали В.И. Ленин, ки дар маркази шаҳр воқеъ буд, шаби 21 сентябри с. 1991 афтонда шуд. Ин амали мухолифин вазъиятро боз ҳам мураккабтар намуд. Акнун тарафдорони ҳизби коммунистӣ ва тартиботи Шўравӣ ба майдон баромада талаб карданд, ки Ќ. Аслоновро аз вазифааш озод намуда, фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро манъ намоянд.

23 сентябри соли 1991 иҷлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олии ҶТ Ќ. Аслоновро аз вазифаи раиси Шўрои Олї ҶТ озод намуд ва ба ин вазифа Раҳмон Набиевро (Собиқ котиби якуми ҳизби коммунистии Тоҷикистон) интихоб намуд. Р. Набиев дар як вақт иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатхои исломию демократи, боз зидди Хукумат гирдихамоии шабонарузиро сар карданд. Муковимати руйдода бо миёнаравии вакилони Шурои Олии СССР А. Собчак ва Велихов ҳалли хешро ёфт. Рузи интихоботи умумихалкии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуд, Раҳмон Набиев дар давраи интихобот аз вазифаи раиси Шўрои Олии ҶТ муваққатан озод карда шуд.

24 ноябри соли 1991 интихоботи умумихалқии Президенти ҶТ гузаронида шуд. Аз 9 нафар номзад Раҳмон Набиев (58,8%) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Давлат Худоназаров номзади ҳизбу ҳаракатхои исломию демократи (зиёда аз 30 %) овозҳоро гирифт. Мухолифин интихоботро гайришафоф ва беадолат эълон намуданд. 12 декабри с. 1991 Сафаралӣ Кенҷаев (депутати ШО ҶТ, прокурор) раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.


[вироиш] Оѓози мухолифат

Дар Тоҷикистон то моҳи октябри соли 1991 нишонаҳои мухолифат тезу тунд шуданд. Октябри соли 1991 ва марти соли 1992 ду воқеае ба амал омад, ки онҳо мухолифатҳои ниҳониро ба умум ошкор намуданд. Воқеаи аввал, ин 5 октябри с. 1991 дар иљлосияи Шўрои Олии ҶТ боло гирифтани баҳси байни имомхатаби шаҳри Кўлоб Мулло Ҳайдар Шарифзода ва қозии љумҳурї Њољї Акбар Тураҷонзода ба ҳисоб меравад. Ҳ. Шарифзода А. Тураҷонзодаро барои норасоиҳои молиявї, худсариҳои ҳизби наҳзати ислом танқид намуд. Чунин ҳолат аксари руҳониёни ноҳияњои Марказї ва Љанубии ҷумҳуриро ба ду гурўҳи ба њам муқобил ҷудо намуд.

Воқеъаи дуюм, ин бегоҳии 25 марти с. 1992 суханронии раиси Шўрои Олии ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев ба воситаи оинаи нилгун буд, ки вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ М. Навҷувоновро ба зери танќид гирифта, масъалаи аз вазифа сабукдўш намудани ўро гузошт. Рўзи дигар, 26 марти бо ташаббуси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» наздикони вазир, барои дифои М. Навҷувонов дар назди қасри Президент гирдиҳамоии эътирозӣ намуданд. Бо онҳо тарафдорони ҳизби наҳзати ислом ҳамроҳ гардида роҳбарии майдонро (майдони «Шаҳидон») ба дасти худ дароварданд. Ҳозирини майдони «Шаҳидон», аксарият аз минтақаҳои Гарму Бадахшон ва вилояти Кургонтеппа нисбати Ҳукумат ва Шурои Олии ҶТ суханҳои танқидӣ гуфта, истеъфоашро талаб мекарданд. Гирдиҳамои рўз ба рўз характери зиддиҳукуматӣ ва зиддикоминистиро мегирифт. Президент Р. Набиев бепарвои зоҳир намуда, оқибатҳои чунин вазъиятро дарк карда натавонист. 21 апрели с.1992 мухолифин 20 нафар ҷонибдорони Ҳукуматро гаравгон гирифтанд, аз ҷумла 16 вакилони Шурои Олӣ ва 2 муовини сарвазири мамлакат. Рузи дигар Сафаралӣ Кенҷаев аз вазифаи Раиси Шурои Олии ҶТ ба истеъфо баромад ва Акбаршо Искандаров раиси Шўрои Олии ҶТ гардид. 26 апрели с. 1992 дар майдони дигари Душанбе, ки он вақт майдони «Озодӣ» ном гирифта буд, ба тарафдории ҳукумати расмӣ гирдиҳамоии нав ба амал омад,аксарияти иштирокчиёни он аз минтақаҳои Ленинободу(ҳоло Сугд) Кулоб ва Кургонтеппаву водии Ҳиссор буданд. Мардум, нисбат ба ҳамдигар истифода бурдани суханҳои таҳкиромез «вовчик» (нисбати гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон») ва «юрчик» (нисбати гирдиҳамомадагони майдони «Озодӣ»), вазъиятро муташанниҷ гардонида буд.

Иштирокчиёни ҳар ду майдон рўз ба рўз зиёд мегардиданд ва бо роҳҳои гуногун мусаллаҳ мешуданд. 1 майи соли 1992 Президент Р. Набиев бо фармони хеш Горди миллиро таъсис намуда ба ҷонибдоронаш 1800 автомат таксим намуд.

5 майи соли 1992 дар роҳи Душанбе-Ёвон,назди ҷамоаи Оли совет аввалин задухурди хунини байни тарафҳои муқовимат руй дод. Ин амал ба муташаниҷ гардидани вазъият дар Душанбе ва огози ҷанги шаҳрвандӣ сабаб гардид. 1992 Фочиаи хунини 5 май дар чамоаи Оли совет руй дода, ба амалиёти зидди хукуматии мухолифин дастак шуд. Хамон бегох, мухолифин ТВ чумхуриро забт намуда ба воситаи он ташвикоти зидди хукуматиашонро сар карданд. 6 май дастахои мухолифин бинои аэропорт ва вокзалро зери назорат гирифтанд. Милитсия, ОМОН кисман бетараф ва кисми дигар чонибдори мухолифин гардид. Мушовири Президент оид ба масъалахои харби, генерал-майор Бахром Рахмонов, ки ба зимаи у мухофизати бинои Хукумати ҶТ вогузошта шуда буд, бо техникаву аслиха ба чониби мухолифин гузашт.

Президент Р. Набиев дар бинои Кумитаи амнияти милли панох бурд. 10 май чонибдорони мухолифин бо максади «сарнагун намудани хукумати Президент Р. Набиев» ба чониби Кумитаи амнияти милли рохпаймои намуданд. Дар инчо задухурд ба амал омад, ки дар натича 14 нафар аз намоишчиён халок гардиданд. Ба задухурд харбиёни гарнизони дивизияи 201 Русия, ки бо танку БТР-хо ба чойи муқовимат омаданд, хотима доданд. Баъди ин фочеаи хунин намоишгарони майдони «Шахидон» (чонибдорони мухолифин) Душанберо тарк намуданд.


14 майи соли 1992 ҳукумати эътилофӣ (коалитсионӣ) ба ном «Ҳукумати муросои миллӣ» ташкил карда шуд. Ба он А.Искандаров, Д.Усмон, Х.Холиқназаров, З.Вазиров, М.Мираҳимов ва дигарон шомил буданд. Вале ин Ҳукумат барои пешгирии ҷанг коре карда натавонист. Баръакс, худи ҳамон рўз дар Душанбе, дар назди бинои Кумитаи амнияти миллӣ (ҳоло Кумитаи амнияти бехатарӣ), дар байни тарафҳои муқовимат, бархўрди хунин ба амал омад. Дар натиҷа 8 нафар кушта ва 41 нафар захмї гардиданд. Бо ҳамин алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ Душанберо фаро гирифт.


[вироиш] Даргириҳо ва рафти ҷанги шаҳрвандӣ

Дар аввали мохи июни соли 1992 муковимати мусаллахонаи чонибдорони Набиев ва мухолифин аз Душанбе ба вилояти Кургонтеппа гузашт. 19 июн дар Душанбе тахти сарварии муовини раиси хизби нахзати исломии Тоҷикистон Давлат Усмон ва Раиси Хизби демократии Тоҷикистон Шодмон Юсуф Штаби «Наҷоти Ватан» таъсис ёфт, ки ба он қуввахои ВКД-и Тоҷикистон ва чонибдорони мухолифин дохил шуданд.

27 июни дар Кургонтеппа задухурди мусаллахонаи чонибдорони Набиев ва мухолифин руй дод. чонибдорони Набиев аз Кулоб ба воситаи радиои махали дар бораи хучуми мухолифин ба нохияи Вахш ва зулму куштори ахолии нохия хабар дода, сокинони аз Кулобу Ленинобод мухочиршуда ва узбекхои Курготеппаро ба муқобилияти зидди мухолифин даъват намуданд. Дар натичаи задухурди тарафайн мувофиқи маълумоти ВКД-и Тоҷикистон 35 наф. халок гардида зиёда аз 50 наф. захмдор шудаанд. Ин воқеа боиси тарсу вахми мардум ва мухочиршавии хазорон сокинони вилояти Кургонтеппа (асосан зодагони вилоятхои Кулобу Ленинобод ва узбекону дигар миллатхо) гардид.

Ҷанги шаҳрвандӣ ноҳияҳои водии Ҳисор ва Вахшро фаро гирифт. Ноҳияҳои вилояти Кўлоб гирифтори бумбасти иқтисодӣ гардиданд. «Ҳукумати муросои милли», ки дар асл ба ихтиёри мухолифин гузашта буд, ба сўи ноҳияҳои вилояти Кўлоб гузаронидани хўроквориро манъ кард. Агар ноҳияҳои водии Вахшро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта бошад, пас аҳолии вилояти Кўлобро гуруснагӣ, фаро гирифта буд.

Аксарияти муҳоҷирон ба вилояти Кулоб ва шахри Душанбе, дигарон дар ноҳияҳои гуногуни ҷумҳури ва давлатҳои ИДМ паноҳ бурданд. Тобистони соли 1992 бо шиддат ёфтани муковимат муҳоҷиршавии кавму маҳалҳои Гарму Бадахшон низ ба вукуъ омад. Муҳоҷирони ичбории дохили ( мувофики маълумоти УВКБ СММ дар соли 1992) тахминан 1 млн.наф. ва дар давлатҳои ИДМ 195 ҳаз. наф ташкил мекард.

29 июн дар Кургонтеппа ва 27 июли соли 1992 дар Хоруг ду маротиба байни роҳбарони тарафҳои мукобил ва кумондонони саҳроии Кулоб ва мухолифин шартномаи оташбас ба имзо расида буд, Вале ин шартномаҳо аз дуҷониби муковимат риоя нагардида ҷанги шаҳрвандӣ давом мекард.

Дар Душанбе мухолифин мавќеи худро рўз аз рўз мустаҳкам менамуд. 24 август аз чониби мухолифин додситони генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев кушта шуд. Ин амали терористии мухолифин гирдиҳамоии эътирозии сокинони чумҳуриро ба миён овард. Дар ин гирдиҳамоиҳо намоишчиён ба «Ҳукумати муросои милли» нобовари изҳор намуданд.

31 августи соли 1992 гурухи мусаллахонаи «чавонони Душанбе» ҳамроҳи гурезаҳои Кургонтепа ва Кулоб касри Президентро забт намуда 48 наф. аъзоени Ҳукумати ҶТ ва диг. ба гарав гирифтанд. Мухолифин ва муовини Раиси вилояти Кулоб Санговро куштанд. Президент Р. Набиев дар гарнизони дивизияи 201 Русия паноҳ бурда буд. Президент Р. Набиев, аз тарс як ҳафта дар Ќаратоѓ пинҳон шуд.

2 сентябр аъзоёни Ҳукумати ҶТ зери фишори мухолифин ба «Изҳорот дар бораи нобовари ба Президенти ҶТ Р. Набиев»-ро имзо намуданд. 4 сентябр дар Душанбе бояд иҷлосияи Шурои Олии ҶТ даъват мегардид. Ҳамин руз дар Кургонтеппа ҷонибдорони Р. Набиев бо ташаббуси фармондехи дастаҳои муқобилиятнишодеҳии Кулоб Сангак Сафаров гирдиҳамои ташкил намуданд. Мухолифин ба намоишчиён ҳуҷум карданд, задухурди навбатии хунин ба амал омад, садҳо куштаву захмдор шуданд. Иҷлосияи Шурои Олии ҶТ, ки бояд 4 сентябр даъват мегардид, ба таъхир андохта шуд ва баргузор нагардид.


7 сентябр Р. Набиев ба кор баромад ва ҳангоми ба сўи Хуҷанд гурехтан, дар фурудгоҳи Душанбе, аз тарафи гурўҳи мусаллахонаи мухолифин маҷбур карда шуд, ки ба истеъфо барояд. Ҳамин тавр, дар Душанбе ҳокимият пурра ба ихтиёри мухолифин гузашт. Дар чунин ҳолат Шўрои Олии ҷумҳурӣ озодона фаъолият карда натавонист. Мухолифин ҳар лаҳза намояндагони мардумӣ ва аъзоёни ҳукуматро, ки аз рўи наќшаи онҳо амал намекарданд, гаравгон мегирифтанд. Радио ва оинаи нилгуни ҷумҳурӣ ҳам дар ихтиёри тарафи мухолифин буд. Хулоса, рукнҳои давлатдорӣ дар Тоҷикистон фалаҷ гардида буд. Чунин ҳолат зарурияти таъсис намудани ҳокимияти нави қонунии ҷумҳуриро ба вуҷуд овард, ки онро бояд ҳар ду тарафи муқобил эътироф намоянд. Чунин ҳокимиятро бояд иҷлосияи Шўрои Олии ҶТ , ки салоҳияти ҳуқуқӣ дошта буд ташкил медод.

Баъди истеъфои Р. Набиев задухурдҳои байни мухолифин ва дастаҳои мусуллаҳонаи Кулоб дар вилояти Кургонтеппа авч гирифтанд. Дар асоси иттифоки тарафайни кулобиҳову ҳиссориҳо «Фронти халкии Тоҷикистон» ташкил ёфт, ки ҳадафи асосиашон барқарор намудани «сохти конститутсиони» дар Точикистон гардид. Пешвоёни сиёсии «Фронти халкии Тоҷикистон» аз Кулоб «авторитети» чинояткорон Сангак Сафаров ва санъаткор Рустами Абдурахим, аз Ҳиссор, собиқ раиси Шурои Олии ЧТ Сафарали Кенчаев буданд.

Сентябр-октябри соли 1992 чангҳои хунин дар ш. Кургонтеппа мегузаштанд. Ҳарду чониби муковимат техникаи зиреҳпуш ва аслиҳаи вазнинро истифода мебурданд (аслиҳаву тирро ҳарбиёни дивизияи 201, ки он вакт аз таъминоти молиявии Русия маҳрум буданд ва Узбекистон, ки баъд аз Афгонистон баровардани Артищи шурави миқдори зиёди техникаву аслиҳаро милли гардонида буд, мефурухтанд). Террору куштори бераҳмона нисбати аҳолии осоищта аз руи маҳалҳои қавмиашон (кулобиву гармиву, дарвозиву, бадахшониву узбекҳо) аз чониби тарафҳои мухолиф истифода бурда мешуд.

Сентябри соли 1992 дастаҳои Фронти халқи дар водии Ҳиссор ҳукумрон шуданд. Гуруҳи нави Турсунзодаву Ҳиссор зидди мухолифин ба вучуд омад. Субҳи 24 октябр ин гуруҳ бо сарварии Сафарали Кенчаев ва Рустами Абдураҳим ба Душанбе ҳучум намуда қасри Президент ва Маркази радиоро ишгол намуданд. Задухурди тарафҳо дар Душанбе бо маглубияти «ҳиссориҳо» анчомид. Дар он садҳо одамон, аз чумла Рустами Абдурахим кушта шуданд. Баъди маглубият дар Турсузодаву Шаҳринаву Ҳиссор терори зидди аҳолии қавмҳои гармиву бадахшони сар шуд ва роҳи оҳани Турсунзода – Душанбе вайрон карда шуд. Муҳосираи иктисоди ба аҳолии Душанбе ва ноҳияхои водии Гарму Бадахшони куҳи таҳдид мекард.

[вироиш] Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ

Аз 26 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд (вилояти Ленинобод) иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ шуда гузашт. Дар иҷлосия Президент Р. Набиев ва Раиси Шурои Оли Акбаршо Искандаров аз вазифаҳояшон сабукдуш шуданд(Сафарали Кенҷаев, собик раиси Шурои Олии ҶТ ҳамин вакт, аз ҷониби кормандони тартиботи ҳуќуќи боздошт шуда буд). 19 ноябр Эмомали Рахмон, Раиси Ҳукумати вилояти Кулоб дар натиҷаи овоздиҳии вакилон Раиси Шурои Олии ҶТ интихоб гардид. 26 ноябр кумондонони саҳроии «Фронти халқии Тоҷикистон» ва «Артиши халқи-демократи»-и мухолифин созишномаи сулҳро ба имзо расониданд. Пешвоёни мухолифин аз ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии ба Хуҷанд наомаданд. Сарвазири Ҳукумати нави ҶТ Абдумалик Абдуллоҷонов таъин шуд. Дар ҳайати нави Ҳукумати ҶТ ягон намояндаи мухолифин таъин нащуда буд. Ба Конститутсия тагйирот ворид карда шуда ваколати Президенти ҶТ муваққатан (то интихобот) боз дошта шуд. Ваколати Сардори давлат ба раёсати Шурои Олии ҶТ гузошта шуд.

Дар рафти кори иҷлосияи XVI Шурои Олии ҶТ охири ноябр - декабри с. 1992 аз ноҳияҳои чануби ба Афгонистон тахминан 60 ҳазор нафар, асосан аз қавмҳои гармиву дарвозиву бадахшони гуреза шуданд. Аз байни онҳо солҳои минбаъд дастаҳои мусаллаҳи мухолифин дар Афгонистон ташкил шуда буданд.

Вале Сафарали Кенҷаев, ки дар роҳбарияти нави мамлакат ба ягон мансабе соҳиб нашуд, бо дастаҳои ба худ содиқи ҳиссориҳо ба Душанбе ҳучум сар кард. Кисми гарбии пойтахт аз тупҳои «Град» охири ноябр ва аввали лекабри с. 1992 тирборон карда шуд. 4 декабр сарварони «Артиши халќи-демократи»-и мухолифин ба воситаи радио элон намуданд, ки ба Роҳбарияти нави чумҳури бо сарварии Э. Раҳмон итоат намекунанд. 10 декабр батальони махсуси (ки бо кумаки бевоситаи Узбекистон бо зиреҳпушхову аслиҳаи мусаллаҳ шуда буд) вазири корҳои дохилии ЧТ Ёқуб Салимов якчоя бо дастаҳои «Фронти халқии Тоҷикистон» ба Душанбе дохил гардида пойтахтро ишгол намуданд. Ќувваҳои мухолифини дар Душанбе буда, ба қувваҳои ҳукумати муқобилияти сахт нишон надода, асосан ба сўи ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ақиб гаштанд. Маҳз чунин ҳолат Душанберо аз харобии зиёд эмин нигоҳ дошт.


Дар шаҳри Ваҳдат мухолифин то 20 декабр муқобилият нишон дода, ба водии Рашт қафо гаштанд. Баъди забт намудани Душанбе, аз ҷониби «Фронти халқии Тоҷикистон» Дар Душанбе муқобили қавмҳои гармиву бадахшонӣ таъқибу террор сар шуд. Якчанд руз дар шаҳр ҷиноякорони мусаллаҳ ҳукумрони мекарданд. Намояндагони ҳизбу ҳаракатхои мухолифин дастгир ва ҳабс карда шуданд.

[вироиш] Давоми ҷанги шаҳрвандӣ

Соли 1993 Э. Рахмон ба тащкили Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳукуматхои маҳаллӣ дар водии Вахшу Ҳиссор мащгул буд. Бисёриҳо ба он дохил шудан намехостанд, чунки ба устувору мустаҳкамшавии он шубҳа доштанд. Дар мамлакат асосан қумондонони саҳроии «Фронти халқии Тоҷикистон» ҳукумрони менамуданд ва ба Хукумати Э. Раҳмон итоат намекарданд. Тобистони соли 1993 пули Анзоб дар рохи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд тарконида шуд. Декабри соли 1993 вакилони вилояти Ленинобод ба иҷлосияи Шурои Олии ҶТ хозир нашуданд. Роҳбарияти Ленинобод таклиф мекард, ки идоракунии Президенти барқарор карда шуда вилоят ба минтакаи озоди иктисоди табдил дода шавад. Дар иҷлосияи Шурои Олии ҶТ қарор карда шул, ки интихоботи Президент ва Конститусияи нав қабул карда шавад.

Дар водии Гарм, ки тартиботи исломи ҷори шуда буд, ҷанги ќуввахои мухолифин бо хукумат давом меёфт. 21 июни соли 1993 коллегияи судии Суди Олии Точикистон фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои исломию демократии мухолифинро манъ кард. Дар сарҳади Афгонистон, ки сарҳадбонони Русия мухофизат менамуданд, амалиётхои терористи зиёд шуданд. [[13 июли соли 1993 муҷоҳидони афгон ( 200 наф.) ба заставаи 12 сарҳадбонони Русия хучум овард. Бо ёрии қисмҳои ҳарбии дивизияи 201 Русия муҷоҳидон аз худуди ҷумҳури пеш карда шуданд. Дар ҷанги нобаробар 25 нафар сарҳадбонон кушта шуданд.

[вироиш] Адабиёт

Алимов Р., Лебедев М., Касымов Э. Таджикистан – ООН: История взаимоотношений. – М., 1995.

Белов Е.В. Исторический опыт переговорного процесса по урегулированию межтаджикского конфликта (1993-1997гг.).- Душанбе, 1999.

Нури С.А. Оштинома – Душанбе, 2001.

Олимова С., Олимов М. Таджикистан на пороге перемен. - М., 1999.

Рахматуллаев Э. Миротворчество ООН в Таджикистане и перспективы дипломатии в Центральной Азии. – М., 2001.

Саъдиев Ш. С. Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоияти милли. — Душанбе, 2002

Таљрибаи таърихии сулҳи Тоҷикистон. Маҷмўи тезисҳои Симпозиуми байналмилалї. Душанбе, 26-27 апрели соли 2001.- Душанбе, 2001.

Усмон И. Сулҳнома. – Душанбе, 2001.

Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. – Душанбе, 2006.

[вироиш] Дарёфти сулҳ

Хоҳишу мароми бевоситаи аксарияти мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии кишвар барои хотима додани ҷанги дохилӣ ва ҷустуҷўи ҳамдигарфаҳмӣ. Чунин, ният дар рафти кори иљлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Хўҷанд соли 1992 оѓоз гардида дар давоми музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ солҳои 1994-1997 ва амалӣ шудани «Созишномаи умумии истиќрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»(аз 27 июни с. 1997) дар с. 1997-2000 зоҳир гаштааст. Ба раванди сулҳсозӣ Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон (аз 9 марти с. 1996), ки байни роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва миллии Тоҷикистон ба имзо расида буд ва фаъолияти Харакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (аз 18 июни с. 1997) мусоидат карда буд.

Оѓози музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, ки бо кўмаки Созмони Милали Муттаҳид, сар шуда бо иштироки бевоситаи Дабири кулли СММ, намояндагони махсуси ў дар Тоҷикистон, Хайати Нозирони СММ дар Тоҷикистон ва бо дастгирии Шўрои амнияти СММ гузашта буд. Амалиёти СММ доир ба эъљоди сулҳ с. 1994-1997 амалӣ гардида бо ба имзо расидани санади ҷамъбастии музокироти байни тоҷикон 27 июни соли 1997 дар ш. Москва ба анҷом расид.

27 июн тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамчун «Рўзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад..[1]

[вироиш] Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ

Музокироти байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 давом кардааст. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва мухолифин(ИНОТ) 3 машварати байниҳамдигарии тарафҳо ва 6 мулоќоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ва Роҳбари мухолифин(ИНОТ) С.А. Нурӣ баргузор гардидааст. Дар рафти музокирот 9 асноди асосӣ, ки асоси «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро дарбар мегирифт, ќабул шуданд.

[вироиш] Давраҳои музокироти миёни тоҷикон

Музокирот ва машваратҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳодияи нерўҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) оид ба ҳалли ихтилофоти миёни тоҷикон ва расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (с-и 1994-1997):


  • Даври 1 - 5-19 апрели 1994 дар Маскав.
  • Даври 2 - 18-28 июни 1994 дар Теҳрон.
  • Даври 3 - 20 октябр - 1 ноябри 1994 дар Исломобод.
  • Даври 4 - 22 май -1 июни 1995 дар Алма-Ато.
  • Даври 5 -

Марҳалаи 1 - 30 ноябр - 22 декабри 1995 дар Ашқобод

Марҳалаи 2 - 26 январ - 18 феврали 1996 дар Ашқобод

Марҳалаи 3 – 8 - 21 июли 1996 дар Ашқобод

  • Даври 6 - 5-19 январи 1997 дар Теҳрон.
  • Даври 7 - 26 феврал - 8 марти 1997 дар Маскав.
  • Даври 8 –

Марҳалаи 1 – 9 - 16 апрели 1997 дар Теҳрон.

Марҳалаи 2 – 22 - 28 майи 1997 дар Теҳрон.

  • Музокироти ҷамъбастӣ - 24-27 июни 1997 дар Маскав.


Инчунин се даври машваратҳои тарафайн байни намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИНОТ дар рафти музокирот шуда гузаштаанд: даври 1 – дар Теҳрон, 12-17 сентябри соли 1994; даври 2 – дар шаҳрҳои Маскав, Душанбе, Исломобод, Теҳрон феврали соли 1995; даври 3 – дар Маскав, 19-26 апрели соли 1995 баргузор гардиданд.[2]

  1. Қонунҳо ва Қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият - Душанбе,2002. - с. 9


[вироиш] Мулоқот ва музокироти Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ

  • Мулоқоти 1 - 17-19 майи 1995 дар Кобул. Изҳороти муштарак.
  • Мулоқоти 2 - 19 июни 1995 дар Теҳрон. Изҳороти муштарак.
  • Мулоқоти ѓоибона - августи 1995 дар Душанбе-Кобул. Протокол «Дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 17 августи соли 1995 (дар алоҳидагӣ ба имзо расидааст).
  • Мулоқоти 3 - 10-11 декабри 1996 дар Хусдеҳ (Афѓонистони Шимолӣ). Изҳороти муштарак. Протокол «Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат» аз 11 декабри соли 1996.
  • Мулоқоти 4 - 23 декабри 1996 дар Маскав. Созишномаи Президенти ҶТ ва Роҳбари ИНОТ. Протокол «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 23 декабри соли 1996.
  • Мулоқоти 5 - 20-21 феврали 1997 дар Машҳад. Изҳороти муштарак. Протоколи иловагӣ ба протокол «Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ» аз 21 феврали соли 1997. Низомномаи Комиссияи оштии миллӣ.
  • Мулоқоти 6 - 16-18 майи 1997 дар Бишкек. Ёддошти Бишкек. Протокол «Дар бораи масъалаҳои сиёсӣ» аз 18 майи соли 1997.[1]
    1. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият - Душанбе,2002. - с. 10

[вироиш] Созишномаи сулҳ

27 июни соли 1997

Дар ин рўзи таърихии тақдирсоз барои мардуми Тоҷикистон дар ш.Маскав санадҳои зерин ба имзо расидаанд.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон.

Протоколи ҳамдигарфаҳмии Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ.

Изҳороти Маскав – аз ҷониби Президенти ҶТ Э.Раҳмон ва Роҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ ва намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттахид Г.Д. Мерем ба имзо расидааст.[1]

  1. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият - Душанбе,2002. - с. 13


[вироиш] Комиссияи оштии миллӣ (КОМ)

Таъсис ва фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) бо шумораи баробари намояндагони ҳукумат ва мухолифин, ҳамчун мақомоти асосии амалӣ сохтани «Созишномаи умумӣ» дар давраи гузариши с. 1997-2000. Ин мақомоти муваққатӣ ба яке аз воситаҳои сиёсии дарёфти ҳарчи зудтари сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон хизмат намудааст.[1][2][3]

  1. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият - Душанбе,2002. - с. 15-16
  2. Нури С.А. Оштинома – Душанбе, 2001. - 280 c.
  3. Усманов И.К. Миростроительство в Таджикистане. – Душанбе, 2006. - 160 c.

[вироиш] Фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ

Механизми татбиқи «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз 27 июни соли 1997 ки аз 9 санади муҳим иборат буд ба воситаи Комисияи оштии миллӣ мебоист ҳалли хешро меёфт. Ҳайат, вазифа ва салоҳияти Комисияи оштии миллӣ дар рафти музокирот ҳаллу фасл гардида доир ба он 2 санад 23 феврали соли 1997 дар Москва, Протоколи иловагӣ ва Низомномаи Комисияи оштии миллӣ 21 феврали соли 1997 дар ш. Машҳад қабул шуданд.

Комисияи оштии миллӣ фаъолияти худро аввал дар Москва 7-11 июл ва сипас аз 15 сентябри соли 1997 то 1 апрели соли 2000 дар ш. Душанбе пеш бурда вазифахои дар наздаш гузошташударо бомуваффақият ичро намудааст. Дар рафти фаъолияти КОМ гурўҳи тамос бо иштироки намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, САҲА, Созмони конфронси исломӣ ва сафирони 8 мамлакатҳои нозири музокироти тоҷикон ба ҳайси кафилони сиёсии татбиқи Созишномаи сулҳ саҳмгирӣ намуданд.

[вироиш] Сохтори Комиссияи оштии миллӣ]]

Р А И С - Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (И Н О Т)

М У О В И Н И Р А И С -

Абдулмаҷид Достиев (Х У К У М А Т)

Ҳайати Комисияи оштии миллӣ:


[вироиш] ЗЕРКОМИСИЯИ СИЁСӣ

  1. Иброҳим УСМОНОВ Раис(Ҳукумат)
  1. Раҳим МАСОВ Аъзо(Ҳукумат)
  1. Ҳомид ПЎЛОДОВ Аъзо (Ҳукумат)
  1. Чумъа БОЙНИЁЗОВ Аъзо (ИНОТ)
  1. Абдунаби САТТОРЗОДА Аъзо(ИНОТ)
  1. Муҳаммадшариф ҲИММАТЗОДА Аъзо(ИНОТ)

[вироиш] ЗЕРКОМИССИЯИ ҲУқУқӣ

  1. Отахон ЛАТИФИ Раис(Ҳукумат)
  1. қиёмиддин ғОЗИЕВ Аъзо(ИНОТ)
  1. Файзиддин ШОМАҲМАДОВ Аъзо(ИНОТ)
  1. Халифабобо ҲАМИДОВ Аъзо(Ҳукумат)
  1. Шермаҳмад ШОЕВ Аъзо(Ҳукумат)
  1. Зариф АЛИЕВ Аъзо(Ҳукумат)

[вироиш] ЗЕРКОМИССИЯИ НИЗОМӣ

  1. Ҳабибулло САНГИНОВ Раис(ИНОТ)
  1. Абдураҳим КАРИМОВ Аъзо(ИНОТ)
  1. Атобек АМИРБЕКОВ Аъзо(ИНОТ)
  1. Хайрулло ХАЙДАРОВ Аъзо(Ҳукумат)
  1. Тағой РАҲМОНОВ Аъзо(Ҳукумат)
  1. Абдуманон АБДУРАЗЗОқОВ Аъзо(Ҳукумат)

[вироиш] ЗЕРКОМИССИЯИ МУХОҷИРОН

  1. Шукурчон ЗУҲУРОВ Раис(Ҳукумат)
  1. Бозгул ДОДХУДОЕВА Аъзо(Ҳукумат)
  1. Кароматулло ОЛИМОВ Аъзо(Ҳукумат)
  1. Муҳаммадали ФАЙЗМУҲАММАДОВ Аъзо(ИНОТ)
  1. Мансур ЧАЛИЛЗОДА Аъзо(ИНОТ)
  1. Мирзомуҳаммади МИРЗОҲОДИЕВ Аъзо(ИНОТ)

Отахон Латифи аз 15 июли с. 1997 то сентябри с. 1998 Раиси зеркомиссияи ҳуқуқӣ буд. Вай рўзи 22 сентябри с. 1998 дар ш. Душанбе кушта шуд. М. Ҳимматзода, собиқ узви зеркомиссияи сиёсӣ аз ҷониби ИНОТ моҳи октябри с. 1998 Раиси зеркомиссияи ҳуқуқӣ таъин карда шуд. Инчунин дар зеркомиссияҳо аз ИНОТ шахсони зерин: О.Абдусаломов, М.Низомов, М.Саломов, С. Гадоев, М. Кабиров кор бурданд.

1 ноябри соли 1999 ҳангоми вохўрии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон бо Дабири кулли СММ Кофи Анан таъкид, шуд ки дар Тоҷикистон СММ дар кори ҳалли низоъҳо тачрибаи нодире пайдо кард. Ва ин таҷриба ҳам аз нигохи тарзи дахолат, усул ва роҳҳои ҳалли танзими вазъ ва ҳам аз ҷиҳати ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявӣ дар истиқрори сулҳ ва оромӣ дар «нуқтаҳои доғ» шоистаи омўзиш мебошад.[1]

  1. Саъдиев Ш.Тоҷикистон: роҳи сулҳ ва ризоият - Душанбе,2002. c. 15-16

[вироиш] Инҷоро ҳам бингаред



[вироиш] Пайвандҳо

[вироиш] Пайвандҳои беруна

Абзорҳои шахсӣ
Фазоҳои ном

кирилликӣ

Вариантҳо
Амалкардҳо
Гаштан
Ҷаъбаи абзор
бо забонҳои дигар