Ҷоизаи давлатии СССР (Феҳрист:Тоҷикистон)

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС) - ҷоизаи баланди даврони шӯравӣ, соли 1940 таъсис ёфта, то соли 1960 ҷоизаи Сталинӣ ном дошт. Ҷоиза (мукофот) барои комёбиҳои барҷастаи эҷодӣ дар соҳаи илм, техника, адабиёт, санъат, меъморӣ, инчунин комёбиҳои баланди меҳнатӣ дар каламрави шӯравӣ эҳдо шуда буд. Соли 1991 баъд аз пошхурии СССР Ҷоизаи (мукофоти) давлатии СССР (ИҶШС) аз амалиёт бозмондааст.

Феҳристи ҷоизадорон (дар соҳаи адабиёт ва санъат)[вироиш]

Ному насаб Унвон Соли супурдан Барои комёбиҳои барҷаста дар соҳаи адабиёт ва санъат Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)
1. Мухтор Ашрафӣ оҳангсоз, дирижёр солҳои 1943, 1952
Ҷоизаи ба номи Сталин
2. Комил Ёрматов кинорежиссёр соли 1948 Ҷоизаи ба номи Сталин
3. Мирзо Турсунзода Шоири халқии Тоҷикистон соли 1948 достони «Қиссаи Ҳиндустон» Ҷоизаи ба номи Сталин
4. Садриддин Айнӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон соли 1949 «Ёддоштҳо», Қисми 1-2 Ҷоизаи ба номи Сталин
5. Сергей Баласанян, Ғаффор Валаматзода, Лутфӣ Зоҳидова, Муҳаммад Қобилов, Евгений Чемодуров. гурӯҳи эҷодӣ соли 1949 барои балети «Лайли ва Мачнун» Ҷоизаи ба номи Сталин
6. Борис Бибиков коргардони театр соли 1950 Ҷоизаи ба номи Сталин
7. Мирсаид Миршакар Шоири халқии Тоҷикистон соли 1950 достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» Ҷоизаи ба номи Сталин
8. Иброҳим Барамиков, Борис Кимиёгаров-Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон гурӯҳи эҷодӣ соли 1952 барои филми ҳуҷҷатии « Тоҷикистон Советӣ» Ҷоизаи ба номи Сталин
9. Ашӯра Носирова Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон соли 1952 барои маҳорати баланди ракс Ҷоизаи ба номи Сталин
10. Муъмин Қаноат Шоири халқии Тоҷикистон соли 1978 достони «Суруши Сталинград» Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)
11. Ато Муҳаммадҷонов актёри театр ва кино, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон‎ соли 1986 барои накшҳо дар кинофилмҳо Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)
12. Ҳошим Гадоев Ҳунарпешаи халқии СССР‎ соли 1989 кинофилми «Рустам ва Суҳроб» Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)

Нигаред[вироиш]

Ҷоизаи давлатии СССР (ИҶШС)

Манобеъ[вироиш]

Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. – Душанбе, 1983. – с. 540.[1]