Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Нишонаи ҶШС Тоҷикистон
Парчами ҶШС Тоҷикистон
ҶШС Тоҷикистон дар харитаи СССР

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон - Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон (русӣ: Таджикская Советская Социалистическая Республика) 1929-1991


14 октябр-и соли 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳурихои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Узбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятхои Ғарм, Кулоб, Қургонтеппа, Ҳисор, кисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халкии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба хайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил мешуд, ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кухӣ табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба хайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.

4 сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.16/27 октябр соли 1929Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати вилоятхои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Кўргонтеппа, Уротеппа, Панҷакент, Хўҷанд ва Ҳисор ки дорои 1- миллиону 220 - хазор нафар ахолӣ буданд, ташкил шуд.

Ҷумхуриҳои нав ташкилёфтаи Иттиходи Шўрави, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рўи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд, Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, ичунин тоҷикон ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Дар солхои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонй анчом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони мустақил гардид. Дар натичаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 % расид. Маъракаи «Ҳучум» («озодшавии занон») оғоз гардид. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хочагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (СССР) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Б. Ғафуров, Т. Улҷабоев, Ҷ.Расулов ва Қ.Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фархангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бовҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳурихои шӯравӣ аз ҷиҳати манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ маориф, фарханг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиходи Шўравӣ бо ашёи хом ( барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг) нигаронида шуда буд. 24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар хайати Иттиходи Шӯравии тачдидёфта қабул намуд. Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП)и коммунистони тундрав, 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шўрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон" қарор қабул намуд.

Солномаи таърихи ҶШC Тоҷикистон[вироиш]

Солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 – қабули Конститутсияхо дар ҶШC Тоҷикистон.

Соли 1931- бунёди аввалин донишкадаи олӣ дар Тоҷикистон (Донишгоҳи омўзгории ба номи С. Айнӣ)

Солҳои 1928-1930 - гузаштан аз ҳуруфоти форсии тоҷикӣ ба ҳуруфоти лотинӣ ва солҳои 1939-1940 аз ҳуруфоти лотинӣ ба кирилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 1931-1937 – сохтмони канали Вахш ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистони Ҷанубӣ.

Солҳои 1939-1941 – сохтумони каналҳои калони Фаргона ва Њисор, обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистони Шимолӣ ва Марказӣ.

22 июни соли 1941 - 9 майи соли 1945 - солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муќобили фашистони Олмон ва иттифоқчёни он. 54 нафар аз ҷанговарони Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор шудаанд.

Соли 1948 - таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Соли 1951- бунёди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин президенти он Садриддин Айнӣ буд.

Соли 1961 - оғози сохтумони Нерўгоҳи барқии обии (ГЭС)-и Норак. Соли 1972 - агрегати 1-ўм ва соли 1979 агрегати охирин – 9- ўми НБО - Норак ба кор даромад.

Соли 1975 - оғози кори заводи арзии (алюминии) тоҷик дар ш. Турсунзода.

22 июли соли 1989 - қабул гардидани «Қонуни забони ҶШC Тоҷикистон»]]дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба забони тоҷикӣ дода шудани мақоми давлатӣ. 22 июл ҳамчун «Рўзи забон» солхои 1990-2008 дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешуд.

24 августи соли 1990 - қабул гардидани "Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар хайати ИҶШС" дар иҷлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон.[1]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010

Сарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон[вироиш]

  • Ҳақикати таърих. Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон. - Душанбе, 1990, – с. 175.


Тоҷикистон[вироиш]

Нигаред[вироиш]