Ҷӯрахон Искандаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷӯрахон Искандаров
Ҷӯрахон Искандаров
Таърихи таваллуд 24 март 1915(1915-03-24)
Зодгоҳ шаҳри Конибодом
Таърихи даргузашт 1970(1970)
Пеша(ҳо) сароянда

Ҷӯрахон Искандаров — сароянда, Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1942).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунари сознавозию овозхониро ибтидо дар зодгоҳаш омӯхта, муддате дар Ҳуҷанду Самарқанд аз Ҳоҷӣ Абдулазиз (1852-1936), Содирхон Ҳофиз (1847-1931) дарси овозхонӣ андӯхтааст. Ҷӯрахон Искандаров фаъолияташро ибтидо дар театри республикавии мазҳакаи мусиқӣ ш. Ленинобод (1938) оғоз намуда, сониян чун сарояндаи яккахони театри халқии Конибодом (1949-1951), сароянда-солисти Филармонияи давлатии ҶШС Тоҷикистон (1956-1964) ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ баъди таъсис ёфтани дастаи мақомхонон (1964) дар назди Комитети давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон фаъолияти иҷроияшро дар ин даста идома дода, таҳти сарварии устодони мусиқӣ Шоҳназар Соҳибов (1903-1972), Фазлиддин Шаҳобов (1911-1974) санъати мақомхониро омӯхта, дар иҷрои шохаҳои ҷудогонаи овозӣ, «Қашқарчаи Содирхон», «Соқиномаи Ироқи Бухоро», «Муғулчаи Сегоҳ», «Савти Сабо», «Бозургонӣ», иҷрои дастаҷамъии «Шашмақом» маҳорати хуби иҷроӣ ба харҷ додааст. Ҷӯрахон Искандаров иштирокдори даҳаҳои адабиёт ва ҳунари тоҷик ш. Москва (1941, 1957) буда, барои хидмат ва маҳорати баланди иҷроияш бо тақдирномаю ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи Советии тоҷик, ҷ.2. - Душанбе, 1978.
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душанбе, 1988.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 87 ISBN 978-99947-49-13-3