Ҷоизаҳои Оскар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷойизаи Оскар)
Ҷоизаҳои Оскар
англ. Academy Awards
Таърихи таъсис 1929[1]
Кишвар
Ҷоиза аз Академияи ъулум ва ҳунарҳои синамо
Trophy awarded Oscar statuette[d][2]
Маҳалли дафтари марказӣ
Вебгоҳи расмӣ oscars.org/oscars(англ.)
Икон
Шумори пайгирон 3 719 699 ва 2 470 000 ± 9 999[3]
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо Гурӯҳ:Барандагони ҷоизаи Оскар
 Парвандаҳо дар Викианбор
Ҷоизаи «Оскар» (Decorative Trophies)

Ҷоизаҳои Академияи илмҳо ва ҳунарҳои синамои амрикоӣ (англ. Academy Awards, лафзан — «ҷоизаи Академия»), аз даҳаи 1940 ба унвони «О́скар» (англ. Oscar) шинохта мешавад — як ҷоизаи синамоии амрикоӣ аст, ки дар соли 1929 таъсис шуд ва ба таври суннатӣ ба бозигарони филм ба далели саҳмгузориашон дар филмҳои синамоӣ эҳдо мешавад. Маросими эҳдои ҷоизаҳои солона дар шаҳри Лос-Анҷелес иёлати Калифорния, дар театр «Долбӣ» баргузор шудаву ба таври зинда дар даҳҳо кишвар дар саросари ҷаҳон пахш мешавад[4].

Бахшҳои аслӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамакнун ҷоизаи «Оскар» дар 24 бахши асосӣ дода мешавад[5]:

Бахш Номи англисӣ Аз соли чандум вуҷуд дорад
Филми беҳтарини сол Best (Motion) Picture 1929
Коргардонии беҳтарин Best Director 1929
Нақши беҳтарини мардона Best Actor in a Leading Role 1929
Нақши дуюми беҳтарини мардона Best Actor in a Supporting Role 1937
Нақши беҳтарини занона Best Actress in a Leading Role 1929
Нақши дуюми беҳтарини занона Best Actress in a Supporting Role 1937
Беҳтарин сенарияи филм Best Original Screenplay 1941
Сенарияи беҳтарини ба филм мутобиқгардида Best Adapted Screenplay 1929
Филми баҳтарини анниматсионии калонҳаҷм Best Animated Feature 2002
Беҳтарин мусиқии филм Best Original Score 1935
Беҳтарин суруд дар филм Best Original Song 1935
Беҳтарин филми калонҳаҷми байналмилалӣ Best Foreign Language Film 1957
Бахш Номи англисӣ Аз соли чандум вуҷуд дорад
Кори беҳтарини рассомӣ дар филм Best Art Direction 1929
Кори беҳтарини операторӣ дар филм Best Cinematography 1929
Беҳтарин сабти овозӣ дар филм Best Sound Mixing 1930
Филми беҳтарини аниматсионии кӯтоҳҳаҷм Best Animated Short Film 1932
Филми беҳтарини бадеии хурдҳаҷм Best Live Action Short Film 1932
Беҳтарин монтажи филм Best Film Editing 1935
Беҳтарин тасири визуалӣ Best Visual Effects 1940
Беҳтарин филми ҳуҷҷатии калонҳаҷм Best Documentary Feature 1943
Беҳтарин филми ҳуҷҷатии хурдҳаҷм Best Documentary Short Subject 1943
Беҳтарин дизайни сарулибос Best Costume Design 1949
Беҳтарин монтажи овози филм Best Sound Editing 1964
Беҳтарин грим Best Makeup 1982

Бахшҳои вижа[вироиш | вироиши манбаъ]

театри Долби, Лос-Анҷелес

Афзун бар бахшҳои асосӣ, ҷоизаҳои «Оскар» дар шаш бахши вижа низ дода мешаванд.

  • Ҷоизаи Ирвинг Талберг — ҷоизае ёбдудӣ барои саҳми арзандаи таҳиягарӣ дар рушди тавлиди синамо;
  • Ҷоизаи Ҷин Хершолт — ҷоизае башардӯстона барои касоне, ки дар санъати саҳми арзандаи башардӯстона гузоштаанд;
  • Ҷоизаи ифтихории «Оскар», барои саҳми арзанда дар рушди санъати синамо ва хидмати шоиста дар Академияи Амрико;
  • Ҷоизаи «Оскар» барои саҳми илмӣ ва фаннӣ ва филмҳои ҳунарӣ, ки донишҷӯёни макотиби олии синамои ИМА барои филмҳои тавлидии худ дарёфт мекунанд.

Барандагони ҷоизаи «Оскар»[вироиш | вироиши манбаъ]

Инчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]