1992
Аз Википедиа
| Асрҳо: | асри 19-ум - асри 20-ум - асри 21-ум |
| Даҳсолаҳо: | солҳои 1960-ум солҳои 1970-ум солҳои 1980-ум - солҳои 1990s-ум - солҳои 2000-ум солҳои 2010-ум солҳои 2020-ум |
| Солҳо: | 1989 1990 1991 - 1992 - 1993 1994 1995 |
1992.
Мундариҷа |
Воқеаҳо [вироиш]
- 30 Апрел — 2 Май — исёни сиёҳпустон дар Лос-Анҷелес.
- 26 феврал – аъзои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2 март – аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 5 март – қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин».
- 26 март – оғози гирдиҳамоии зиддиҳукуматӣ дар майдони «Шаҳидон» – и ш. Душанбе бо иштироки ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин.
- 24 апрел – оғози гирдиҳамоии тарафдорони ҳукумати расмӣ (Президент Раҳмон Набиев) дар майдони «Озодӣ» – и ш.Душанбе.
- 5 май – дар гардиши Олӣ Совет, роҳи Душанбе – Ёвон рӯй додани хунрезӣ байни ҷонибдорони ҳукумати расмӣ (Президент Раҳмон Набиев) ва мухолифин ва оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон.
- 10 май – ташкили «Ҳукумати муросои миллӣ»-и Тоҷикистон бо намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин.
- 24 август – додситони генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев аз тарафи мухолифин кушта шуд.
- 31 август – ҷонибдорони силоҳбадасти мухолифин Қасри Президентро ишғол намуда якчанд нафар аъзои Ҳукумати Раҳмон Набиевро гаравгон гирифтанд.
- 7 сентябр – дар фурудгоҳи ш. Душанбе тарафи мухолифин Президент Раҳмон Набиевро маҷбур намуданд, ки ба истеъфо барояд. Минбаъд А. Искандаров, ки раиси Шӯрои Олӣ буд, вазифаи Президенти Тоҷикистонро низ иҷро мекард.
- 9 сентябр – барпо гардидани форуми аввалини тоҷикони ҷаҳон дар ш. Душанбе ба муносибати яксолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон,
- 24 – 25 октябр – ҳуҷуми нерӯҳои силоҳбадасти Сафаралӣ Кенҷаев зидди мухолифин ба ш. Душанбе ва мағлуб гардидани он.
- 4 ноябр – 13 декабр – муҳосираи (блокадаи) иқтисодии шаҳри Душанбе (39 рўз давом кард), аз ҷониби нерӯҳои Фронти халқии Ҳисор.
- 16 ноябр – 2 декабр – Иҷлосияи XVI (Хуҷандии) Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 19 ноябр – Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
- 24 ноябр – дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами Миллии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2009 ин рӯзро ҳамчун «Рӯзи Парчам» ҷашн мегиранд.
- 10 декабр – ихтиёриёни ноҳияҳои Ҳисору Турсунзода, якҷоя бо қувваҳои Ёқуб Салимов дохили Душанбешаҳр гардиданд.
- Компанияи давлатии авиатсионии «Тоҷикистон» ташкил ёфт.
Таваллуд [вироиш]
Январ-Апрел [вироиш]
- 10 Январ - Эрик ва Брендтон Биллингс, ҳунарпешаҳои дугонаи Амрикоӣ
- 19 Январ - Логан Лерман, ҳунарпешаи Амрикоӣ
- 21 Январ - Логан О'Брин, ҳунарпешаи Амрикоӣ
- 27 Январ - Коннор Уиддоус, ҳунарпешаи Канадагӣ
- 11 Январ - Тейлор Лаутнер, ҳунарпешаи Амрикоӣ
- 14 Январ - Фредди Ҳаймор, ҳунарпешаи Бритониёӣ
- 9 Январ - Люис Арманд Гарсия, ҳунарпешаи Амрикоӣ