ISO 639-1

Аз Википедиа

ISO 639-1 639-2
Забони англисӣ en eng
Забони русӣ ru rus
Забони фаронсавӣ fr fra
French, Middle frm
French, Old fro

ISO 639 — стандарти байналхалқии ISO буда, стандарти номҳои кӯтоҳкардашудаи забонҳо мебошад.

Аз ду номгӯ иборат аст:

  • ISO 639-1 (2002) — кодҳои дуҳарфаи забонҳои асосӣ
  • ISO 639-2 (1998) — кодҳои сеҳарфаи забонҳои асосӣ

ISO 639-2 ҳама забонҳое, ки дар ISO 639-1 мавҷуд аст ва инчунин кодҳо барои вариантҳои забониро дар бар мегирад. Масалан, дар ISO 639-1 барои забони фаронсавӣ фақат як код — fr аст, дар ISO 639-2 бошад барои ин забон се код мавҷуд аст: fre/fra барои забони ҳозираи фаронсавӣ, frm барои забони асримиёнагии фаронсавӣ (French, Middle (14001800)) ва fro барои забони кӯҳнаи фаронсавӣ (French, Old (8421400)).

Барои баъзе забонҳо дар ISO 639-2 ду код мавҷуд аст — библиографӣ ва лексикографӣ, ки дар соҳаҳои гуногун истифода мешаванд. Шумораи ингуна забонҳо дар стандарт ба 22 адад расидааст.

Ҳарду стандарт 639-1 ва 639-2 Стандартҳои кушода мебошанд, яъне ҳамавақт дигаргун ва пурра карда мешаванд.

Стандарти RFC 3066(англ.), ки дар асоси ISO 639 тартиб дода шудааст, тавсифи кодҳои забонҳоро дар Интернет медиҳад.

[вироиш] Ба ин ҷо ҳам нигаред

[вироиш] Пайвандҳо

Баргирифта аз "http://tg.wikipedia.org/wiki/ISO_639-1"