OpenOffice.org

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
OpenOffice.org Writer

OpenOffice.org лоиҳаи коди кушод аст, ки шиораш чунин аст: "Таҳия кардани пакети барномаҳои корие, ки дар ҳамаи платформаҳо кор кунад ва дастрасии ҳама гуна фаъолиятнокӣ ва маълумотро дар асоси API- бо компонентҳои озод ва қолаби файлии XML- бунёд таъмин намояд"

OpenOffice.org инчунин маҳсулоте мебошад, ки ифодагари ин мазмун аст. Вай пакети кории барномаҳост, ки барои ҳама бепул буда, дорои модулҳо барои тахрири матн, ҷадвалҳои электронӣ, сураткашии (графикаи) векторӣ, таҳрири HTML ва презентатсияҳо (баёнияҳо) мебошад. Аз ҷитати имкониятҳо ва гузарондани амалиётҳо он бо дигар пакетҳои кории барномаҳои машҳур (ва пулакӣ) муқоисапазир аст ва онро чун алтернатива ба ин пакетҳо ҳисоб кардан мумкин аст. Азбаски он бепул аст, татбиқи он ба фаъолияти шумо осон аст. Версияҳои пешинаи он аллакай барои аксари корҳо (масалан дар хона) қобили қабул буданашонро собит сохтанд.

Лоиҳаи OpenOffice.org бо забони тоҷикӣ зерлоиҳаи OpenOffice.org аст, ки мақсади ниҳоияш дастрас кардани ин маҳсулот ба ҷомеаи тоҷикзабон аст.

Дар лоиҳаи lang/TJ ба он ҷодаҳои OpenOffic.org диққати махсус дода шудааст, ки барои тоҷикзабонон муҳиманд:

  • Иттилоот бо забони тоҷикӣ (веб саҳифаҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ).
  • Дастрасии сарчашмаҳои навшаванда ба забони тоҷикӣ.
  • Дастрасии сайтҳое, ки аз он ҷо ин сарчашмаҳоро гирифтан мумкин аст.
  • Пешбурди татбиқи забони тоҷикӣ дар компютер.
  • Ба кордарорӣ ва пешбурди воситаҳои кор бо забон (ба монанди санҷиши дурустии имло)
  • Нашри чизҳои OpenOffice.org бо забони тоҷикӣ.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

OpenOffice.org решаҳои худро дар StarOffice дорад, ки он яке аз васоити Office мебошад, ки аз нимаи солҳои 80-ум дар Олмон кор карда баромада шудааст ва ҳуқуқи моликиятӣ дар соли 1999 аз тарафи Sun Microsystems харида шуд. Тафсири 5.2 StarOffice дар июни соли 2000 бароварда шудааст, ва тафсирии 6.0 дар моҳи майи соли 2002 дар назар дошта шудааст. Чизи ғайриоддӣ дар коркарди StarOffice 6.0 он аст, ки он асосан дар муҳити лоиҳаи сарчашмааш кушоди OpenOffice.org ба амал бароварда мешавад. Барои он, ки ин чиз имконпазир гардад, Sun сарчашмаҳои StarOffice-ро дар шакли "openbaar gemaakt" кушода сохт (ба истиснои як қатор модулҳое, ки аз тарафи шахсони сеюм кор карда баромада шудаанд; ҳамин тариқ онҳо аз доираи лоиҳа берун монданд), ва лоиҳаи OpenOffice.org-ро ташаккул дод. Лекин, ин маънои онро надорад, ки Sun рушди минбъдаро ба хоҳишмандон вогузор мекунад: Қисми зиёди кор ҳоло ҳам аз тарафи барномасозони дар Sun кор мекардагӣ иҷро карда мешавад. Ба ғайр аз он, Sun хароҷоти корбарии лоиҳаи OpenOffice.org-ро ба уҳдаи худ дорад.

StarOffice ва OpenOffice.org[вироиш | вироиши манбаъ]

Акнун, мо мебинем, ки аз сарчашмаҳои OpenOffice.org ду маҳсулот ҳосил карда мешавад: StarOffice 6.0, ки дар он қисмҳои сарчашмаашон пушида аз нав ҳамроҳ карда шудаанд; ва бародари хурдаш OpenOffice.org, ки да он чунин қисмҳо аллакай асосан бо алтернативаҳои сарчашмаашон кушоди ба қадри кифоя қобили қабул иваз карда шудаанд. Аз ин рӯ, дар бисёр ҳолатҳо, OpenOffice.org метавонад хосиятҳои худро дошта бошад, дар муқоиса бо StarOffice 6.x.

Дар сарчашмаи бо забони англисӣ сохташудаи FAQ фарқияти байни маҳсулоти StarOffice ва OpenOffice.org шарҳ дода шудаанд.

Амалан, чунин фарқиятҳо бояд ҷой медоштанд:

  • StarOffice 6.0 бепул нест, ҳарчанд нархи литсензия мумкин камтар аз 100 евро меистад;. OpenOffice.org бепул аст.
  • StarOffice 6.0 "пурратар" аст (фонтҳои муайян, тафтиши имлои беҳтар барои забонҳои англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ ва испанӣ, луғати тафсири барои худи ҳамин забонҳо, пойгоҳи иттилоотии Adabas D, қолабҳо, клипартҳо ва якчанд филтрҳо). Барои тафтиши имло OpenOffice.org амалиёти алтернативие дорад, луғати тафсири бошад танҳо барои забони англисӣ.
  • Sun барои StarOffice дастгирии расми пешниҳод мекунад (ин чиз эҳтимолан барои хусусан компанияҳо рағбатовар аст). Дар ҳолати OpenOffice.org, истифодабарандагонро лозим аст, ки ин чизро дар байни худ ташкил кунанд.
  • Ягон гуна нақша барои бо забони тоҷикӣ баровардани StarOffice 6.0 мавҷуд нест. OpenOffice.org орг бошад ба бисёр забонҳо баргардонида шудааст ва инчунин тафтиши имло низ барои бисёр забонҳо дастгирӣ карда мешавад.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

OpenOffice.org бо забони тоҷикӣ Бойгонӣ шудааст 16 Декабри 2011  сол.