Муҳаммад Закариёи Розӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Закариёи Розӣ)
Муҳаммад Закариёи Розӣ
Таърихи таваллуд 866[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 октябр 925[2]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (форсӣ: زکریای رازی‎; 866[1], Рай[3][1]15 октябр 925[2], Рай[3][4]) — донишманд, кимиёдон, файласуф, пизишк ва табиатшиноси машҳури форс-тоҷик. Арабҳо ӯро «табибу-л-муслимин» ва ба муносибати ба забони арабӣ будани китобҳояш ӯро «Ҷолинусу-л-араб» номидаанд, Дар Аврупо ӯро «Abubater» ё «Razes» ном гузоштаанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Матн дар охири «Китоб-ут-Тиб»-и Розӣ.

Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ дар шаҳри Рай 28 августи соли 865 мелодӣ (соли 251 ҳиҷрӣ) дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Солҳои тифлию айёми ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Рай мегузарад. Аз маълумоте, ки дар «Китоб-ут-тиб — ул — Мансурӣ» мавҷуд аст, бармеояд, ки донишманд дар аввалҳои умр бо касби заргариву саррофӣ шуғл варзида, дар як давраи муайян ба ҳаваси кимиёгарӣ дар пайи омӯхтани илми кимиё мегардад. Абӯрайҳони Берунӣ (973—1048) дар «Феҳрасти майлу рағбат доштани Закариёи Розӣ» ном асараш дар бобати ба илми кимиё шавқу ҳавас доштани Закариёи Розӣ чунин гуфтааст:

«Наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашми ӯро маъюб сохт ва ӯ ба сӯи муолиҷа ва мудово ва сипас ба илми пизишкӣ кашонид».

Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Ҳисси кунҷковию кӯшиши донишандӯзии ӯро дақиқае тарк нанамуданд.

Тазаккур бояд дод, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ дар овони ҷавонӣ монанди дигар кимиёгарон аз пайи орзуи ёфтани иксир шуда буд, ки ба воситаи он маъданҳоро ба тило баргардонад, валекин баъдтар аз ин амал даст кашид ва ҷилави истеъдоди донишро бар сӯйи майдони илми тиб, ҳикмат, риёзиёт, фалакиёт ва адабиёт баргардонид. Закариёи Розӣ аввал ба хидмати ҳокими Рай — Мансур ибни Исҳоқ ибни Аҳмад ибни Асад, ки солҳои 290—296 ҳиҷрӣ (902—908) ҳукуматдорӣ кардааст, ба вазифаи сарвари бемористон адои вазифа намуда, баъд аз чанд соли хидмат ин мутафаккири барҷаставу табиби ҳозиқро ҳокими Бағдод ба дарбори худ даъват мекунад. Дар сарчашмаҳо оид ба сарвари бемористони Бағдод таъйин шудани Закариёи Розӣ ривоятҳои зиёд оварда шудаанд. Закариёи Розӣ баъд аз солҳои зиёд дар бемористони Бағдод хидмат намудан ва соҳиби тахаллуси «табиби мористонӣ» шудан ба зодгоҳаш бармегардад. Ӯ як қисми умрашро дар Мовароуннаҳр гузаронида ва бо доираҳои илмии ин кишвар робитаҳо дошта аст. Дар охири умри худ нобино шуда, дасташ аз кор монда будааст. Файласуф ва табиби мушкилкушо, кимиёгари маъруф Закариёи Розӣ дар байни соли 320 ҳиҷрӣ (25 октябри соли 925 мелодӣ) аз олам чашм пӯшидааст.

Аз оғози ҷавонӣ ва таҳсилоти ӯ иттилое дақиқ ҷуз он чӣ тазкиранависон навиштаанд, дар даст нест. Дар бархе аз сарчашмаҳои асримиёнагӣ омадааст, ки Закариёи Розӣ гӯё Мансур ибни Нӯҳ ибни Насрро (ҳукмрониаш с-ҳои 961—976) табобат кардааст. Бархе гуфтаанд, ки ӯ дар айёми ҷавонӣ заргарӣ мекардааст ва баъзе навиштаанд, ки ӯ дар оғоз сарроф будааст. Пешаи заргарӣ ва саррофӣ таваҷҷуҳи ӯро ба самти илми кимиё равона кардааст, то ки битавонад гавҳари филизотро дигаргун созад. Дар натиҷаи шуғли пайвастааш бо ин фан, наздикӣ ба оташ ва бӯйҳои тунд чашмҳои ӯ дучори беморӣ гардиданд ва ӯ аввал ба муолиҷа пардохта, сипас ба тиб рӯй овардааст.[5]

Дар маъхазҳо омадааст, ки ӯ барои дармони дарди чашми худ назди каҳҳоле рафт. Каҳҳол барои дармон понсад динор талаб кард ва ӯ ночор онро бипардохт. Сипас бо худ гуфт, ки

«кимиёи воқеӣ илми тиб аст, на он ки ту бад-он машғулӣ»

Баъдан аз илми кимиё дурӣ ҷуст ва ба илми тиб пардохт.

Ба иттифоқи тазкиранависон Закариёи Розӣ таҳсилоти худро анҷом дод ва ҳатто бархе тасреҳ кардаанд, ки ӯ пас аз чилсолагӣ ба кутуби тиббӣ ва фалсафӣ рӯй овард. Закариёи Розӣ барои фаро гирифтани нозукиҳои улуми тиббӣ ва фалсафӣ ба Бағдод омад. Бағдод дар он рӯзгор маркази мутарҷимони забардасти осори илми юнонӣ ба сурёнӣ ва арабӣ буд. Вуҷуди бемористонҳо дар замони Ҳорунуррашид (хилофаташ с-ҳои 786—809) ва Баромика боиси фароҳам омадани имконоти хубе барои мутолиоти Закариёи Розӣ гардид. Бархе аз сарчашмаҳо навиштаанд, ки Закариёи Розӣ бемористони Аздиро дар Бағдод идора мекард, ин ҳамон бемористоне будааст, ки Бадр — ғуломи Мӯътазид (хилофаташ с-ҳои 892—902) дар садаи IX бунёд карда будааст, ки баъдан бо номи «Бемористони Мӯътазидӣ» иштиҳор пайдо кард, вале бо мурури айём ба «Аздӣ» маъруф гаштааст.

Закариёи Розӣ пас аз фарогирии улуми мухталиф муддате ба зодгоҳи худ — Рай рафт ва сарварии бемористони он ҷоро ба уҳда гирифт. ӯ дар бахшҳои гуногуни китобҳои худ ба бемористони Рай ишора кардааст. Муаррихон исбот кардаанд, ки Закариёи Розӣ ба сабаби аз ҳад зиёд машғул шудан бо таҷрибаҳои кимиёӣ, доимо сару кор доштан бо оташ, аз пурхонӣ ва хусусан аз китобхонии шабона ба дарди чашм дучор мешавад. ӯ дар ҷустуҷӯи роҳҳои муолиҷаи чашм маҷбур шуд, ки ба омӯзиши илми тиб пардозад.

Баъди анҷоми таҳсили тиб дар Бағдод таҳти роҳбарии Табарӣ Закариёи Розӣ ба саёҳати Мисру Испания ва мамлакатҳои дигар мебарояд; ӯ дар Мовароуннаҳру Хуросон, дар пойтахти Давлати Сомониён Бухоро чанде иқомат кардааст. Ӯ дар мубоҳисаҳои илмӣ ширкат варзида, дар мамолики сафарқардааш комёбиҳои илму маданиятро омӯхт ва ба инкишофи онҳо саҳми муайян гузошт, дар бисёр мамлакатҳо шогирдонро ба камол расонд. Вай табиби хосаи ҳокимони мухталифе буд; аҳли бисёр мамлакатҳо ӯро ба сифати духтури беҳамто мешинохтанд ва ҳокимонашон ӯро ба назди худ мехонданд.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад Закариёи Розӣ олими энсиклопедисти барҷаста, файласуф, табиб, омӯзгор, риёзидон, кимиёгар ва табиатшиноси машҳури асрҳои VIII—IX — и форсу тоҷик ба шумор меравад. Закариёи Розӣ илми тибро ба дараҷае мукаммал омӯхта, чунон табиби ҳозиқ шуд, ки муосирон ӯро «Ҷолинуси араб» номидаанд. Нафақат сардухтури шаҳри азизаш Рай, балки садри бемористони асосии хилофати Бағдод таъйин шудани Закариёи Розӣ далели обрӯю эътибори баланд ва табиби ҳозиқ будани вай мебошад. Закариёи Розӣ мероси илмии бисёр духтурони намоён, аз ҷумла мероси дастпарварони Академияи Ганди Шопурро ба хубӣ медонист ва мукаммал аз бар карда буд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ қариб 238 китоб ва рисола навиштааст. Мутаассифона аксарияти онҳо несту нобуд гардида ва имрӯз фақат 30 ҷилд аз осори ӯ боқӣ мондаасту халос, ки аксарияташон ба забони арабӣ нигошта шудааанд. Осори бойи Закариёи Розӣ аз 164 то 234 номгӯй асарҳои хурду калонро ташкил медиҳад. Мероси ба тиб бахшидаи ӯ зиёда аз 60 китобу рисолаҳоро дар бар мегирад. Ба муҳимтарин асарҳои энсиклопедии донишманд «Китобу-л- ҳовӣ» ва «Китобу-т-тиб ул-Мансурӣ» дохил мешавад. Китоби якум номбаршуда аз 30 ҷилд иборат буда, тамоми шохаҳои тиббӣ — назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад. Дар китоби мазкур назария ва комёбиҳои пешқадами илми тибби қадимаи юнонӣ, ҳиндӣ, арабӣ, форсиву тоҷикӣ, дар навбати аввал таҷрибаи амалии худи ҳаким гирд оварда шудааст. Ин асар соли 1279 ба забони лотинӣ тарҷума ва дар соли 1486 нусхаи чопии он дастраси аврупоиён гардид. Такроран ин шоҳасар ба забони лотинӣ боз ду маротиба дастраси табибону донишмандони мамолики зиёди ҷаҳон мегардад. Асари дигари Закариёи Розӣ «Китобу-л чадори вал хасба» (китоби нағзак ва сурхак) бо забони лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба пайи ҳам нашр гардидааст.

Закариёи Розӣ доир ба илми кимиё 22 китобу рисола таълиф намудааст. Муҳаммад Закариёи Розӣ ба ғайр аз кимиёгар буданаш, ҳамчунин бо маҳорати бузурги тиббӣ ва осори бойи абадзиндаи илмиаш на танҳо дар пешрафт ва равнақи тиббу табиатшиносии олам саҳми ниҳоят бузург дорад, балки ӯ дар таърихи илму маданияти ҷаҳонӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Китобу рисолаҳои эҷоднамудаи ӯ ба таълиму тарбияи кимиёгарон, табибон, барои сохтмони табобатхонаҳо, муолиҷаи бемориҳои алоҳида, тартибу хӯроку об ва дигар мушкилоти барои ҳифзи саломатии инсон зарур бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки дар он замон амалияҳои тиббӣ ба амалияи кимиёӣ алоқаманд буд, бинобар ин асарҳои эҷодшудаи Закариёи Розӣ дар кимиёгарӣ ва тибби имрӯза низ иртиботи қавӣ дорад.[5]

Закариёи Розӣ дар боби тиб зиёда аз 60 асар таълиф кардааст. Муҳимтарини онҳо «Китобу-л-ҳовӣ» ва «Китобу-т-тибб-ил-мансурӣ» (ё «Алқунону-л-мансурӣ», 10 ҷилд) буда, тамоми илмҳои тиббии асри Закариёи Розӣ-ро фаро гирифтаанд ва ба инкишофи минбаъдаи илми мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ таъсири калон расонидаанд. Ин асарҳо дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷима шуда, дар арзи чандин аср барои табибони Ғарб дастури аввалиндараҷа буданд. Закариёи Розӣ дар асарҳояш «Аттиббу-л-мулукӣ» ва «Тиббу-л-фуқаро» ғояи табобати фардиро тарғиб кардааст. Вай дар «Тиббу-л-фуқаро», ки барои омма навишта шудааст, бемориҳои роиҷ, роҳ ва воситаҳои осони дар шароити хона пешгирӣ ва табобат кардани онҳоро тасвир кардааст. Ӯ дар «Китобу-л-ҷадарӣ ва-л-ҳасба» ном асараш нахустин бор нағзак, сурхак ва роҳҳои талқиҳи (гул буридан) онҳоро ба таври возеҳ тасвир карда, нишон додааст, ки ин бемориҳо такрор намешаванд, яъне як кас ду бор гирифтори нағзак ва сурхак нахоҳад шуд. Ин китоб ба забонҳои лотинӣ, юнонӣ, англисӣ ва немисӣ тарҷума шуда, 40 бор нашр гардидааст. Олими англис Ҷекнер фақат баъди нашри англисии ин асар усулҳои талқиҳи обила ва сурхакро пешниҳод кард.

Закариёи Розӣ аз нахустин табибҳоест, ки тибро ба таҷриба ва амалия пайвастааст. Ӯ ин корро бо роҳи ҷорӣ кардани таърихи беморӣ, ки дар тибби имрӯза маъмул аст, ба анҷом расонид. «Китобу-л-ҳовӣ»-и ӯ ҳақиқатан дар заминаи чунин таърихҳои беморӣ таълиф шудааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи ҷарроҳӣ низ чандин ихтироъ ва кашфиёт дорад; ӯ аввалин бор асбоби аз ҳалқ берун овардани ҷисмҳои бегонаро тасвир кард, пунба (пахта)-ро барои бастан ва зеҳро барои дӯхтани ҷароҳат ба кор бурд. Вай тавсия кардааст, ки ҳангоми ҷарроҳии саратон бофтаҳои атрофи онро ҳарчи бештар бурида, ҷояшро доғ кардан зарур аст. Закариёи Розӣ бо вуҷуди дониши олидараҷааш оид ба ҳама воситаҳои муолиҷа тарафдори он буд, ки бемориҳо то ба ҳадди имкон бо дору ва васоити одитарин илоҷ карда шаванд. Ӯ мегуфт:

«Ҳар гоҳ табиб муваффақ шавад, ки бемориҳоро бо ғизо (парҳез) дармон кунад, пас ба саодат расидааст»

Фаъолияти илмии ин донишманди бузург ба тадриҷ ба Аврупо нуфуз намуд ва дар он ҷо бо номи «Abubater» ё «Razes» шуҳрат пайдо кард. Аз омӯзиши осори Закариёи Розӣ бармеояд, ки ӯ дуруст будани назарияи сунъӣ, яъне истеҳсоли тило ва нуқраро оид ба тавассути иксир эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат- ул — заҳоб ва алфизати ва мизони табиӣ» ва «Фиана саноатил кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал имтиноъ» дарёфт карда метавонем. Ин нуқтаи назари Закариёи Розиро мо зимни мутолиаи асарҳои дигари ӯ ба монанди «Китоб- ул — асрор» ва «Китоб -ул — сирил — асрор» низ пайдо намудем. Бояд тазаккур дод, ки китоби дуввуми дар боло номбар шуда, яъне «Китобу-л- сирил — асрор» ҳанӯз дар замони Розӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуда, дар кишварҳои ғарб шуҳрати васеъ пайдо кардааст. Худи Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ҷое зикр кардааст, ки «Китобу-л- сирил — асрор» аз асари «Китоб- ул- асрор» пурмазмунтар асту мақоми баланде дорад. Дар ҳақиқат ин китоб дар тарҷумаи Ҳасаналии Шайбонӣ ба забони форсӣ (ҳаҷмаш 630 саҳифа) буда, аксари матни онро маълумоти кимиёӣ ташкил медиҳад.

Илова бар китобҳои дар боло зикршуда, Закариёи Розӣ боз ба шахсоне, ки мухталифи ақидаҳояш буданд, асарҳо навиштааст. Ҳамчунон ба осори Арасту ва Афлотун шарҳи ҷолибе ба ёдгор гузоштааст. Китобе дар илми мантиқ тадвин карда, дар бораи фалсафаи Фисоғурис низ асаре нигоштааст. Асари муҳими табиии ӯ «Ал — ҳовӣ» аст, ки инчунин ба номи «Ҳақоиқ доиратул- маорифи тиббӣ» ёд мешавад. Равиши таҷрибаи Закариёи Розӣ нишон медиҳад, ки ӯ аз рӯйи усули таҷрибаи империзм кор мекард. Ба мисли уламои дигари замони хеш, ӯ ба офариниши олам имони комил дошт, аммо биниши ӯ биниши моддӣ буд ва аз ақидаҳои хурофотӣ сарфи назар менамуд ва пайваста машғули таҳқиқ буда, зиндагии фақирона дошт. Илова бар муҳаққиқони қаблӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тиб низ пешниҳодҳои муҳим намуда, ба даст овардани тезоби сулфат ва спиртро ба роҳ монд. Ӯ спиртро ба тақтири маводи қандӣ ва ношоиста ва тезоби сулфатро бо таҷзияи зочи сабз ба даст овард. Зочи сабзро метавон сулфати мис донист, чунки ҳамаи намакҳои тезоби сулфатро дар он замон ба номи зоч зок ёд менамуданд, аммо ранги сабзро ионҳои мис (II) медиҳад.[5] Хулласи калом, ягон соҳаи тибби назариявии ҳамон замон нест, ки Закариёи Розӣ ба инкишофи он таъсир нарасонда бошад. Закариёи Розӣ аз зумраи аввалин олимонест, ки назарияро ба амалия пайваст, илми тибро бо мушоҳидаю таҷрибаи фаровон ғанӣ гардонд.

Табдили алкимиё ба кимиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Закариёи Розӣ чӣ дар илми кимиё ва чӣ дар илми тиб саҳми босазое гузоштааст. Омӯзиши ғояҳои фалсафии Ар-Розӣ нишон медиҳад, ки вай назарияи худро дар асоси муҳимтарин ҷараёнҳои фалсафаи исломӣ асоснок намуда, анбиқҳои махсусе таҳия намудааст ва дар зимни омӯзиши анбиқҳо роҷеъ ба категорияҳо, инчунин дар бораи фарқ байни зоҳир ва ботин сухан рондааст. Аз сабабе ки Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши таносуби ҷисм ва рӯҳ ба натиҷаи мусбат нарасидааст, бинобар ин ӯ мухолифи ақидаи таҳаввули рӯҳ будааст. Ин натиҷагирӣ ба ӯ имкон додааст, ки нисбат ба тамоми алкимиёгарони дигари мусулмон бештар дар масъалаи табдили ҳамдигарии моддаҳои гуногун аҳамият бидиҳад, яъне барои табдили алкимиё ба кимиёи ҳақиқӣ заминаи хубе гузоштааст. Дар баробари ин аз ҳама бештар вожаҳои алкимиёиро тафсир намудааст. Асарҳои ӯ «Китоб — ул асрор» ва «Аз — мадҳалул — таълимӣ» аз тарафи олимони исломӣ дар асрҳои баъд ҳамчун асарҳои соҳаи алкимиё омӯхта шудаанд, зеро дар онҳо забону вожаҳои ҳамин соҳа истифода шуда будаанд ва мазмуни ин асарҳо ба соҳаи кимиё иртибот доштанд. Ар-розӣ дар тадқиқотҳои худ дар ин ришта бештар ба Ҷобир пайравӣ кардааст. Масалан, дар масъалаи тақсим кардани филизот саҳми босазое гузоштааст. Роҳу воситаҳои аз филиз сохтани асбобҳоро барои таҷрибаи кимиёӣ ва об кардани маъданҳоро баён доштааст. Вай дар хусуси сохтани шишаҳои гуногун пешниҳодҳои судманд дорад. Намудҳои беҳтарини он шишаи беранги ҷилонок буда, бо сифати худ ба булӯр монанд аст.

Закариёи Розӣ бори аввал дар таърихи кимиё моддаҳоро ба се гурӯҳ:

1.1. Минералӣ — яъне хокӣ, маъданӣ, ки марбут ба гурӯҳи унсурҳои ғайриузвӣ мебошад:

1.2. Набототӣ:

1.3. Ҳайвонӣ ҷудо кардааст.

Моддаҳои маъданиро бошад, дар навбати худ дар шаш гурӯҳ:

1) моддаҳои аз гармӣ бухоршаванда: симоб, амиак, сулфур ва ғайра:

2) филизот: тило, нуқра, мис, оҳан, (рӯҳ) ва ғайра:

3) сангҳо: малахит, мармари сабз, оҳаксанги сурх, оҳаксанги хокистарранг, шиша ва ғайра:

4) купоросҳо, купориси сиёҳ, купороси рӯҳ ва ғайра:

5) танакор: сода, танакор:

6) намакҳо: намаки ош, намаки талх, оҳак, намаки пешоб ва ғайра.

Муҳаммад Закариёи Розӣ роҳҳои тозакунӣ ва ҳосил кардани маъданро медонист. Ӯ дар озмоишгоҳи (лабораторияи) худ мис, нуқра, оҳан, тило, қалъагӣ ҳосил мекард. Барои гудохтан ва тоза кардани онҳо Розӣ аз кӯраи оҳангарӣ, бута, анбур, чакуш ва дигар асбобҳои сохтаи худ истифода мекард. Тадқиқотчиёни соҳаи кимиё Ар-Розиро ҳамчун кимиёдони маъруф мешиносанд, агарчи кимиёгарони Эрон баъзе назариёти ӯро хато низ ҳисобиданд. Мутолиаи осори Розӣ ва навиштаҳои муаррихоне, ки роҷеъ ба фаъолияти илмии ӯ китобу мақолаҳо навиштанд, нишон медиҳад, ки Закариёи Розиро дар радифи асосгузорони илми кимиё ҷой бидиҳем ва ҳамчунон ӯро яке аз инкишофдиҳандагони ятрокимиё бидонем. Дар ҳақиқат Закариёи Розӣ баъд аз донистани асосҳои кимиёии он замон ба омӯзиши илми тиб шурӯъ намуда, дар ин соҳа низ ба комёбиҳои зиёд ноил гардидааст. Донишҳои кимиёӣ ба ӯ имкон додаанд, ки он малакаҳои амалиро дар санъати дорусозӣ ва табобати беморон истифода намояд. Агар Ҷобир ибни Ҳайён дар санъати кимиёгарӣ, яъне кимиёи амалӣ саҳми босазое гузошта бошад, Закариёи Розӣ натиҷаи таҷрубиро арзёбӣ намуда, кӯшиш намудааст, ки онро аз нигоҳи назарӣ асоснок кунад.

Яке аз кӯшишҳои муҳимтарини Розӣ таснифи (классификатсия)-и моддаҳои гуногун буд. Тавре, ки дар боло зикр гардид, ӯ моддаҳои маълуми он замонро ба шаш гурӯҳ табақабандӣ кардааст. Ар-Розӣ инчунин баъд аз Ҷобир ибни Ҳайён ҷараёнҳои кимиёиеро ба мисли дистилатсия, калсинатсия ва филтратсия дақиқ тасвир намуда, истифодаи онҳоро асоснок кардааст. Донистани асосҳои тиб ва тариқаи истифода ва истеъмоли гиёҳҳо ба Розӣ имкон додаанд, ки дар бораи ядрои кимиёи низ тадқиқотҳои зиёд анҷом диҳад. Ӯ аввалин шахсе буд, ки алкул спиртро дар тиб истифода кардааст, аммо ин амади ӯ аз ҷониби дигар табибон дастгирӣ наёфтааст.

Тилло ва нуқра[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маъданҳо роҳҳои омӯзиши омехтаҳои тилодорро шарҳ додааст. Дар асарҳои ӯ моддаҳои гуногун ёдовар шуда, зарфҳои гуногуни кимиёӣ, таҷҳизот ва тарзҳои гуногуни истифодаи онҳо дар озмоишгоҳ нишон дода шудааст. Розӣ ба дуруст будани назарияи тарзии истеҳсоли сунъии тило ва нуқра эътиқоди комил надоштааст, ки онро мо аз ду асари ӯ таҳти унвони «Меҳнат — ул заҳаб», «Алфизоти ва мезона табиӣ» ва «Фи ана саноатил — кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал иминоъ» мебинем. Ин нуқтаро инчунин дар китобҳои дигари ӯ «Китоб -ул -асрор» ва «Китобу-л- сирил асрор» низ метавон дарёфт кард. Аз боби аввали «Китоб -ул — асрор» дар маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия, ки аз қисми таркиби решаи наботот ба даст меояд, маълумот пайдо мекунем. Аз қисми дигари китоб, ки ба номи «Дар маърифати олот» ёд мешавад ба хулосае омадан мумкин аст, ки асари мазкур дар иртиботи кимиё таълиф шудааст. Ва аз порчаҳои асарҳои то ба мо расида маълум мешавад, ки Закариёи Розӣ то андозае ба роҳҳои тадбиқи санъати дарёфти тило ва нуқра мароқ зоҳир карда будааст. Муҳаммад Закариёи Розӣ дар муқаддимаи «Китоб — ул — асрор» дар хусуси асрори пинҳон кардаи файласуфони гузашта: Оғосозимус Ҳирмиз, Аристотелис, Холид ибни Язид ва Ҷобир ибни Ҳайён маълумоти кофӣ додааст, ки моҳияти он маълумотҳо ба дониста гирифтани се маърифат вобаста аст.

  1. Маърифати ақоқир, яъне дар бораи адвия;
  2. Маърифати олот;
  3. Маърифати таҷриба.

Дар навбати худ Закариёи Розӣ маърифати ақоқирро ба се навъ тақсим кардааст:

1.1. Минералӣ — яъне хокӣ, маъданӣ, ки марбут ба гурӯҳи унсурҳои ғайриузвӣ мебошад:

1.2. Набототӣ:

1.3. Ҳайвонӣ

Навъи 1.2 (набототӣ) ва 1.3 (ҳайвонӣ) марбути гурӯҳи узвианд. Ба асоси тафаккури худ Закариёи Розӣ дар натиҷаи омӯзиши маводи табиӣ онҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст, ки якеро арвоҳ ва дигареро аҷсод номидааст, ки маънои рӯҳ ва ҷисм ё ҷасадро медиҳанд. Ин тарзи табақабандӣ ба он сабаб пайдо гаштааст, ки дар он замон ҷудосозӣ ба филизот ва ғайри филизот набуд. Бинобар ин Закариёи Розӣ ба сабаби нармӣ, ҷоришавӣ ва қобилияти табхир доштани баъзе мавод онҳоро арвоҳ ва маводи дигарро ба иллати ҷомид зудгудохтанашаванда — аҷсод номидааст, ки он ба қарори зайл аст.

Арвоҳ (ҷамъи рӯҳ), яъне маводи нарм ва табхиршаванда, ки чаҳоранд.
  1. Симоб, ки ба арабӣ зайбиқ ва ба форсӣ инчунин чева хонанд.
  2. Навшодир, инчунин нӯшодир.
  3. Сулфур, ба арабӣ кибрит ва ба форсӣ инчунин гӯгирд гӯянд.
  4. Арсен, ки ба арабӣ зарних хонанд.
Аҷсод (ҷамъи ҷасад), яъне маводи ҷомид ва ҷисмӣ, табхирнашаванда, ки ҳафтоанд.
  1. Нуқра ба арабӣ физат, рамзи кимиёӣ Аq инчунин сим хонанд.
  2. Тилло ба арабӣ заҳаб, рамзи кимёӣ Аu, инчунин зар хонанд.
  3. Сурб ба арабӣ расос, рамзи кимиёӣ Sn ин унсурро дар забони имрӯзии форсии тоҷикӣ баъзан қӯрғошим низ хонанд.
  4. Қалъагӣ ба арабӣ қасдир, рамзи кимиёӣ Sb ба форсӣ қалъ ва арзиз низ хонанд.
  5. Оҳан ба арабӣ ҳадид, рамзи кимиёӣ Fe;
  6. Мис ба арабӣ нухос, рамзи кимиёӣ Сu.
  7. Оҳани чинӣ ба арабӣ алҳор ас — сини хонанд. Табиати ин филиз то ба имрӯз маълум нест.

Ба фармудаи Фирдавсӣ.

Ба чашми хирад чиз ночиз кард,
Ду сандуқ пур сурбу арзиз кард.

Агарчи Ал — Берунӣ дар китоби хеш ба номи «Ал — ҷамоҳир фи маърифат ал — ҷавоҳир» роҷеъ ба он маълумот додааст, вале табиати он ноаён мондааст. Аз маълумоте, ки Ҳасан Алии Шайбонӣ додааст, бармеояд, ки оҳани чинӣ иборат аз пайкарҳои дарунтиҳӣ будааст ва дохили онро маъмулан бо симоб пур мекарданд. Ба назари мо, шояд манзур аз оҳани чинӣ ҳамон зарфи чинӣ ё фарфор бошад, ки дар амалиёти кимиёӣ ба шакли васеъ истифода мешавад.[5]

Анвоъи сангҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Закариёи Розӣ анвоъи сангҳоро ба гурӯҳи алоҳида ҷудо карда, навъҳои онҳоро мусовӣ ба сездаҳ медонад.

Яъне:

  1. Марқшишо, инчунин моркшишо ё марксисо низ гӯянд. — Сангест, ки рангҳои сафеди нуқраӣ, сурхи мисӣ, сиёҳи оҳанӣ ва зарди тилоиро доро мебошад.
  2. Магнисиё, инчунин макнотис ё миқнотис, — яъне оҳанрабо, магнит. Рангҳои хокии сиёҳи дурахшанда, сурхи пӯстдорро дорост.
  3. Ду, сангест ба ду навъ, астахрӣ (истахрӣ) ва ароқӣ (ироқӣ) ва навъи истахрӣ беҳтар аст.
  4. Тӯтиё инчунин тӯтиё, ки ба рангҳои сабзтоб, зардтоб, сурхтоб маълум мешаванд, ки дар таркибаш сурма низ дорад.
  5. Лоҷвард, инчунин ложвард, — сангест, ки ранги кабуди осмониро дорост. Ин вожаи форсӣ ба Аврупо ба шакли лазур нуфуз кардааст.
  6. Духна, — сангест сабзранг, ки имрӯз онро малахит хонанд, инчунин мармари сабз низ

гӯянд.

  1. Фирӯза, — сангест, ки фақат як навъ дорад.
  2. Шодна ё шодуна, ки онро имрӯз хемотит ё гемотит хонанд.
  3. Шак, — сангест, ки ба ранги зард ва сафед маълум мешавад ва дар маъдани сим (нуқра) ба даст меояд.
  4. Сурма, вожаи форсист ва арабии он ал-куҳл аст. Тибқи фармудаи Закариёи Розӣ дар таркиби он сурб низ мавҷуд аст.
  5. Талк ё тилк низ хонанд, ки анвоъи гуногун дорад: яманӣ, дарёӣ ва кӯҳӣ. Ҳангоми зарба хӯрда барг — барг мешавад.
  6. Гаҷ, як навъ дорад ва яке аз ҷинсҳои кӯҳӣ мебошад.
  7. Обгина, — санги шишамонанд аст, ки сафед ва чун булӯр соф аст.[5]

Набототи табобатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад Закариёи Розӣ ҳамчунон набототи табобатиро ба тафсил шарҳ дода, роҷеъ ба асбобу олоти озмоишгоҳ маълумот додааст, ки барои таҳияи мавод ва анвоъи адвия истифода мешуд. Масалан, кӯра, оҳангарӣ ва ҳован ё қаръ олаи кадушакле, ки дар он маводро майда мекарданд. Ҳамчунин анбиқ олае мебошад, ки маводи моеъро ба қатраҳо бармегардонад ва тариқи тадбиқ онро нишон додааст. Дар асараш «Китоб — ул — асрор» бисёре аз таҷрибаҳои гузаронидаи ӯ оварда шудаанд, ки бешубҳа аҳамияти бузурги илмӣ доранд ва метавон гуфт, ки баъзе аз хулосаҳои худро вай аз рӯйи қиёс берун аз таҷриба низ гуфтааст. Масалан, ӯ гуфтааст, ки номи баъзе маъданҳоеро, ки олимони гузашта бо рамз ишора кардаанд, кашф хоҳад намуд. Худи вай дар ин бора мегӯяд. Офтоб — тило ва моҳтоб — нуқра мебошад. Инчунин тазаккур додааст, ки имконияти як теъдод маъданҳоро ранги тилоӣ бахшидан ва онҳоро ба тило мубаддал сохтан имконпазир аст. Муҳаммад Закариёи Розӣ дар асарҳои худ масоили полоиш, полоидани хушк ва об кардану гудохтани маъданҳоро баррасӣ намудааст. Бояд гуфт, ки илм ва амалия дар замони Закариёи Розӣ ба ҳамдигар мисли имрӯз равобити мустаҳкам надошт. Манбаҳое, ки ба мо дар бораи пайдоиш ва инкишофи илми кимиё ва амалияи он маълумот медиҳанд, ба хидмати бузурги Ҷобир ибни Ҳайён, Закариёи Розӣ ва дигарон марбут аст, агарчи то ба имрӯз дар бораи корҳои онҳо таҳқиқҳои амиқе ба анҷом нарасида бошад ҳам, саҳми онон дар рушди илмҳои табиӣ, аз он ҷумла, илми кимиё дар ҷомеаи башарӣ бузург будааст.

Закариёи Розӣ муфассал таомули кимиёиро, ки анҷом додааст, тартиб дода, асбобҳоеро, ки дар озмоишгоҳи кимиёӣ истифода карда буд, тасвир кардааст, ки онҳо чунинанд бута (тигел), комагирак (шипци), миқроз (қайчӣ), сҳон (сӯян) шишаи ғунҷоишӣ (колба), қиф, ҳован (ӯғурча), ҳаммоми обӣ, истакони кимиёӣ ва ғайра. Бута -зарфи гудозиш ва гарм кардани маводи гуногун мебошад. Бутаро аз филиз, графит, чинӣ ё материалҳои маводи муқовими оташ месозанд. Дар он замон ин асбобро барои гарм кардани маводе, ки барои гузаронидани таомули кимиёӣ лозим буд, мавриди истифода қарор медоданд. Ҳамчунин Закариёи Розӣ тарзи тоза кардан, софкунии моеъ, сӯрохкунӣ, ҳал кардани метал дар симоб (ба даст овардани амалғама, сири оина, омехтаи ягон филиз бо симоб) ва инчунин ҳангоми гарм кардан аз ҳолати ҷомид якбора ба газ табдил ёфтани мода, яъне тасгияҳоро медонист, ки имрӯз онро сублиматсия мехонанд. Яке аз саҳифаҳои бойтарини таърихи кимиёи садаи дуюми исломиро Муҳаммад Закариёи Розӣ ташкил медиҳад, ки ӯ чӣ дар илми кимиё ва чӣ дар илми тиб саҳми босазое гузоштааст. Нисбат ба тамоми кимиёгарони мусулмон Закариёи Розӣ бештар дар масъалаи табдили санъати кимиё ва кимиёгарӣ ба илми кимиё кӯшиш ба харҷ додааст. Воқеан, Закариёи Розӣ ҳанӯз дар он замон вазнҳои қиёсии маводи гуногунро бо ёрии вазнҳои гидростатикӣ муайян менамуд. Ӯ ба тарзи илмӣ тариқаҳои тоза кардан, софкуниии моеъ, сӯрохкунӣ, амалғамасозӣ ва инчунин ҳангоми гарм кардан аз ҳолати ҷомид ба ҳолати дигари агрегатии мода, яъне ба газ табдил ёфтанро медонист. Ӯ роҷеъ ба барқарор намудани филизот бо роҳи озод намудан аз омехтаҳоро медонистааст. Розӣ китобҳои зиёде эҷод кардааст. Асарҳои ӯ ва корҳои илмию таҷрибавии ӯро бо забонҳои гуногун тарҷума намудаанд. Як қатор олимони Аврупо ба корҳои Закариёи Розӣ баҳои баланд дода, ӯро олим ва донишманди бузург, асосгузори илми кимиё шуморидаанд.[5]

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ аксарияти илмҳои замонашро аз устодаш Ҷобир ибни Ҳайён фаро гирифта худ саромад ва устоди бузурги ин риштаҳои илм гардидааст. Ин дастовардҳои илмии Закариёи Розӣ ба илми Аврупо таъсири назаррас расонида, номи ӯро ба қатори саромадони тамаддуни башарӣ шомил гардонида аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie MédiévaleParis: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 577. — 886 с. — ISSN 0249-7921
  2. 2.0 2.1 Freebase (ингл.) — 2007.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит)Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
  4. 4.0 4.1 Badawi A. R. Histoire de la philosophie en Islam (фр.) // Études de Philosophie MédiévaleParis: Librairie philosophique J. Vrin, 1972. — Vol. 60. — P. 579. — 886 с. — ISSN 0249-7921
  5. 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 З.Акрамӣ, Б. Қурбонов, Ҳ. Мақсадов. Ҳаёт ва фаъолияти Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ // Муаррих. (маҷаллаи илмӣ) № 2 (6) 2016 С. 3-9

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Закариёи Розӣ. Мунтахаби осор. — Душанбе: Адиб, 1989. −160 с.
  • Ар-Рози Абу Бакр. Духовная медицина.- Душанбе: Ирфон, 1990 — 88 с.
  • Каримов У. И. Неизвестное сочинение ар-Рази «Книга тайны тайн». — Ташкент: Фан, 1957. — 241 с.
  • Девонақулов А. Муҳаммад Закариёи Розӣ. — Душанбе: Ирфон, 88 с.
  • Комилов А. Ш. Физика ар-Рази и Ибн Сины. — М.: МГУ, 1999. — 160 с.
  • Забеҳуллои Сафо. Таърихи адабиёти Эрон. — Душанбе: Алҳудо, 2001.