Қалам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаламҳои ранга

Қалам (ар. قلم‎) Мадод (порсӣ:مداد) — найи тарошидаро гӯянд, ки бо он хат менависанд. Ба маънои васеъаш қалам гуфта милаеро меноманд, ки аз ангишт, қӯрғошим, графит ва ранги хушк тайёр карда мешавад.

Таърихи қалам[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунаҳои он, ки аз штифтҳои филизӣ, қӯрғошим ва нуқрагин иборатанд, дар асрҳои XII—XVI истифода мешуданд. Дар асри XIV ба истилоҳ қалами италиявӣ пайдо шуд, ки аз гили сиёҳи варақсанг сохта шуда буд. Аз садаи XVI қаламҳои графитӣ ва қаламҳое, ки аз хокаи устухони сӯхта ва ширеши рустанӣ сохта шуда буданд, маъмул гардиданд. Соли 1790 қаламҳои чӯбинро олими франсавӣ Н. Кант ихтироъ кард. Дар айни замон ихтироъкори чех Й. Гартмурт милаҳои аз омехтаи граффити кӯфта ва гил тайёркардаро пешниҳод намуд, ки он асоси истеҳсоли технологияи қалами механикӣ ё автоматӣ дар нимаи асри XIX ба вуҷуд омада, дар асри XX васеъ паҳн гардид.

Аз рӯйи хусусияти навишт ва технологияи истеҳсол қаламҳоро ба графитӣ (сиёҳ), ранга, нусхабардорӣ ва ғайра; аз рӯйи таъйиноташ мактабӣ, канселярӣ, нақшакашӣ, расмкашӣ, дуредгарӣ, пардозӣ, ретушӣ (бо қалам ислоҳ кардани суратҳои фотографӣ) ва нишонагузор ҷудо мекунанд.

Қаламҳои графитии нақшакашии дараҷаи сахтиашон гуногун истеҳсол мешаванд; дараҷаи дуруштӣ бо ҳарфи М — (мягкий) нарм, Т — (твердый) сахт ва МТ (средней твёрдости) нимсахт ва бо рақами пеш аз ҳарф омада ишора мешавад. Рақами калон дараҷаи калони сахтӣ ё нармиро ифода мекунад. Қаламҳои автоматии дучор ё якчандмила низ истеҳсол карда мешаванд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 312

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: