Jump to content

Лола Тикчанди Баҳор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Баҳор, Лоло Тикчанд)
Лола Тикчанди Баҳор
форсӣ: لاله تیک چند بهار
Таърихи таваллуд: 1687
Таърихи даргузашт: 1766
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда, фарҳангнавис, забоншинос, шоир

Лола Тикчанди Баҳор (форсӣ: لاله تیک چند بهار‎; 16871766, Деҳлӣ) — фарҳангнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Баҳор аз қавми кҳатрии ҳиндуҳо мебошад. Дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ майлу рағбат дошт. Баҳор худро шогирд ва мухлиси фарҳангнависи маъруф ва шоири шинохтаи асри хеш Сироҷиддини Алихони Орзу (тасдиқи инро дар фарҳанги тафсирии Орзу «Чароғи ҳидоят» дар шарҳу эзоҳи маънои калимаи «задан» дидан мумкин аст) ва олиму фозили давр Шайх Абулхайр Хайруллоҳи Вафоӣ муаррифӣ мекунад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Шуҳрати ҷаҳониро ба Баҳор таълифи яке аз фарҳангҳои тафсирии муътабар ва бузургҳаҷм «Баҳори Аҷам» овардааст. Ғайр аз «Баҳори Аҷам» осори зерин низ ба қалами Баҳор тааллуқ доранд: «Ҷавоҳиру-л-ҳуруф» — рисола доир ба ҳуруфи таҳаҷҷӣ (ҳарфҳои алифбо; чопи Конпур, 1850), «Наводиру-л-масодир» — рисола доир ба таҳқиқи масдарҳои забони форсии тоҷикӣ (чопи Деҳлӣ, 1955) ва «Баҳори „Бӯстон“» — шарҳи «Бӯстон»-и Саъдӣ. Баҳор дар дарбори ҳокимони Деҳлӣ хидмат карда, ба гирифтани унвони фахрии рой (роҷа) ноил гаштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]