Абёти Шашмақом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз «Абёти Шашмақом»)

«Абёти Шашмақом» - (соли таълифи рисола, 1896, Бухоро, настаълиқ, форсии тоҷикӣ, муаллифаш номаълум), рисолаи нодир оид ба «Шашмақом» (қисми овозӣ) дар Бухоро таҳия ва китобат шудааст. Тартиб ва сохти тадвини рисола анъанавист: аз муқаддима ва 6-фасл, дар муқаддима тавзеҳи мӯҷази мусиқӣ чун илм ва ҳунар, мақсади таълифи рисола. Дар муқаддима одатан намунае аз соқиномаҳои маъмули адабиёти тоҷикии форсӣ оварда шуда ва он як навъ пайванди мавзӯии шеъру мусиқист.

Таснифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар рисолаи «Абёти Шашмақом» баёни таркиботи шуъбаҳои овозии мақомҳои «Рост», «Бузрук», «Наво» , «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» мавриди баррасӣ шуда, тавсифи таркиботи овозии мақомҳо хотирнишон гардидаанд.

  1. Фасли аввал баёни мақоми «Бузург» (таърихи ташаккул, моҳияти мавзӯӣ, паҳлӯҳои мусиқӣ, тартиботи шуъбаҳои он) мухтасаран баён шудааст. Матни шуъбаи овозии «Бузрук» аз ашъори Рӯдакӣ, Анварӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Исмати Бухороӣ, Сайидо, Бедил, Зебуниссо ва дигарон тартиб ёфтаанд. Дар қисми аввал, шохаҳои таронавҳ аз ашъори адабиёти шифоҳӣ (рубоию дубайтӣ) ва адабиёти классикӣ истифода шудаанд.
  2. Дар фаслҳои дуввум, саввум, чаҳорум, панҷум ва шашуми «Абёти Шашмақом» таркиботи овозии мақомҳои «Наво», «Дугоҳ», «Рост», «Ироқ»,«Сегоҳ» ва тавзеҳи баъзе аз гӯшаҳои овозӣ, ки мусиқидо-нон ворид кардаанд, оварда мешаванд. Матни ин мақомҳоро низ ашъори шоирони классики адабиёти форс-тоҷик, шоирони садаҳои 18-19, ибтидои садаи XX-тоҷик ташкил медиҳанд. Рисолаи «Абёти Шашмақом» нисбат ба дигар баёзу рисолаҳои мусиқӣ комилтар аст.

Рисола таҳти рақами 4632-I-IV, дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Узбекистон маҳфуз аст.[1]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 17 ISBN 978-99947-49-13-3

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абёти Шашмақом, Р:4632-I-IV, ИШ АФ Уз.;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1. - Душанбе, 1988.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]