«Адаб»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Адаб
Таърихи таъсис

Шаблон:-года

[[Гурӯҳ:Маҷллаҳои {{{страна}}}]][[Гурӯҳ:Маҷаллаҳо ба {{{язык}}}]]

«Адаб» — маҷаллаи илмию маърифатӣ ва таълимию методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» (22-юми июли 1989 қабул шуда буд) ва кӯмак расондан ба омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷикӣ 73 шумора (аз моҳи июли 1991 то феврали 2006) чоп шуд. Вазифаи сардабирии «адаб»-ро Ш. Исломов (199195) ва Ш. Шокирзода (19952006) ба ӯҳда доштанд. Дар саҳифаҳои «адаб» нигоштаҳои донишмандон, адибон, омӯзгорони Тоҷикистон ва хориҷи кишвар оид ба адабиёт, таърих, фалсафа, ахлоқ, динҳо, омӯзишу парвариш, омӯзиши алифбои ниёгон, забонҳои хориҷӣ, инчунин асарҳои донишмандону адибони гузаштаву муосири тоҷик ва ҷаҳон ба табъ расиданд. Яке аз самтҳои асосии кори «адаб» инъикоси шеваи таълиму тадрис дар кӯдакистон, мактабҳои миёнаву олӣ буд. Сарлавҳаи фаслҳои асосии «адаб» «Пешинаи тоҷикон ва қавми тоҷик», «Пажӯҳиш», «Аз Рӯдакӣ то имрӯз», «Қонуни забон», «Роҳнамои хирад», «Минбари омӯзгор», «Дурнамои мактаби миллӣ», «Шеваи омӯзиш» ва ғайра буданд. Солҳои 199799 маҷалла замимаеро бо номи «Ганҷи адаб» бо ҳуруфи арабиасоси форсии тоҷикӣ нашр намуд. Ба ифтихори ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 120-солагии Иқбол (1997), 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 960- солагии Умари Хайём (2000), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 80-солагии ш. Душанбе (2004), соли тамаддуни ориёӣ (2006) ва ғайра шумораҳои махсуси «адаб» ба табъ расиданд. Бо мақсади васеътар намудани доираи фаъолияти нашрия, бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (12. 1. 2006, № 1/1) номи маҷалла ба «Маорифи Тоҷикистон» табдил ёфт. Маҷаллаи «адаб» соли 2001 ба гирифтани Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]