«Аҷириқ ба дандон» (бозӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

«Аҷириқ ба дандон» (бозӣ)

Ин бозӣ дар фасли тобистон миёни бачаҳои миёнсол ва наврасон баргузор мешавад. Сардор чӯбчаеро ба андозаи 10-15 см гирифта, аз чор се ҳисаашро ба замини алафдор мегӯронад. Бозигарон бо навбат ба шикам ба замин дароз кашида, кӯшиш мекарданд, ки ба дандон чӯбро кашида гиранд. Дигарон дар ин вақт баробар мегӯянд: «Аҷириқ ба дандон меканад, хараке ҷон» мекананд». Ғолиб онест, ки чӯбчаро бо дандон аз замин берун оварад. Дар Водии Зарафшон, водии Ҳисор нимфаъол аст.[1]

Адабиёт[вироиш]

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 172