Барафшон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз «Барафшон»)

«Барафшон»

  • оҳангу таронаи мавсимию маросимӣ. ки дар замони Сосониён (222/24–651) Борбад барои ҷашну маросимҳои Хусрави Парвиз (590–628) эҷод карда, мансуб ба маҷмӯи лаҳнҳои ӯст;
  • зарби бисёр маъмул дар эҷодиёти шеърию мусиқии санъати мақомҳо («Дувоздаҳмақом»). «Барафшон»-ро бештар аҳли мусиқӣ дар мақоми «Ҳусайнӣ» истифода бурда, гӯшаҳои «Ҳусайнӣ» ва «Бастанигор»-и шуъбаи «Муҳайяр» бо ин зарб иҷро мешудаанд. Вазни «Барафшон» аз 7 зарб (5 зарби вазнин ва 2 зарби сабук) иборат аст. Атонинаш: тан тан тано дар тан.


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раджабов А. Борбад: эпоха, традиции и новаторства. Д., 2010;
  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V–V11. Д., 2011.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]