Дастур-ун-нағам

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз «Дастур-ун-нағам»)

«Дастур-ун-нағам» (с. таълифат тахминан 1787, Ҳиндустон нигошташуда, муаллифаш номаълум, форсии тоҷикӣ, настаълиқи хоно) — рисолаи бисёр муҳиму нодир, ки ба забони форсии тоҷикӣ таълиф шуда, оид ба таърих ва назарияи мусиқии устодонаи (классикӣ) ҳинду аҷамӣ (форсӣ-тоҷикӣ) аст.

Бинобар ба тавсифи муқаддимаи рисолаи «Дастур» аз таълифоти омӯзишӣ дар иртибот ба фарогирии таркиботи назарию амалии мусиқии ҳиндӣ ва аҷамӣ буда, дар ҷараёни нигориш муаллиф баробари истифодаи васеи манобеи хаттии мусиқӣ, инчунин бо устодони созу овоз дар ҳамкории эҷодӣ буда, аз сознавозон бисёр сирҳои ниҳонии иҷроиро омӯхта, дар рисола хулоса намудааст. Сохт ва тартиби баррасии масоили мусиқӣ дар «Дастур» Ҳам анъанавӣ буда, он аз Муқаддима ва чор боб (фасл) таркиб ёфта, дар оғоз (муқаддима) тафсири мусиқӣ, ҳадафи таълифи «Дастур» зикр ёфтаанд. Мусанниф дар Муқаддима номи рисола «Дастур-ун-нағам дар танбӯрнавозӣ» тавзеҳ дода, собит менамояд, ки аз муҳимтарин таълиф дар санъати мусиқист. Боби аввал «Дар зикри сура (амал, иҷрою танини савт) ва мақоми сураҳо» ном дошта, равиши танзими пардаҳои созҳои мусиқӣ, ҷӯру навои онҳо, усули садодиҳӣ дар ҷараёни навозиш, тарзи эҷоди овозҳо, садоҳои мусиқӣ дар созҳо (танбӯри ҳиндӣ, сетор ва ғайра) баҳс намуда, бештар моҳияти амалӣ доранд.

Муаллиф дар боби дуввум «Дастур», «Дар зикри рогҳо ва рогниҳо ва мисоли онҳо»тафсири қаторовозҳои рогу рогниҳо (эҷоди онҳо) дар ҷараёни иҷро (дар сози танбӯри ҳиндӣ), назари сознавозон ва равиши эҷоди қаторовозҳои таркиботи рогу рогниҳо бештар баррасӣ шудаанд ва моҳияти таълимӣ (омӯзишӣ, дастурӣ) касб кардааст. Аз шарҳи муаллиф пайдост, ки ӯ донанда, навозандаи хубу ботаҷриба дар танбӯри ҳиндист. Мавзӯи баҳси боби саввум рисола «Дар сурати тҳатаи (қаторовозҳо) рогҳо ва рогниҳо», ин идомаю такмили масоили боби дуввум буда, бештар дидгоҳи муқоисавӣ, усули дақиқи эҷоди қаторо-возҳои рогу рогниҳост. Дар ин боб ҳам муаллиф бештар ба суратомӯзишу эҷоди қаторовозҳо дар соз (танбӯр) шарҳу тавзеҳ медиҳад. Дар асоси танбӯри ҳиндӣ муаллиф тартиби истихроҷи овозхоро муайян намуда, гоҳ-гоҳе аз баёни тартиби эҷоди қаторовозҳои мақомҳо дар танбӯр (ҳиндӣ) ҳам нуктаҳои ҷолибе меорад.

Боби чаҳорум «Дар навохтани ҳар кадом аз рогҳо ва рогниҳо дар танбӯр» ном дошта, нигорандаи рисола бештар ба усул, равишҳои иҷроии рогу рогниҳо дар танбӯри ҳиндӣ таваҷҷуҳ намуда, назари устодони мусиқиро хулоса кардааст.

«Дастур» Агарчанде ҳаҷман хурд ва усулан моҳияти дастурӣ, омӯзиши асосҳои ибтидоии навохтани рогу рогниҳо, лек чун аз сарчашмаҳои нодири хаттӣ роҷеъ ба тафаккури иҷроии созҳо дар ҳавзаҳои фарҳангии ҳинд аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мероси мусиқии ҳиндӣ ба забони дарӣ, Кобул, 2004;
  • Дастур-ун-нағам, захираҳои хаттии Берлин, ш. 34/3;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1,Душ., 1988.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 61 - 60 ISBN 978-99947-49-13-3